ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУҲАББАТ. АВВАЛИН ДАРСИ МОДАР БА ФАРЗАНД

МУҲАББАТ. АВВАЛИН ДАРСИ МОДАР БА ФАРЗАНД

14 август 2023, Душанбе
53
0
 
Кӯдак ҳанӯз таваллуд нашуда, дар фикру хаёл ва интизориҳои модар, аллакай, хислатҳои муайян ва қобилиятҳои ӯ шакл мегиранд. Аввалин чизе, ки модар ба фарзанд медиҳад, муҳаббат аст. Бо муҳаббат ва шуури олии зиндагӣ модари гиромӣ дар тарбияи фарзанд нақши созанда мегузорад.
Нигина Азизова, аз зумраи чунин модаронест, ки барои тарбия ва пешрафти фарзандон талош меварзад. Дар фарзанд дида тавонистани истеъдоди фавқулода ва онро сайқал додан, аз бузургиҳои модар аст. Маҳз ин қобилияти Нигина фарзандони ӯро муваффақ гардонд. Фараҳноз Қурбонмамадова, духтари 19-солааш имрӯз дорандаи чандин мукофоти давлатию байналмилалӣ буда, аз ҷумла дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ҷойи аввалро соҳиб гашт. Муваффақияти худро Фараҳноз ба дастгирӣ ва талошҳои пайвастаи модари азиз вобаста медонад.
Фараҳноз аз хурдӣ ба мусиқӣ, хусусан мусиқии классикӣ, зиёд шавқ дошта, бо роҳнамоии модар аз 6-солагӣ дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии махсуси мусиқӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ таҳсил дид ва омӯзиш дар ин даргоҳи ҳунар ба ӯ имкон дод, то нозукиҳои касбро омӯзад. Пианино (фортепиано) ба худ муносибати хос ва омӯзиши тулонӣ металабад. Ба ин нигоҳ накарда, Фараҳноз тамоми ҷузъиёти ин асбоб ва дар маҷмуъ, санъати мусиқиро омӯхт. Вақте ӯ аз роҳи тайкарда дар ҷодаи мусиқӣ нақл мекунад, нахуст, аз заҳмат ва талошҳои модар мегӯяд, ки чӣ гуна дар бартарафсозии душвориҳо ва бардошти он ёрирасон буд. Лаҳзаеро ёд овард Фараҳноз: «Ҳар бори ба саҳна баромадан маро ҳаяҷон фаро мегирад, ҳарчанд лаҳзаи ист рӯйи саҳна хеле кам аст: бо салом додан ва таъзим овардан ба аҳли толор рӯйи асбоби мусиқӣ нишастам. Бо худ зиёд кор кардам ва аз маслиҳати равоншинос низ гузаштам, то бар ҳаяҷонам ғолиб оям. Вале…
Ягона касе, ки маро оромӣ мебахшад ва ман дар саҳна худро озод ҳис мекунам, модарам аст. Ҳоло ҳам, вақте ӯро дар толор миёни меҳмонон ва дӯстдорони санъат мебинам, худро ором эҳсос мекунам. Инро дар яке аз намоишҳои ҳунарӣ хуб дарк кардам, ки то кадом андоза ҳузури модари азиз дар толор бароям неру мебахшад. Рӯйи саҳна сар бардошта, ба аҳли толор менигарам, ӯ бо табассум сӯям даст меафшонад, даступохӯрда намешавам».
Хотираи дигарро низ нақл кард, ки чӣ тавр модари ғамхору меҳрубон барои ҳамоҳангсозии ангуштони дастонаш кӯшиш кард, то ӯ тавонад асбоби мусиқӣ бинавозад, зеро барои иҷрои оҳанге дар фортепиано ангуштони махсус лозим буда, танҳо бо анҷом додани ҳар гуна тамрину машқҳо ба мақсад расидан мумкин аст, маҳз модар мураббии нахустини ӯ буд.
Барои Фараҳноз модар – дӯст, роҳнамо, роҳкушо ва дастгир мебошад. Ӯ аз роҳе, ки модар барояш интихоб кард, сипосгузор аст. Албатта, дар пешрафти ӯ падар низ саҳми беандоза дорад, чунки падар такягоҳи ӯст. Вале модар дар тарбия ва мафкурасозии фарзанд саҳми бештар дорад, чун бо ӯ зиёдтар вақт мегузаронад. Ин ҷо суханони Сухомлинскийро овардан баҷост: «Мард ганҷ аст. Мард – падар такягоҳ ва пушту паноҳ аст, вале, зан – модар бояд донотар бошад, зеро ӯ рисолати давом додани насли башар ва масъулияти нигоҳ доштан ва афзудани боигарии маънавии инсониро бар дӯш дорад». 
Модари Фараҳноз Нигина Азизова мегӯяд, ки муҳимтарин ва мушкилтарин вазифаи ҳаёти модар тарбияи шоистаи фарзанд аст, ки фикр мекунам онро бо сари баланд иҷро карда истодаам. Барои ба воя расондани фарзанди шоиста танҳо дӯст доштани ӯ кифоя нест, аз ин рӯ, модарон баъзан сахтгир мешаванд ва дар мавридҳои зарурӣ ҷазо додан ҳам дуруст аст. 
Маҳз соҳибмаърифатӣ ва ҷасурию далерии Нигина Азизова буд, ки фарзанди ӯ душвориҳои дар роҳи эҷод пешомадаро ба осонӣ паси сар кард. Ҳар наврас, албатта, марҳилаи гузариши синнусолӣ дорад ба Фараҳноз низ ин давра сахт таъсир гузошт. Ӯ, ҳатто, мехост аз санъати мусиқӣ, хосса навохтани фортепиано, пурра даст кашад. Аммо дар ин лаҳзаҳои душвор боз ҳам таъсир гузошта тавонистани модар ба фарзанд: бо муоширати дуруст, меҳрубонӣ, устуворӣ ва баъзан сахтгириҳо боло гирифт. Устодон ва омӯзгорон дар санъати мусиқӣ – Елена Трафимовна ва Дилбар Ҳакимова низ ҳамчун модар ва мутахассиси ботаҷриба дар тарбия ва пешрафти Фараҳноз саҳмгузоранд.
 Ҳамин тавр, Фараҳноз бо дастгирии волидайн, хусусан дуои модари гиромӣ, ки ҳамеша ӯро ҳамроҳ аст, дар санъати мусиқӣ ба муваффақиятҳои калон расид. Соли 2018 низ иштирок ва ғолибият дар фестивали ҷумҳуриявии «Сапеда» насиби Фараҳноз гашта буд. Дар соли 2019 ин духтари ҷавону боистеъдоди тоҷик дар 14-умин Фестивали байналмилалии «Бозиҳои делфин»-и кишварҳои ИДМ ҷойи аввалро ишғол намуд. Озмунҳои байналмилалии «Cantabile» дар Туркия ва «Worldoftalents» дар Олмон аз озмунҳои мусиқавии ҷаҳон ба ҳисоб мераванд, ки дар он ҷавонони ҳунарманд беҳтарин маҳорату истеъдоди худро муаррифӣ месозанд. Фараҳноз Қурбонмамадова ҳамчун намоянда аз Тоҷикистон тавонист дар ин озмунҳо ширкат варзида, ҷойҳои аввалро соҳиб ва ифтихори падару модар ва Ватани азизамон гардид. 
Ҳоло Фараҳноз донишҷӯи курси 3 Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов буда, оғоз аз соли хониши 2023 омӯзгории ин мактаби бузурги санъатро ба зимма хоҳад гирифт.
Бурди Нигина Азизова ҳамчун модар дар тарбияи фарзанд он аст, ки бо пешрафти замон худ ҳамвора пеш меравад. Ӯ айни замон омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Душанбе мебошад. Муошират бо наврасонро хуб медонад ва аз вазъи равонии онҳо бохабар аст, тарбияи дурусти фарзанди хеш бо мақсади рушди ҳамаҷониба барояш мушкил нест.                                                                               
– Бисёриҳо фикр мекунанд, ки кӯдак ба дунё овардан ва модар шудан, як чиз аст. Мисле, ки пианино доштан ва пианинонавоз будан як аст. Аммо ин тавр нест. Модар дар тарбияи фарзанд меҳнати бузурги маънавӣ ва ҷисмонӣ менамояд, ки он тамоми умр давом меёбад. Ин эҳсоси комилан дигар аст, вақте фарзанди бо умед парвардаат комёб мешавад. Ҳис мекунам, ки як кори хеле муҳим, хеле зебо ва олиҷаноб анҷом додам. Аз ин рӯ, маро ифтихор фаро мегирад ва ба назарам, акнун худро эҳтиром карда метавонам. Магар ин лаҳзаҳои хурсандибахши ҳаёти зане нест, ки муҳимтарин вазифаи ҳаёти худро ба ҷо овардааст?! – бо хушнудӣ мегӯяд Нигина Азизова. 
Ҳоло аҳли хонаводаи модари арҷманд Нигина Азизова аз ранҷу талошҳои бомуваффақи ӯ дар тарбияи фарзанд баҳра мебардоранд. Фараҳноз, дар навбати худ, баҳри фатҳи қуллаҳои аз ин ҳам баландтар дар санъати мусиқӣ мекӯшад. Барои расидан ба мақсадҳо навохтани фортепиано низ, ба ӯ хеле ёрӣ мерасонад, зеро ин асбоби мусиқӣ қобилияти беназири майнаро инкишоф дода, тафаккури мантиқӣ ва азхудкунии иттилооти навро васеъ мегардонад. Яъне, модар дар роҳнамоии фарзанд ва баъзан интихоби роҳи зиндагӣ тамоми ҷузъиётро ба инобат мегирад, ки  хато накардааст. 
Муваффақияту комёбиҳои чунин занону модарон имрӯзҳо аз ғамхорӣ ва дастгириҳои давлату Ҳукумат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат медиҳанд, ки ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва тарбияи шоистаи фарзандон аз ҷониби онҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд. Хоҳарону модарони мо имрӯз бо маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз талоши зиёд доранд, зеро онҳо хуб дарк мекунанд, ки модар ба фарзанд худшиносу худогоҳ буданро меомӯзонад.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.08.2023 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив