ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

18 август 2023, Ҷумъа
57
0

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КРОССЧАЙНВОРДИ «ТАНДУРУСТӢ»
Бахшида ба зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино ва рӯзи кормандони соҳаи тиб 
1. Мутахассиси бемории гурда ва вобаста ба он. 
2. Он, ки аз сухангӯӣ оҷиз аст. 3. Узви дохилии инсон.
4. Кирми меъдаю рӯда. 5. Доруи рафъи ҳарорати бадан. 6. Илми ситорашиносӣ. 7. Хӯроки миллӣ. 8. Духтур, мутахассиси  соҳаи узвҳои таносул. 9.Чашмаи шифобахш. 10. Мевае, ки истеъмоли он барои сулфа ва балғамронӣ муфид аст. 11. «Символ»  бо забони тоҷикӣ. 12. Фанне, ки ҳаёти ҳайвонотро меомӯзонад.  13. Ихтироъкори тайёраи Як-40. 14. Бемории эпидемиологӣ. 15. Доктори илми тиб, мутахассиси соҳаи  бемориҳои  кӯдакона.   16. Ҳаммаънои замон ва айём.  17. Муродифи калимаи «даъват». 18. Муолиҷа бо гулу гиёҳ. 
19. Бруно ***, адиби поляку руси асри 20, ки волидонаш табиб буданд. 
20. Унсури кимиёвӣ. 21. Духтур ё ***. 
22. *** - де – Женейро. 
23. «Маслиҳатхона» - и табибон. 
24. Дарё дар Осиёи Миёна. 
Дар доираи аввал: 1. Шакли вожаи мулк. 2. Лямбда, аскарида. 3. Қурс барои ҳазми хӯрок. 4. «*** сарв асту Бухоро осмон» (Рӯдакӣ). 5. Исми суғдии Рухшона.       6. Навъи бемории гулу. 7. Алюминийро гӯянд. 8. Беморие, ки ба ҷигари инсон вобастагӣ дорад. 9. Ҳаммаънои  рутубат, ки аксари бемориҳо аз он сар мезананд. 
10. Шакли дигари модарандар. 11. Сӯзандоруе ба муқобили бемориҳои буғумдард. 12. Навъи компютер. 13. Ҳарфи алифбои ниёгон. 14. Либоси аз ҳад зиёд қиматбаҳоро гӯянд. 
Дар доираи дуюм: 1. Навъи гармоба. 2. Як хели харбуза, ки ниҳоят  ширин аст. 3. Давлат дар қитъаи Осиё. 4. Хабаррасон. 5. Муқобили дармон. 6. «*** омадему зуд мебояд рафт» (Лоиқ). 7. Пойтахти давлат дар қитъаи Осиё. 8. Пешоянди забони тоҷикӣ. 9. «*** - зарра барф меборад сафед». 10. Қаҳрамони достонҳои «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 11. «Мо ***аконему ҷаҳон луъбатбоз» (Хайём). 12. Фирдавсии ***. 13. Синоними ҷашн, тантана. 14. Имкони ба чизе қодир будан. 
 
Мураттиб Ҳотами  ҲОМИД, сокини ноҳияи Фирдавсӣ 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
 
ҶАСОРАТ
Навраси 15-сола ба қимати умраш ҷони 2000 мактаббачаро наҷот дод
Айзаз Ҳасани 15-сола аз Покистон барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи террористӣ дар мактабе, ки таҳсил мекард, ҷони худро қурбон намуд. Фоҷиа соли 2014 рух дод. Айзаз бо дӯстонаш дар саҳни мактаб меистод, ногаҳон чашмаш ба марде афтод, ки дар камарбандаш маводи тарканда дошт ва ҷониби онҳо меомад. Наврас ҷониби террорист шитофт, то пеши роҳи ӯро бигирад. Бо наздик шудани Айзаз маргталаб аз тарси он ки дигарон аз нияти шуми ӯ огоҳ мешаванд, маводи таркандаро ба кор даровард. Дар натиҷа, наврас ба ҳалокат расид.
Воқеан дар ин ҳолат дар мактаб ҳудуди 2000 хонанда қарор дошт. Ба шарофати ҷасорати ӯ аз қурбониёни дигар пешгирӣ карда шуд. 
– Писари ман модарашро ҷигархун кард, аммо ба шарофати ӯ ҳоло садҳо модарони дигар барои аз даст додани фарзандонашон ашк намерезанд, – гуфта буд падари наврас Муҷоҳид Алӣ. 
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
МАСЪУЛИЯТ.  ЯК УСУЛИ ҒАЙРИОДӢ ДАР ҶОПОН
Азбаски дар кишвари Ҷопон офатҳои табиӣ, ба мисли обхезӣ, сунами, заминларза, зуд-зуд рух медиҳанд, барои бартарафсозии оқибатҳои он аз чораи аҷибе кор мегиранд. Панҷоҳ сол қабл хирадманде маслиҳат медиҳад, ки дар бартарафсозии натиҷаи ин ё он фалокат ба ходимони давлатӣ ҳамсаронашон ҳамроҳ бошанд.
Ҳамин тавр, то ҳол онҳо бо хонумҳояшон ба ҷойи ҳодиса мераванд, хайма мезананд ва ҳамроҳи аҳолӣ дар оромиши зарардидагон ранҷ мекашанд. Аммо чӣ тавр? Хирадманд менависад: «Занон ҳар рӯзу ҳар шаб ба гӯши шавҳар мехонанд: «Зудтар аз ин ҷо рафтан даркор, аз хайма ба хона баргаштан зарур аст, то кай чунин зиндагӣ давом мекунад, зарардидагонро зудтар бо хонаву дар таъмин бикун, ки мо ба зиндагии муқаррарии хеш баргардем». Ҳамин тавр, ин усули масъулиятбахшии ходимони давлатӣ идома дорад ва бисёр ҳам корсозу муассир аст.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
ЧАНД ДАЛЕЛ ДАР БОРАИ КОИНОТ
3. ЯГОНА ШАХСЕ, КИ ДАР МОҲ ДАФН ШУДААСТ
Евгений Шэмикер, яке аз астроном ва астронавтҳои  машҳур мебоист, ҳамвора, аввалин геологе шавад, ки ба рӯи Моҳ пой гузорад. 
Мутаассифона, вазъи саломатиаш имкон надод, ки дар умри худ ба Моҳ биравад. Ба ҷои ин, Нил Армстронг ва дигар астронавтҳоро ба Моҳ сафарбар карданд. Соли 1997, дар ҷустуҷӯи кратерҳои номаълум ба Австралия рафт ва дар он ҷо дар садамаи автомобилӣ ҷон дод. Бо эътирофи саҳми ӯ дар рушди илми астрономия, NASA хокистари ӯро тавассути киштии ҳавоии “Prospector Lunar” ба Моҳ овард. То имрӯз Евгений Шомейкер ягона шахсе боқӣ мемонад, ки дар Моҳ дафн шудааст.
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ  ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
РОЗЕТТА – КАТИБАИ ҚАДИМТАРИН
 
Розетта санги гаронарзишест, ки соли 1799 дар Миср, наздики шаҳри хурди Розетта аз тарафи сарбозони фаронсавӣ пайдо гардидааст. 
Аз соли 1802 ин санг дар Осорхонаи миллии Англия нигоҳ дошта мешавад ва як нигораи нодири ин нигористон ба ҳисоб меравад. Ранги он сиёҳ буда, соли 197 пеш аз мелод навишта шудааст ва дар он се катиба мавҷуд аст, ки таърихи се тамаддуни қадимтарин иероглифҳои Мисри Қадим, демотикӣ ва Юнони Қадимро бо ҳам мепайвандад. То ҳол батамом асрори ин санг ифшо нашудааст. Он дар маркази таваҷҷуҳи таърихнигорони дунё буда, ҳамасола сайёҳони  зиёд онро мебинанд ва аз ин бозёфти нодир дар ҳайрат мемонанд. 
 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ДУ ҶАЗО
Ба Сталин мерасонанд, ки ҳаммонанди ҷосусаш пайдо шудааст.
– Зуд ёфта, парронед, – фармон медиҳад Сталин.
– Шояд мӯйлабашро тарошем?…
– Фикри олиҷаноб, аввал мӯйлабашро тарошед, баъд парронед.  
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ТУ БАРОИ МАН  ТАМОМИ ҶАҲОН ҲАСТӢ!
Имрӯз писарам маро ба оғӯш гирифта гуфт: 
- Ту беҳтарин модар дар ҷаҳон ҳастӣ!
Ман ба ӯ гуфтам: 
- Оё ту ҳама модарони дунёро мешиносӣ, ки ба чунин хулоса омадӣ?
 Ӯ боз бо ҳамон самимият ҷавоб дод: 
- Ту барои ман тамоми ҷаҳон ҳастӣ!
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
ҚАДИМТАРИН ТАРАБХОНА
Қадимтарин тарабхонаи амалкунанда дар Ҷумҳурии Лаҳистон ҷойгир аст ва он 700 сол дорад. 
Тарабхона дар асри ХIII таъсис ёфта, номи худро ба шарофати оби ҷави шаҳри Свиднитса гирифт, ки дар ин ҷо ба фурӯш мерафт. Фредерик Шопен, Иоганн Волфганг фон Гёте, Фридрих Нитше ва дигар шахсиятҳои маъруф замоне дар ин толорҳои барҳаво хӯрок хӯрдаанд. Сарфи назар аз таркишҳои соли 1945, тарҳу сохти тарабхона пурра нигоҳ дошта шудааст. 
Он дар Вротслав – яке аз қадимтарин ва зеботарин шаҳрҳои Лаҳистон ҷойгир аст. "Pivnitsa Swidnitska" дар таҳхонаи яке аз биноҳои шаҳр ҷойгир буда, аз соли 1273 фаъолият мекунад. 
9 толори тарабхона дар масоҳати 900 метри мукааб бо мебелҳои кандакоришуда, шифти тахтадор ва деворҳои бо расмҳо мисли ошхонаи асримиёнагӣ орододашуда ҷойгир шудаанд. 
Таҳияи С. УМАРАЛӢ 
 
 
 
ШУМО ҲЕҶ ГОҲ ДАСТАМРО РАҲО НАМЕКУНЕД!
Падар ба духтараш ҳангоми аз пул гузаштан  мегӯяд: 
- Дастамро бигир, то наафтӣ.
Духтарак ба падараш ҷавоб медиҳад: 
- Не падар, беҳтараш ту дасти маро гир.
Падар ҳайрон шуда мепурсад:
- Чӣ фарқ дорад, фарзандам?
Духтарча ҷавоб медиҳад:
- Агар ман дастатро бигирам ва ҳодисае рух диҳад, метавонам дасти шуморо раҳо кунам, вале агар дасти маро шумо бигиред, новобаста аз он ки чи мешавад, шумо ҳеҷ гоҳ дастамро раҳо намекунед!
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА
 
 
ДУ БАЙТ
Гирифтам ба сурат ҳама дин шавӣ,
Ҳасад кай гузорад, ки ҳақбин шавӣ?
* * *
Диле к-аз нури маънӣ нест равшан,
Махонаш дил, ки он санг асту оҳан.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
«РӮШНОИИ РАҲНАМО»
Филме, ки намоишаш 57 сол тул кашид
Шояд таҳиягарони ин филм чунин ният надоштанд, вале намоиши он дар шабакаи телевизионии CBS (ИМА) 20 июни соли 1952 оғоз ёфта, ниҳоят, 18 сентябри соли 2009 ба охир расид. 
Аз ин рӯ, «Рӯшноии раҳнамо» («Guiding Light») дар таърих ҳамчун тулонитарин силсилафилми телевизионӣ шинохта шуда, ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид мешавад.
Филми мазкур аз 18 262 қисмат иборат буда, ҳар яки он аз 30  (солҳои 1968 – 1977) то 60 дақиқа (солҳои 1978 – 2009) идома меёбад. Тавре иттилоъ дода мешавад, тули 57 соли намоиш силсилафилми телевизионии «Рӯшноии раҳнамо»  375 бор ба ҷоизаҳои гуногун пешниҳод шуда, сазовори  98 мукофот мегардад.
Таҳияи Ш. ШОКИР
 
 
 
ХУРДТАРИН РӮЗНОМА  ДАР ҶАҲОН 
Нашрияи португалии “Terra Nostra” (“Замини мо”) рӯзномаи теъдодаш маҳдудеро ба чоп расонд, ки ҳамчун хурдтарин рӯзномаи ҷаҳон ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид шудааст. Вазни он тақрибан 1 грамм ва андозааш 18,27 мм x 25,35 мм буд.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
 
 
 
ЧАРЛИ ЧАПЛИН 
Марде, ки 88 сол умр дид ва ба мо ин 4 ҳикматро боқӣ гузошт
1. Рӯзҳои ҳайфшуда рӯзҳое буданд, ки мо дар он нахандида  будем.
2. 6 духтури беҳтарин дар ҷаҳон – Офтоб, истироҳат, машқ, парҳез, худро эҳтиёт кардан, дӯсти ҳақиқӣ.
3. Ҳеҷ чиз дар дунё абадӣ нест, ҳатто мушкилиҳоямон ҳам.
4. Боронро бояд дӯст дошт, зеро касе гиристанатонро намебинад. 
 Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА
 
 
 
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ АЗ ҲАЁТИ ИСААК НЮТОН
Тақрибан даҳяки китобхонаи шахсии олимро китобҳои сершумор оид ба алхимия ташкил медиҳанд.
* * *
Олим чанде пеш аз маргаш ба эҷоди китобе машғул буд,  ки онро асари ҳаётан муҳими худ медонист. Мутаассифона, касе намедонад, ки он чӣ гуна китоб аст, зеро хонааш оташ гирифтаву дастнавис  сӯхтааст.
* * *
Маҳз Исаак Нютон ҳафт ранги асосии спектри намоёнро интихоб кардааст. 
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
 
 
 
 
ПАНИР –  МАҲСУЛОТИ ҚАДИМТАРИНИ ШИРӢ
Онҳое, ки панирро дӯст медоранд, бояд аз ин хабар хушнуд шаванд: олимон муайян карданд, ки он қадимтарин хӯроки инсоният будааст. Онро ҳазорон сол боз одамон дар тамоми гӯшаву канори олам истеъмол мекардаанд. Агар боз ҳам дақиқтар гӯем, тақрибан 7200 сол қабл аз ин. 
Олимон пас аз ташхиси таркиби боқимондаҳои маводи дохили зарфҳои сафолии аз наздикии деҳаҳои Поклонник ва Данило Битини Хорватия дарёфтшуда ба чунин хулоса омадаанд. Ин деҳаҳо, тақрибан аз асри VI пеш аз мелод вуҷуд дошта, сокинонашон ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул будаанд.  
Кишоварзон маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ ва моҳиро дар зарфҳои сафолӣ нигоҳ медоранд. Зарфе, ки таркиби боқимондаҳои аз он ёфтшуда ба панир буданаш далолат мекунад, 7200 сол дорад. 
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
РЕСПИРАТОР БО  БАТАРЕЯҲОИ ОФТОБӢ
Ихтироъкори олмонӣ Хайн Кнупск респираторро (асбоби муҳофизаткунанда аз чангу газу заҳрҳоро) ба таҷҳизоте мубаддал намуд, ки неруи барқ ҳосил менамояд. 
Ба таври одӣ гӯем, ин як ниқоби муқаррарист, ки дар болояш батареяи хурди офтобӣ насб шудааст. Батарея энергияеро ҳосил мекунад, ки он барои заряд гирифтани телефон ва соатҳо кофист. Дар аввали соли 2021 дар Чин истеҳсоли ниқобҳои тиббии “офтобӣ”-ро роҳандозӣ намуданд ва миқдори аз аввалин истеҳсолотро ба Аврупо содирот карданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
САДОИ МУСИҚӢ
Аз Мавлоно пурсиданд:
- Кадом мусиқӣ ҳаром ба назар мерасад?
Мавлоно посух дод:
- Садои қошуқ аз табақи одами сер, ки ба гӯши як фақири гурусна мерасад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
ДАРЁФТ ШУДАНИ НИҚОБИ АГАМЕМНОН
Ҳатто одамоне, ки ба таърих таваҷҷуҳи хосса надоранд, тавассути филмҳои пешин аз муҳорибаи Троя огоҳанд. Бовари кас намеояд, ки асар дар бораи қаҳрамониҳои Одиссей, Ахиллес, Гектор ва дигар паҳлавонони юнонӣ дар асри IХ пеш аз милод офарида шудааст. Достони «Илиада»-и Ҳомер бо сужети ҷолибаш ба чандин блокбастери муосир ҳам асос гузоштааст. То ҳол онҳоро қисме аз олимон ривоёти тахайюлӣ мешуморанд. 
Лекин, аз асри ХIХ сар карда, тадқиқоти бостоншиносӣ дар қисмати шарқиву ғарбии Осиёи Марказӣ аз вуҷуди шаҳри қадимие бо истеҳкомҳои қавии муҳофизатӣ дарак медиҳанд. Олимон тасдиқ намудаанд, ки шаҳри афсонавии Троя дар ҳақиқат вуҷуд доштааст. Вайронаҳои аз он боқимонда ривоёти дар «Илиада» омадаро тасдиқ месозанд. Сарлашкари қӯшуни юнониҳо шоҳи микениҳо Агамемнон буд. Юнониҳо барои шуҷоаташ пас аз марг ниқоби ӯро бо худ гирифтанд. Дарёфт шудани ҳамин ниқоб пурра ҳодисаи воқеии таърихӣ будани ин ҷангро тасдиқ менамояд. 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ИҚРОР
Субҳи саҳар Сталин ба Берия занг зада мегӯяд, ки чубуқаш дар утоқи корӣ несту фавран чораҷӯӣ кунад. Баъди як лаҳза, вақте Берия гӯшаки телефонро дубора мебардорад, Сталин огоҳ мекунад, ки чубуқашро ёфтаасту касеро ташвиш додан зарурат надорад.
– Ин се нафарро чӣ кор кунем, рафиқ генералиссимус,– ғайриинтизор мепурсад Берия.
– Кадом се нафарро?
– Гумонбаронро, рафиқ Сталин. Аллакай, ду нафараш иқрор шуд, ки дар ҳолати мастӣ чубуқи шуморо дуздидаанд.
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ТО  ПУШАЙМОН  НАШАВӢ
Эми Чет Гарднер ба духтараш, ки бори аввал ба мактаб мерафт, маслиҳат дод, ки аз дохили  лӯлача хамираи дандонро бибарорад. Замоне ки духтараш аз иҷрои ин вазифа баромад Эми хоҳиш кард, ки кӯдак дубора онро дохили лӯла бикунад. 
– Вале ин ғайриимкон аст. Чизе ба ҳолати аввала барнамегардад! – ҷавоб дод духтарак. 
– Ин ба ту меомӯзад, ки дар ҳарф гуфтан ҷиддӣ бошӣ, – оромона ба кӯдак фаҳмонда дод Эми. – Ту бо сухан метавонӣ дигаронро хафа созӣ, таҳқир бикунӣ, туҳмат занӣ ва онҳоро биранҷонӣ. Ҳамчунин, бо сухан имкон дорӣ, ки нафареро  шифо диҳӣ, ҳавасманд намоӣ ва илҳом бубахшӣ. Монанд ба хамираи дандон ҳарфи аз даҳон беруномадаро наметавон баргардонд. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
Санаи нашр: 18.08.2023 №: 167
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив