ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АФСОНАИ КУҲНА

АФСОНАИ КУҲНА

11 август 2023, Ҷумъа
17
0

 
Дар шифти хонаи ӯ нони хушкидаву қадимае овезон. Нигоҳи чашмони обрави кампир меравад ҳар рӯз ҷониби он.
Аслан, дар хонаҳои мардуми кӯҳистон чунин нони овезонро бубинанду ба хулосае расанд, ки нишони солҳои ҷанг аст, зеро он солҳо ҷавонмардоне, ки ба набард мерафтанд, аз гӯшаи нони бутун мегазиданд. Нони бозмонда, яъне насибаи нохӯрда аз майдони набардҳои хунин бармегардонда онҳоро. Сиҳату саломат мерасонда пеши азизон. Кас нону насибаи худашро то охир намехӯрда, намемурда, яъне чунин ақида роиҷ буда миёни мардум. Аз ин сабаб, аҳли хонадон, ҳатто аз гуруснагӣ ба мурдан наздик шаванд ҳам, намегирифтаанду намехӯрданд нони дар шифт овезонро. Барои ҳамин «нону насиба» гуфтаанд. Аммо чи қадар ҷавонмардон ба майдони разм рафтаву барнагаштаанд. Насибаи онҳо, яъне нони як бараш газидаву хӯрдаи онҳо ҳайрону овезон монда дар шифти хонаҳо.
Нони шифти хонаи кампир ҳикояте дигар дорад. Ин нон ба хотири кампир воқеаро меорад, ки аз он солҳо гузашта. Яъне, фарзандонаш аз дастархони пури падарашон нони серӣ нахӯрданд, зеро марди хонадонро марг рабуда. Зан монда буд бо ду фарзанд. Бори рӯзгор ба гардани беваю бечорагии худаш фитода буд. Кунун рӯзҳои дароз кори мардуми молдор ва ҳолдор мекарда, азобу машаққат мекашида.
Солҳои қаҳтӣ будаву қиматӣ. Болои ин хушксолиҳо омада, гандум кам рӯида, нон камчин шуда буд. Аз ин рӯ, модар шабу рӯз заҳмат мекашиду вале шиками бачаҳояш сери сер намешуд.
Ҳафтае як бор дар хонаи ҳамсоя нон ҳам мепухт, зеро ҳамсоя одами доранда буд. Меҳмонони олиқадрро қабулу гусел мекард. Ба хонаи сердарову сербарои вай нони бисёртар лозим мешуд. Зани танҳо ин ҷо нонпазиро ба охир расондаву барои он ки бачаҳояш аз гуруснагӣ намиранд, чашми соҳибаи хона ва касони ин ҷо бударо хато намуда, як нони аз танӯр кандаро таги курта мезад, медавид сӯи хона.
Нони сӯзон амсоли оҳани тафта ба баданаш расад ҳам, фиғон намекашид, то асрор ҳувайдо нашаваду аз як «ҷои корӣ» намонад. Рӯзе дар чунин ҳол пайдо шуд зани катхудои доро.
Зан чашмонашро, ки пур аз ҳарос буд, аз катбону намеканд. Охир соҳибхона нондуздиро фаҳмаду аз даргоҳаш биронад, дигар ин ҷо роҳ надиҳад, дар натиҷа фарзандони бева аз як пора қути лоямут маҳруму бенасиб бимонанд ва ҳолашон табоҳтар гардад.
Зани хӯҷаин талвосаи ӯро ҳис накард, балки сабади пур аз нони балаззати хушбӯйро бардошту рафтанӣ шуд.  Даҳ-понздаҳ қадам гузошту гӯё чизе ба хотираш расид. Қафо тоб хӯрд, ба зан назар кард. Рангу рӯи зани ночор аз аввала бештар канд. Ба назараш мерасид, нони чанд лаҳза пеш аз танӯр канда пӯсташро месӯзонд, кам-кам бӯи сӯхта берун мезад, сири ниҳон дар ҳоли ошкоршавӣ буд. 
Зани хӯҷаин ин лаҳза изҳор дошт:
- Ҳаққи хизмати ту аз ёдам баромадаст. Ма-а, бигир!
Зани хӯҷаин аз сабади пурнон якеро, ки гулзадаву вағида буд, бардошт, тарафи бева дароз кард.
Зан нонро гирифту бо овози хираи нимшунавои дардоганда сипосгузорӣ изҳор кард.
Зани хӯҷаин тамоми ин муддат, шояд бори нахуст, ба тани ларзон, ба қиёфаи даргирифтаи бева таваҷҷуҳ намуду гуфт:
- Ба ту ҳам мушкил. Як худату ду фарзанди нонхӯр. Боз дар ин замони гуруснагию қаҳтӣ…- як нони дигар гирифту розиву норозӣ дод.
Катбону рафту ба хонааш ворид шуд. Зани дардкашида нафаси тоза аз ҳаёт кашид. Давон-давон ба хона расид. Нонҳои рӯи даст ва нони зери пироҳан нуҳуфтаашро гирифт. Шуст, пуф кард ва пеши тифлонаш гузошт. Мисли парандае, ки луқмае ораду пеши чӯҷаҳо гузорад.  
Баъдан гузашт он солҳои вазнин. Замонаҳо дигар шуд. Даврони сериву пурӣ расид. Акнун ду писари зан мардони калон ва фарзанддор буданд. Даромади якрӯзаи онҳо ба он қадар нону орд мерасид, ки барои зиндагии якмоҳаи хонадони азим кифоят мекард.
Модари пиршуда дар ҳалқаи набераҳо нишаста, ба андеша мерафт, баъзан саргузашти пуршӯри гузаштаро ёд меовард. Махсусан, саргузаште, ки вобастаи нон буд ва онро нақл кардан мехост барои аберагону наберагонаш. Ӯ медонист, ки қиссаи воқеӣ аз нон барои пайвандони хурдсолаш афсона метофт. Фасонае, ки куҳна шуда. Балки кайҳо куҳна шудаву дигар аз гуфтанаш ҳамаро ханда гирад.
Агар аввалҳо танҳо бӯи сӯхтаи нон ва тани наҳифи зан ба машом мерасид, ҳоло бӯи дили сӯхта олам мегирифт. Дили кампир оташ мегирифт, агар фарзандону наберагон нонро беқадр кунанд, аз сахтиву камобии нон шиква баранд, нони сахтро ҳавола диҳанд, қадри нон нашносанд. 
Ин кӯдакони ширхора аз куҷо донанд, ки барои ноне пиразан замоне худро ба оташ мезада, фиғони сӯзиши нонро фурӯ мебурда.

ЧАШМИ МОДАР
Аз хобгоҳи зоишгоҳ дояи ҷавон кӯдакеро сари даст гирифта, ба ҳуҷрае (палата) бурд, назди кате қарор гирифт, ки болояш зани беҳоли нобино хобида буд. 
Модарро гиряи тифлак ба худ овард. Сар бардошта, бо хавотир бо чашмони нобино ба атроф нигаристан хост. 
Доя кӯдакро тарафи вай дароз кард.
- Кӯдакатонро гиред!
Ӯ нимхез шуд, аммо тарафи бача даст наовард.
Доя боз таъкид кард:
- Шир диҳед ба ин тифлаки ширин!
Модар бо қиёфаи пурташвиш ниҳоят тарафи бача даст ёзонд, бо панҷаҳояш сару рӯи вайро палмосид, аммо бачаро нагирифт, дастонро қафо кашиду хавотириаш афзун шуд.
Доя бори дигар таъкид намуд: 
- О чаро тифлакро намегиред?
Модар хавотиромез савол дод:
- Бачи ман ку? Ба вай чӣ шу-уд-а? - овозаш ларза пайдо кард.
Доя, ки ҳайрон ба модар менигарист, ба қаҳр омад ва «ҳамин бачаи худатон!» гуфта таъкид варзид.
- Дурӯғ! - рад кард ӯ. - Бачи ман не!
Қаҳри доя афзуд:
- Ман кӯр не! Мебинам-ку! Бачи худатон! Оё ман кӯрам, ки намебинам?
- Маро фиреб дода наметавонӣ, - изҳор намуд модари нобино: 
- Дуруст, ки ман чашм надорам, олами рӯшана дида наметавонам, вале фарзанди худро дида метавонам.
Қаҳри доя болотар хеста буд ва шубҳаи дилаш, ҳамчунин: «Агар ман бо ду чашми бино фарзанди туро нашнохта бошам, пас ту чӣ тавр биниву шиносӣ бо чашми оҷизат, пас беҳуда нозу шаттоҳӣ накун!»
Дар ин ҳангом аз ҳуҷраи дигар фиғони зане ба гӯш омад:
- Барои чӣ фарзанди каси дигарро овардед? Бачи худи ман ку? Ба вай чӣ шуд? Бачаи худама биёред. Охир вай дар банди дилаш ду хол дошт!
Ранги доя тағйир ёфт.
Зани палатаи дигар, ки чашми ҳамабин дошт, таъкид мекард: 
- Бачи худамро оваред. Чаро бачаи каси дигарро овардед ба ман? О, кӯдаки ман дар пештанааш ду хол до-ошт!
Доя, ки дар палатаи дигар, паҳлуи кати зани оҷиз меистод, парпечи кӯдаки дасташро баркушоду ду хол дид дар пештанааш. Пас ин тифл ба занаки биночашм дахл дорад, ки овозаш меояд аз ҳуҷраи паҳлу.
Доя акнун донист, ки хато карда.
Кебида кӯдакро бурд ва супурд ба модараш. Бачаи зани оҷизро гирифту баргашт. Зани нобино парида бархесту ҳамоно чанг зада, тифлакро аз дастони доя гирифт, ба қафаси сина пахш кард. Чашмони модар лаҳзае гӯё равшан шуд.
- Ана инаш фарзанди ман! – такрор дошт бо шодмонӣ. - Ана инаш фарзанди ман! 
Бале, фарзанди худро бишносанд модарон мудом, ҳарчанд нобино ҳам бошанд. Балки модар фарзанди худро бубинад бо чашми дил.

Шераки ОРИЁН, 
барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

Санаи нашр: 09.08.2023 №: 160 - 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив