ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “АЛ-ҚОНУН ФИ-Т-ТИБ”. ҶОЙГОҲИ АСАРИ МАЪРУФИ ИБНИ СИНО ДАР ИЛМИ ҶАҲОН

“АЛ-ҚОНУН ФИ-Т-ТИБ”. ҶОЙГОҲИ АСАРИ МАЪРУФИ ИБНИ СИНО ДАР ИЛМИ ҶАҲОН

17 август 2023, Панҷшанбе
432
0
Яке аз нобиғагони барҷастаи ҷаҳон, ки ба рушди тамаддуни инсонӣ сабаб гардида, номи худро дар саҳфаи таърихи олам бар ҷой гузоштааст, ҳаким, олим, табиби ҳозиқ, файласуф Абуалӣ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Сино мебошад. Ба қавли олими тавонои олмонӣ Бурхард Брентес, “Тоҷикон дар мисоли Ибни Сино фарҳанги баландпояи халқҳои Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз низ мероси Ибни Синоро, ки дар тули ҳазор сол ба хираду ақли Аврупо таъсир дошт, оқилона ҳифз мекунанд”.   
 
Сино, ки дар кишварҳои Ғарб бо номи “Авитсена” машҳур аст, дар давоми умри 57-сола аз худ осори азиме (зиёда аз 450 асари илмӣ, фалсафӣ ва адабӣ) боқӣ гузошт. Асари арзишманди ин ҳакими машриқзамин “Ал-Қонун фи-т-тиб” мебошад. Он яке аз асарҳои муҳимтарин, муфассалтарин, машҳуртарин ва, аз ҷумла, барҷастатарин китобҳои соҳаи тибби Шарқ ва Ғарб ба ҳисоб меравад. “Ал-Қонун фи-т-тиб” наздик ба ҳашт қарн дар Аврупо ва имрӯз дар кулли дунё мавриди истифодаи олимони соҳаи тиб қарор гирифтааст. 
Дар аксари кишварҳои ҷаҳон, хоссатан, дар кишварҳои Аврупо ҳам осори илмӣ, аз ҷумла китоби “Ал-Қонун фи-т-тиб” ва ҳам осори фалсафии ин олими барҷаста дар давраҳои гуногун таҳқиқ шудааст. Дар баробари ин, ба назари муҳаққиқон, бисёре аз осори Абуалӣ ибни Сино ҳанӯз омӯхта нашуда ва ба онҳо нақде низ сурат нагирифта. 
Ба таҳқиқи осори илмӣ, фалсафӣ ва адабии Абуалӣ ибни Сино олимон ва муҳаққиқони машҳури олам, аз ҷумла А.М. Гуашон (олими фаронсавӣ), К.А. Наллино (олими итолиёӣ) К. Броккелман (шарқшиноси олмонӣ), Грюнебаум, Б.Я. Шидфард, Ҷ.Ш. Қанавотӣ, Забеҳулло Сафо, Яҳёи Маҳдавӣ, Сайд Хусайн Наср, А.М. Баҳоваддинов, М. Диноршоев, А.В. Сагадеев, Абдураҳмони Бадавӣ, Яҳёи Ясрибӣ, М. Фулодванд ва даҳҳо олимони машҳури дигар машғул гардидаанд. Айни ҳол, дар донишгоҳҳои машҳури Аврупо, ба монанди Оксфорд осори Синои бузург омӯхта шуда, ба он аз нигоҳи илми имрӯза низ руҷуъ карда мешавад. Яке аз чунин асарҳо “Ал-Қонун фи-т-тиб” мебошад.
Чунончи аз қавли худи Абуалӣ ибни Сино нақл мешавад, ӯ дар ҷавонӣ дар Бухоро шогирдонеро тарбия кардааст ва оид ба илми тиб дар Ҳамадон китоберо мукаммал сохтааст, ки он “Ал-Қонун фи-т-тиб” аст. Дар ин бора яке аз шогирдони машҳури ӯ Абуубайда Ҷузҷонӣ дар асараш “Рисолаи саргузашт” нақл мекунад. Ба нақли ӯ, марҳилаи ҳаёти Ибни Сино дар Исфаҳон (1023-1037) босамартарин давраи камолоти эҷодии ӯ мебошад, зеро ӯ маҳз дар ҳамин ҷо асарҳои бузурги худ “Китоб-уш-шифо”, “Ал-Қонун фи-т-тиб” ва “Донишнома”-ро ба итмом расонд. Мутаассифона, соли 1030 Султон Масъуд – писари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба Исфаҳон ҳуҷум карда, пайи талаву тороҷ шуд. Дар ин бора синошиноси номвар Сайидраҳмон Сулаймонов дар мақолаи худ “Ибни Сино ва “Ҳикмати машриқия”-и ӯ” сухан ронда, менависад: “Ибни Сино аз ҷумлаи шахсоне буд, ки на танҳо молу мулк, балки асарҳои гаронбаҳояш аз тарафи тороҷгарон ба яғмо бурда шуд.” Дар ин бора донишмандони зиёде андеша ронда, тороҷ шудани асарҳои ӯро, аз ҷумла “Ал-Қонун фи-т-тиб”-ро таъкид кардаанд.  
Ба гуфтаи Ҷузҷонӣ, Абуалӣ ибни Сино тасмим доштааст, бисёре аз таҷрибаҳои  табибии худро, ки дар ҷараёни муолиҷа касб кардааст, дар китоби “Ал-Қонун фи-т-тиб” биоварад ва ҳатто бахше аз онҳоро дар чанд ҷузъ навиштааст: “Аммо ин ёддоштҳо қабл аз ин ки “Ал-Қонун фи-т-тиб” ба поён бирасад, аз миён рафт.”
Баъдан бо мусоидати ин шогирди вафодори Сино ва чандеи дигар “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар 5 китоб таълиф ёфтааст.
Ибни Сино бахши аввали асари мазкурро тақрибан дар 35-солагӣ дар Гургон таълиф ва он дар Ҳамадон ба анҷом расидааст. Аз навиштаи худи Ибни Сино дар “Аш-шифо” маълум мешавад, ки вай “Ал-Қонун фи-т-тиб”-ро  пеш аз «Аш-шифо» навиштааст.
Ҷорҷ Сартен, муҳаққиқи аврупоӣ, дар бораи “Ал-Қонун фи-т-тиб”, аҳамият ва мавқеи он дар илм сухан ронда, ҷойгоҳи онро дар рушд ва тавсеаи илми тиб ва табобат арзишмандтарин қаламдод мекунад. 
“Ал-Қонун фи-т-тиб” тавассути шогирдони Ибни Сино ба тамоми марказҳои илмии ҷаҳон дар кӯтоҳтарин фурсат роҳ ёфта, ба китоби дарсӣ мубаддал мешавад, ки дар партави он донишмандони зиёд дар ҷаҳон тарбия меёбанд.
Ибни Сино дар ин китоб тамоми донишҳои тиббиро, ки мероси башарият буд, ба низом дороварда, онҳоро шарҳи комил додааст. Аз нигоҳи нигориш ва адабиёти тиб матни он пухта ва пур аз тафсирҳост, ки аксари онҳо маънои тамсилро пайдо кардаанд. Дар партави ин саъю кӯшиши бузург муолиҷаи беморон илмӣ гардидааст, ки дар натиҷа роҳи хурофот ва сеҳр беш аз пеш баста шуд. Дар мавриди забон ва фарҳанги тоҷикӣ (порсӣ) бояд гуфт, ки “Ал-Қонун фи-т-тиб”  фарҳанги азимеро ба вуҷуд овард. Дар ҷараёни тарҷума ба дигар забонҳо, бисёре аз тафсирҳо, истилоҳоту вожаҳои арабӣ ва ҳам форсӣ ба забонҳои дигар тарҷума ва ҷузъи фарҳанги ҷаҳонӣ шудаанд. 
Арзиши дигари “Ал-Қонун фи-т-тиб” ҷанбаи маънавии он аст. Аз ин рӯ, ин китоб зуд таваҷҷуҳи аҳли фазлро ба худ ҷалб карда, дар тамоми давраҳои таърихии гузашта китоби дарсии донишмандон буд.
Рустаниҳои барои муолиҷа пешниҳодкардаи Сино дар он китоб гуногун буда, баъдтар аксари онҳо ба фармакологияи илмӣ ворид шудаанд. Ҳакими бузург барои табобат 3 воситаи асосии муолиҷаро муайян кардааст: сухан, гиёҳ ва теғ. 
Дар баробари дарёфти усулҳои муолиҷаи бемориҳои гуногун, саҳми Ибни Сино дар пешгирии бемориҳо низ махсус зикр гардидааст. Вай дар ин асари худ ишора менамояд, ки “барои нигоҳдории саломатӣ машғул шудан ба машқҳои ҷисмонӣ, риояи реҷаи хӯрок ва хоб асосӣ мебошад.”
Дар таърихи илми тиб бори аввал ӯ аз мавҷудияти ҷонзодҳои ноаён, ки боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегарданд, маълумот додааст. Баъди 800 сол биологи машҳур Луи Пастер ин пешгӯии олими номиро дар таҷрибаи амалии худ тасдиқ кард.
Ибни Сино пешниҳод мекунад, ки бояд на беморӣ, балки бемор табобат шавад ва дар ин росто вайроншавиҳое, ки дар ҷисм пайдо мегарданд, дар алоқамандӣ бо муҳити атроф дида баромада шаванд, зеро самараи аз ҳама муфиди табобат дар ҳолати муҳайё сохтани шароитҳои мусоиди табиат ба даст меояд. Олими машҳур боду ҳаво, муҳити атроф ва фасли солро омилҳои асосии этиологӣ меҳисобад. Чунин самти омӯзиш ба Абуалӣ ибни Сино имкон додааст, ки чораҳои пешгирии бисёр бемориҳо дарёфт шаванд. Вобаста ба ҳар фасли сол, ӯ сифат ва миқдори хӯрокиҳоро кор карда баромадааст. 
Барои нигоҳдории саломатӣ Ибни Сино 7 омилро муҳим мешуморад: мувозинати мизоҷ, интихоби хӯрок, тозакунии ҷисм аз чизҳои зиёдатӣ, пешгирии фарбеҳӣ, тозакунии он чизе, ки ба воситаи бинӣ ба ҷисм ворид мегардад, либоси тозаю озода ва мувозинати ҳаракатҳои ҷисмонию руҳӣ. 
Хӯроки фоидабахшро яке аз омилҳои муҳими нигоҳдории саломатӣ ҳисобида, реҷаи ғизоро вобаста ба фаслҳои гарм ва сарди сол, синни одамон, инчунин, гуногунрангии он муайян кардааст. Ин гуфтаи ҳакими бузург то имрӯз ниҳоят муфид мебошад, то одам хӯрокро ҳамчун дору истеъмол ва ҳангоми табобат бояд реҷаи муайяни истеъмолро риоя кунад. 
Ба ақидаи ӯ, ба саломатии одам макони зисти вай низ таъсир мерасонад ва дар ин маврид чунин мегӯяд: “Касе, ки ҷойи истиқомат интихоб менамояд, бояд донад, ки хоки он чӣ гуна аст, заминаш паст аст ё баланд, атрофаш кушода аст, ё пӯшида, оби он маҳал чӣ гуна аст”.
Олим чунин мепиндорад, ки дар нигоҳдории ҳолати солимии одам фаъолнокии ҷисмонӣ нақши муҳим мебозад. Агар одам ба таври муътадил ва саривақтӣ ба машқҳои ҷисмонӣ машғул гардад, ба ягон табобат муҳтоҷ намегардад, вале машқҳои тамринӣ бояд ба ҳар одам мувофиқ бошанд. 
Сино дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” оид ба инкишофи бемориҳо андеша ронда, ба нақши системаи асаб ишора мекунад ва онро дар алоқаи мутақобила бо муҳити атроф мебинад. Пешниҳодҳои табиби бузург оид ба тарбия, инкишоф ва муолиҷаи кӯдакон ба муаррихони тиб имкон додааст, ки ӯро яке аз асосгузорони педиатрия ҳисобанд. 
Аз  ин рӯ, бояд хулоса намуд, ки “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар илми дунё ҷойгоҳи барҷаста дорад ва усулҳои табобатие, ки дар он оварда шудаанд, хоссатан усули руҳ-ҷисм-дармон имрӯз ҳамчун усули беҳтарини табобатии дунё шинохта гардидааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Чеҳраҳои мондагор” дар мавриди ин ҳакими тоҷик сухан ронда, менависанд: “Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишкада ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст. Муҷассамаи бузургаш яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро дода, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст. Вале бузургтар аз ҳама эҳтироми ӯ ва маскани ӯ дар дили халқи мост”.
 
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино,
доктори илмҳои тиб, профессор
Санаи нашр: 17.08.2023 №: 166
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив