ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТУРИЗМ ВА ИМКОНОТИ РУШДИ ОН. АЗ АРЗЁБИИ МУСБАТИ ХОРИҶИЁН ТО ФОРИҒБОЛИИ МО»

«ТУРИЗМ ВА ИМКОНОТИ РУШДИ ОН. АЗ АРЗЁБИИ МУСБАТИ ХОРИҶИЁН ТО ФОРИҒБОЛИИ МО»

16 август 2023, Чоршанбе
54
0
Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Комрон Сафар таҳти унвони  «Туризм ва имконоти рушди он. Аз арзёбии мусбати хориҷиён то фориғболии мо» («Ҷумҳурият», 11 январи соли 2023, № 15) мавриди омӯзиш қарор гирифт.
 
Бояд гуфт, ки масъалаҳои дар мақола инъикосёфта саривақтӣ буда, ҳалли онҳо дар доираи нақшаву барномаҳои соҳаи сайёҳии кишвар амалӣ мегарданд. Тавре дар мақола зикр мешавад, кишвари мо дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил гашта, дар ҷаҳон эътироф шудааст. Вале ба таври зарурӣ тарғибу ташвиқ нашудани дастовардҳои соҳаву мавзеъҳои кишвар боиси коҳиши рушди сайёҳии дохилӣ мегардад.
Дар ин замина, бояд қайд намуд, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо чор кишвар барои густариши ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ ҳуҷҷатҳо ба имзо расонда шуда, имкониятҳои сайёҳии кишвар дар доираи 47 чорабинӣ, аз ҷумла 20 чорабинии сатҳи байналмилалӣ, муаррифӣ гардиданд. Дар ин давра  Кумита дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии кишварҳои Эрон, Олмон, Россия, Британияи Кабир, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ иштирок карда, зарфиятҳои сайёҳии кишварро дар сатҳи муносиб муаррифӣ намуд. Моҳи феврали соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Куала –Лумпури Малайзия соҳиби ҷоизаи Мамлакати ҷолибтарини  Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ гардид.
Инчунин, дар доираи корҳои таблиғотӣ сабти барномаҳои телевизионии «Магия вкуса» тариқи шабакаи телевизионии «Моя планета», «Поедем, поедим!» тавассути шабакаи НТВ ва сабти видеороликҳои  рекламавӣ бо хронометражи 15, 30 ва 120 сония тариқи шабакаи ҷаҳонии «BBC World News» ба анҷом расида, таҳияи мақола барои нашр дар маҷаллаи бонуфузи «National Geographic» оғоз ёфта, корҳо дар ин самт идома доранд.
Ҳамзамон,  ҷиҳати баррасии масъалаҳои рушди соҳа рӯзҳои 26-27 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Шурои ҷамъиятии  Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи «Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон: дастовард ва мушкилот (омӯзиши таҷрибаи ВМКБ)» бо иштироки васеи намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, коршиносони соҳа, истироҳатгоҳу  осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ баргузор карда шуд.
Тавре маълум аст, масъалаҳои дар мақола инъикосёфта аз назари масъулини соҳа дур набуда, барои дарёфти ҳалли онҳо ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин замина, Кумита аз намояндагони васоити ахбори омма, бахусус ҷонибҳои манфиатдор, хоҳиш менамояд, ки барои тарғибу ташвиқи соҳаи сайёҳӣ ва мавзеъҳои сайёҳии кишвар мусоидат намоянд.
 
 
 
 
 
«БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛОН ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИРО АЗ БАЙН МЕБАРАД»
Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Лола Ризоӣ дар мавзуи «Бемасъулиятии масъулон ёдгориҳои таърихиро аз байн мебарад», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (19 июни соли 2023, №126) ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 
Масъалаҳои дар мақола  инъикосшуда, воқеан ҳам, саривақтӣ буда, зина ба зина бартараф намудани онҳо тибқи стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 ва дигар нақшаву барномаҳои соҳавӣ роҳандозӣ шуда истодаанд. Тибқи Феҳристи ёдгориҳои таърихӣ, дар вилояти Хатлон 931 ёдгории таърихӣ мавҷуд буда, 45 меҳмонхона, 8 осоишгоҳ ва як маркази солимгардонӣ фаъолият мекунад. Дар чорабиниҳои дохилию хориҷӣ  тавассути маводҳои иттилоотии фарогир  дар бораи ёдгориҳо, мавзеъҳои  таърихӣ ва маконҳои тамошобоби минтақа дар байни дӯстдорони сайру саёҳат маълумот пешниҳод карда мешаванд. 
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шарикони рушд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ  амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, Лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба арзиши 30 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ шуд, ки 15,7 миллион доллари он  барои рушди соҳаи сайёҳӣ равона гардидааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби МД «Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз  ва маблағҳои рушди деҳот»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди татбиқ қарор дошта, дар он масъалаҳо  вобаста ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла ба сатҳи байналмилалӣ  расондани мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихию  таббии Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад, мамнуъгоҳҳои Қалъаи Ҳулбук ва Қалаи Ямчун, бунёди меҳмонхонаҳои хурд, ҳуҷраҳои қабули сайёҳон, мағозаҳои фурӯши армуғонҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ,  амалӣ гардида истодаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят  ба кишвар ворид шуда, ба намудҳои сайёҳии таърихӣ – фарҳангӣ, экологӣ ва экскурсионӣ машғул мешаванд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ, ҳамчун мақоми ваколатдор,  вазифаҳои худро тибқи нақшаҳои корӣ, санадҳои амалкунанда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намуда, дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар саҳми арзанда мегузорад.
 
Р. ХОЛМАТИЁН, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 16.08.2023 №: 165
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив