ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

11 август 2023, Ҷумъа
48
0


ҚАДБАЛАНДТАРИН ОДАМИ ДУНЁ ДАР ТОҶИКИСТОН
Султон Кёсен 10 декабри соли 1982 дар Туркия ба дунё омадааст. Ӯ айни замон   қадбаландтарин шахси сайёра маҳсуб мешавад. Султон  Кёсен бо қади 2 метру 51-сантиметрааш  ду маротиба шомили Китоби рекордҳои Гиннесс  шудааст. 
Ӯ 27 июл ба шаҳри Душанбе  омад ва гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистонро тамошо кард. 
 
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА

ДАЛЕЛҲО ДАР БОРАИ КОИНОТ

ОЁ МЕДОНЕД, САЙЁРАИ МЕРКУРИЙ ДУМ ДОРАД?

1. Бисёр одамон медонанд, ки кометаҳо дум доранд. Аммо оё шумо ягон бор дар бораи сайёраи думдор шунидаед? Дар паси Меркурий изи атомҳои натрий мавҷуд аст, ки шамоли офтобӣ аз сатҳи сайёра дур мешавад. Аз паҳлу он ба дум монанд аст, ки хоси комета мебошад. Дидани он осон нест: барои ин шумо бояд бо телескоп ва филтри махсус акси дурудароз кашед.
2. Коинот васеъ шуда галактикаҳо аз якдигар дур мешаванд. Шояд рӯзе расад, ки тамаддунҳои оянда дигар осмони шаби комилан торики беситораро бубинанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ  шабҳои пурситораеро, ки мо ҳоло мебинем, шояд дида натавонанд.

Таҳияи Кароматулло АТО

ҲУКМИ ҚАТЛ БАРОИ ХОБ

АЗ ҚОНУНҲОИ БУЛАҶАБИ КОРЕЯИ ШИМОЛӢ

1. Агар мабодо хонаи шумо оташ гирад, бояд аввал аксҳои шахсони мансабдорро аз хона бароред ва баъдан худу аъзои оилаатонро. Аксҳои шахсони мансабдорро дар хона доштан ҳатмӣ мебошад. Рафту агар худро наҷот додеду аксҳоро не, пас ба шуморо ҳукми қатл дода мешавад.
2. Иштирок дар интихобот ҳатмӣ мебошад ва дар он фақат як номзад аст, Ким Чен Ин. Агар рафту иштирок накардед, ҳукми қатл мегиред.
3. Агар дар ҳузури Президенти кишвар Ким Чен Ин мабодо шуморо хоб барад, ҳукми қатл мегиред. Барои мисол, вазири мудофиаи ин кишвар бо сабаби хоб рафтан дар назди Ким Чен Ин ҳукми қатл гирифта, тариқи яроқи авиатсионӣ парронда шуда буд.

Таҳияи Кароматулло АТО


РУБРИКАИ НАВ!
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
"МОНА ЛИЗА"-РО ЧӢ МАШҲУР КАРД?

 Расми “Мона Лиза”-и Леонардо да Винчи, ки онро ба забони фаронсавӣ “Ҷиоконда” мегӯянд, яке аз машҳуртарин ёдгории санъати рассомист. Он дар осорхонаи Луври Фаронса нигоҳ дошта мешавад, ки ҳамасола беш аз 10 миллион сайёҳ аз он дидан мекунад. 
“Мона Лиза” асроромезтарин асари санъат аст, ки  мутахассисон то ҳол маънои онро мекушоянд. Тааҷҷубовар аст, ки “Мона Лиза” пас аз рабуда шуданаш соли 1911 маъруфият пайдо кард. Онро корманди осорхона Винчезо Перуджаи итолиёвӣ, бо мақсади ба ватани таърихии худ баргардондани расм, рабудааст.   Пас аз ду сол шоҳасар дар Италия пайдо гашта,   фавран ба Париж баргардонда шуд.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ

 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
КАФОЛАТ
Дар назди шефи бонк:
– Шумо бо кадом ақлатон ба мӯйсафеди 93-сола 30 ҳазор доллар қарз додед, ақаллан соҳибонаш ҷавонтар буданд охир? 
– Не, шеф, бародари калониаш кафолат дод. 

Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ИНСОНИЯТ  ВА ҒАЙРИ ОН
(масал)
Дар як деҳаи хурд пирамарди танҳои кару нобино зиндагӣ мекард.
Бо гузашти айём хеле заиф шуд. Чанд муддат дар курсии назди хонааш нишаст. Саҳар ҳамсояҳо ӯро берун оварда, бегоҳ ба хона медароварданд.
Давоми рӯз ба мӯйсафед касе чандон эътибор намедод.
Боре охири тирамоҳ аз назди мӯйсафед мусофире гузашт, ки меҳмони тасодуфи деҳа буд. Мусофир ба пирамард як нигаристу бозистод. Каме андеша карда, оҳ кашид, палтои гармашро кашида, ба китфи пирамарди зоҳиран хоболуд партофт. Вақте дастони пирамарди нобино аз ларзиш монданд, вай сар аз замин бардошт ва гуфт: “Ташаккур ба шумо, ки маро ҳамчун одам дидед”.
Андарз: Чанд маротиба мо аз назди одамон мегузарем, бегона ё ошно, аз болояшон қадам мезанем, гӯё дар онҳо ҳеҷ чизи одамиро намебинем. Вале одамоне, ки мо онҳоро чизе намешуморем, шояд инсондӯсттарин, арзандатарин бошанд.

Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ


«ТАНИ ТАНҲО ДАР ХОНА»
Сердаромадтарин филми мазҳакавӣ

Филми мазҳакавии солинавии «Тани танҳо дар хона» (коргардон Крис Коламбус, соли 1990, ИМА), ки дар он нақши асосиро Маколей Калкин мебозад, дар таърихи синамои ҷаҳонӣ ҳамчун сердаромадтарин филми тамоми давру замонҳо эътироф шуда, ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид гардидааст.  
Шоҳкории коргардон Крис Коламбус бо буҷети 18 миллион доллари ИМА, дар намоиши ҷаҳонӣ 476,7 миллион доллар ҷамъ овард. Тавре таъкид мешавад, дар баробари ин, филм ҳар сол дар арафаи соли нави милодӣ дар шабакаҳои телевизионии кишварҳои гуногуни олам нишон дода мешавад, ки дар натиҷа, даромади он сол ба сол меафзояд. 
Мувофиқи маълумотҳо, ҳақмузди Маколей Калкин барои иҷрои  нақши асосӣ 100 ҳазор долларро ташкил дод.     

Таҳияи Ш. ШОКИР


ХУРДСОЛТАРИН УЗВИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

Муҳаммад Асадзода, ки 2 солу 10 моҳ дорад, соҳиби корти хонандагии Китобхонаи миллӣ шуд. Ӯро холааш Фариштамоҳ ҳамроҳӣ намуд.
Холааш мегӯяд, ки вай ҳоло ҳеч ҳарферо намешиносад, фақат завқаш  ба суратҳои дохили китоб ва гӯшаш ба мо аст, ки аз он барояш чи мегӯем. Ба андешаи Фариштамоҳ,  ба китобхона ворид шудани ин хонандаи хурдакак дар оянда барои китобхон шуданаш таъсиргузор хоҳад буд.  

Таҳияи Лола РИЗОӢ


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ АЗ ҲАЁТИ ИСҲОҚ НЮТОН

Олими оянда дар айёми кӯдакӣ сохтани бозичаҳои механикиро дӯст медошт. Шояд, маҳз ҳамин ба ӯ имконият дод, ки минбаъд се қонуни асосии механикаро тавзеҳ диҳад.
* * *
Галилей, Кеплер ва Декартро Исҳоқ Нютон бузургтарин одамони таърих медонист.
* * *
Ба ғайр аз қонуни ҷозибаи ҷаҳонӣ  боз иктишофоти  дигаре низ  анҷом додааст. Ҳамин тавр, маҳз Нютон тавассути таҷрибаҳо исбот кард, ки ранги сафед омехтаи рангҳои дигар аст.

Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ

ГУЛИ 200 000-ДОЛЛАРА

Гули аз ҳама қиматтарини хонагиро, ки исми лотиниаш Shenzhen Nongke мебошад, дар Чин парвариш менамоянд. Ранги он сабзи зардча буда, баргҳои миёнааш нақшу нигори аҷиби сурх доранд. Бӯи хушаш тамоми манзилро фаро гирифта, то дер гоҳ дар фазои кошона боқӣ мемонад. Shenzhen Nongke дар панҷ сол як маротиба гул мекунад. Бинобар хеле нозук будан, парваришаш низ, заҳмати зиёдро металабад. Вале, сарфи назар аз ин, касоне ёфт мешаванд, ки ин гулро бо нархи гарон мехаранд ва дар парваришаш камари ҳиммат мебанданд. Айни замон нархи як дона гули орхидея дар музоядаҳои ҷаҳонӣ то ҳудуди 200 000 доллари амрикоӣ дакка мехӯрад. 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


36 ҲАЗОР ДОЛЛАР АРЗИШИ ТОБУТ
Дар Куала-Лумпур қиматтарин тобут дар ҷаҳонро ба фурӯш гузоштанд. Онҳое, ки мехоҳанд ба дунёи дигар дар чунин саркофагҳои боҳашамат бираванд, бояд пеш аз маргашон беш аз 36 ҳазор доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунанд.

Таҳияи Носир АБДУЛҲАҚОВ


ДУ БАЙТ       
Ин мавҷҳо, ки гардани даъвӣ кашидаанд,
Баҳри ҳақиқатанд, агар сар фуру кунанд.
                                      * * *
Балоғат дар сухан донӣ чӣ бошад?
Каломи андаку маънии бисёр.

Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ


АСБЕСТ
ДАР ОБ ҒАРҚ НАМЕШАВАД ВА ДАР ОТАШ НАМЕСӮЗАД
Тоҷикистон дорои захираҳои азими канданиҳои фоиданок аст, ки ҳамчун сарчашмаи боэътимоди ашёи хом метавонанд хидмат кунанд. Яке аз онҳо асбест мебошад, ки кони он дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавҷуд аст.
Асбест– минерали нахдор буда, ба торҳои борику мустаҳкам ҷудо мешавад. Он ба кислота тобовар буда, дар об ғарқ намешавад ва дар оташ намесӯзад. Матоъҳои аз асбест омодашуда дар соҳаҳои гуногуни саноат, мушаксозӣ, кайҳоннавардӣ ва саноати барқ, либос барои оташхомӯшкунандагон истифода мешаванд. 

Таҳияи Лутфияи АБУТОЛИБ


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
Ҷаҳони мо сирри беканор дорад. Ҳар рӯз мо метавонем бисёр чизҳоро омӯзем!
Ба шумо чанд далели ҷолибро дар бораи сайёра ва одамоне пешниҳод мекунем, ки шояд қаблан намедонистед.

1. Дороиҳои се оилаи сарватманди ҷаҳон аз дороии 48 кишвари фақир бештар аст.
2. Нисфи аҳолии ҷаҳон (ва аз рӯи баъзе ҳисобҳо, аз се ду ҳисса) ҳеҷ гоҳ барфро надидаанд.
3. Хушктарин макони рӯи Замин Антарктида аст. Ҳарчанд аҷиб менамояд, вале дар қисматҳои водии Мак-Мюрдои Антарктида муддати 2 миллион сол борон наборидааст.

Таҳияи У. САФАРАЛӢ

СУХАНОНИ КӮТОҲ
Донишманд касест, ки чизи муҳимро медонад, на бисёрро.
* * *
Ба як олими воқеӣ як соат ҳарф задан беҳтар аз даҳ сол мутолиа мебошад.
* * *
Инсон бояд аз ҳар ҷиҳат – чи зоҳир ва чи ботин зебю ороста бошад.
* * *
Ҳар гоҳ дар зиндагӣ ба як дари бузург, ки як қуфли бузург ҳам дорад, расидӣ, натарс ва ноумед машав, зеро агар қарор буд дар боз нашавад, ҷойи он як девор месохтанд. 
* * *
Агар дар нахустин қадам муваффақият насиби мо мешуд, саъю амал дигар маънӣ надошт.

Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ

ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ САРҚОНУН

Сарқонуни ИМА яке аз қадимтарин конститутсияҳои мавҷуда мебошад, ки 220 сол пеш қабул гардидааст. Аммо он ба таври рекордӣ кӯтоҳтарин буда, аз 4,4 ҳазор калима иборат аст. Ҷолиб ин аст, ки дар сарқонуни ИМА калимаи  “демократия” зикр нашудааст.

* * *                                            
Қонуни асосии Миср як бахши том дорад, ки ба матбуот бахшида шудааст. Сарқонун озодии расонаҳоро кафолат дода, мусодира ва бастани рӯзномаҳоро манъ мекунад. Дар ҳуҷҷат матбуот ҳамчун чорумин “ҳокимияти мустақили халқӣ” муайян гардидааст.

* * *                                            
Дар Коста-Рика 8 маротиба конститутсия қабул шудааст. Охирин соли 1949 эътибор пайдо кард ва дар он як нуқтаи ҷолиб дар мавриди интихоби сарвари давлат вуҷуд дорад: агар номзадҳо ба мақоми президентӣ шумораи баробари овозҳоро ба даст оранд, бартарият ба шахси куҳансолтар дода мешавад.                                                                   

Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА


ЗИНДОНҲОИ ТАРБИЯТГАР
ЧЕТУМАЛ
ЗИНДОНЕ, КИ ҶИНОЯТКОРОНИ ХАТАРНОКРО МАЪРИФАТ МЕОМӮЗАД

Четумал яке аз зиндонҳои мутамаддин дар Мексика аст, ки дар он маҳбусон ба бозомӯзии пайваста фаро гирифта мешаванд. Дар баробари ин, миёни маҳкумшудаҳо мусобиқа оид ба бокс ба роҳ монда мешавад. 
Ҳарчанд дар ин муассисаи ислоҳӣ ҷинояткорони ашаддӣ ё хатарнок, аз ҷумла ғоратгарону нашъаҷаллобон, адои ҷазо мекунанд, вале дар зарфи 10 соли охир, ягон ҳодисаи зӯроварӣ нисбат ба якдигар сабт нашудааст. Илова ба чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ, зиндониёни ин маҳбас ба истеҳсоли молҳои гуногун ҷалб гардида, ҳар як маҳбус имкон дорад, дар ҳуҷраи сукунатии худ телевизиору радио ва дигар воситаҳои пахши мусиқӣ дошта бошад. 

Таҳияи Файёз ФИРӮЗ


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ҚАСОС
Субҳи содиқ як корманди бонк нолишкунон аз дари беморхона даромада, хоҳиш мекунад, ки дандони дардмандашро канда партоянд. Духтур ҳам як «укол»-и баҷоӣ кардаву якбора се дандони бонкдорро меканад. Баъди лаҳзае вақте бемор ба худ меояду пеши даҳонашро қариб холӣ мебинад, бо ғазаб ба сари духтур дод мезанад:
– Ман фақат яктояшро гуфтам, наход маро напурсида, ба ҷойи як дандон се дандонро канда партоӣ?!
– Ман ҳам рафиқ бонкир аз шумо фақат пули як хона қарз гирифта будам. Шумо ҳам ба ҷойи як хона пули се хонаро кашида гирифтед-ку. 

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ҚАДРИ ЗАН
Марде дар маҷлисе гуфт:
– Зан мисли кафш аст. Ҳар вақт куҳна шуд, мешавад онро бо кафши нав иваз намуд!
Ҳакиме дар он миён нишаста буд, гуфт:
– Ҳарфи ин мард комилан дуруст аст!
Барои марде, ки худро дар ҳадди по бидонад, зан ҳамчун кафш аст. Аммо барои  марде, ки худро чун подшоҳ бидонад, зан ҳамчун тоҷ аст!

Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


БАРҚИ ЧӮБӢ

Агар мағзи чӯбро (древесинаро) фишор диҳед ва баъдан ба ҳолати аввала баргардонед, вай дар ҳаҷми хеле паст ҳам бошад ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад.
Олимони Швейтсария соли 2021 чанд озмоиш гузаронда, тавонистанд, ки мағзи чӯбро ба минигенератор мубаддал намоянд. Таҳқиқгарон таркиби кимиёии мағзи чӯбро тағйир доданд. Сипас, дар вай омезиши перекиси водород ва кислотаи атсетатро ҷойгир карда, яке аз қисматҳои пӯсти мағзи чӯбро маҳлул намуданд ва танҳо селлюлозро гузоштанду халос. Дар натиҷа, мағзи чӯб ба исфанҷ (губка) мубаддал шуд, ки ҳангоми фишордиҳӣ ихтиёран ба шакли аввалааш баргашт.
Тибқи гуфтаи олимон, ин гуна исфанҷ ҷараёни электрикиро нисбат ба чӯби муқаррарӣ 85 маротиба бештар таҳрик менамояд.
Олимон маълум намуданд, ки энергияи 30 адад чӯби дарозиаш 1,5-сантиметра барои бо барқ таъмин кардани ЖК-дисплейҳо кофист.

Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ

Санаи нашр: 11.08.2023 №: 162
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив