ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚАБУЛ БА СИНФИ 1. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

ҚАБУЛ БА СИНФИ 1. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

21 август 2023, Душанбе
65
0
 
Мавсими имсолаи қабул ба синфи якум идома дорад, гарчи хотимаи ин маъракаро масъулон 7-уми август эълон карда буданд. Табиист, ки ин давра ҳам барои падару модар ва ҳам барои фарзанд марҳилаи муҳим маҳсуб меёбад. Гузашта аз ин, фаҳму нофаҳмиҳоеро ҳам дар пай дорад, ки ҳамасола ба баҳсҳои тезутунд табдил ёфта, бозори аҳли суханро, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гармтар месозад. 
Чун ҳарсола саволи матраҳ ин аст, ки оё барои қабули кӯдак ба мактаб аз тарафи падару модар иҷрои талаботи низомнома ва таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ басанда нест? Агар ҳа, пас силсилаи проблемаҳо ҳангоми ҳуҷҷатсупорӣ аз куҷо пайдо мешаванд? Пайи посух ба ин ва саволҳои дигари вобаста ба мавзуи мавриди назар рафтем пушти масъала.
Фаришта Бобоева, ки айни ҳол пайи ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо барои дохил кардани фарзандаш ба синфи 1 дар мактаби типи нав аст, изҳор дошт: “Танҳо бо ёфтани шинос бо масъулони муассисаи таълимӣ тавонистем дар алоқа бошем, чун хоҳишмандон зиёданд, агар ёру ошное надошта бошӣ, қабули ҳуҷҷатҳо душвор мешавад. Огоҳ карданд, ки баъди аз назар гузаштани ҳуҷҷатҳо, фарзандам имтиҳон мешавад. Дар ҳолати нагузаштан аз санҷиш, маҷбур мешавем, то роҳу воситаи дигаре ҷӯё бошем”.
Воқеан, гап сари “роҳу воситаи дигар” солҳо боз нӯги забони мардум чарх мезанад. Дар ниҳоят кам касоне ёфт мешаванд, ки фарзанди худро бевосита ба мактаби дилхоҳашон шомил карда бошанд. Аҷиб аст, кадом омилҳо падару модарро маҷбур месозанд, ки барои ҳалли ҳамин масъала “роҳу воситаи дигар” ҷӯянд? 
Бой Нодиров, мудири шуъбаи хадамоти методии таҳсилоти умумии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм, проблемаҳои ба миён омадаи мавсими ҳуҷҷатсупориро чунин шарҳ дод: “Мушкили дохилшавӣ ба синфи 1-ро наметовон кӯчак пиндошт ва нодида гирифт. Ҳангоми ҳуҷҷатсупорӣ проблемаҳои зиёд ба миён меоянд, аз ҷумла номувофиқии синну сол, нарасидани ҷои нишаст, масъалаи молиявӣ ва ҷои истиқомат. Дар бисёр ҳолатҳо, падару модар мехоҳанд фарзандашонро барвақт, яъне дар 6-солагӣ ба мактаб диҳанд. Фикр мекунанд, ки фарзанди онҳо ҷисман ва руҳан ташаккул ёфта, омода аст, то ба муассисаи таълимӣ равад, аммо дар раванди таълиму тарбия маълум мегардад, ки кӯдак ҳанӯз омода нест”.
Ба андешаи Бой Нодиров, мушкилоти дигари дохилшавӣ ба набудани ҷои нишаст рабт дорад: “Таносуби қабули хонандагон ба синфи 1 нисбат ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хеле калон буда, ду баробар зиёд мебошад. Чунин таносуб барои бо ҷои нишаст таъмин шудани хонандагони синфи як мушкил эҷод мекунад”.
- Масъалаи дигари ташвишовар ҷои зисти кӯдак аст, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо. - Хонандагоне, ки аз ҷойи зист дар қайди ноҳияи дигар сабт шудаанд ва бояд ба муассисаҳои таълимии маҳали зисти хеш муроҷиат кунанд, ба муассисаҳои шаҳру ноҳияи дигар қабул мешаванд. Дар ин сурат, ҷои нишаст ба хонандагони ҳудуди ноҳия ё шаҳр маҳдуд мегардад. Ин дар ҳолест, ки директорон уҳдадоранд, нахуст хонандагони минтақаи хешро бо таҳсили ибтидоӣ фаро гиранд. 
Дар чунин ҳолат табиист, ки кирдорҳои беобрӯкунандае чун порадиҳиву порахӯрӣ тавассути миёнаравҳо рух медиҳанд. Мутаассифона, дар бисёре аз мавридҳо волидон худ таклифи “чойпулӣ” ё “дар хизмат будан”- ро пешниҳод мекунанд. Муваффақ шаванд боке не, вале рафту  ба мақсад нарасанд, фиғонашон ба фалак мерасад...
Тавре ҳамин як таҳлили кӯчак собит месозад, ки мушкил дар ин самт дар ҳақиқат вуҷуд дорад. Вазифаи ҷонии ниҳодҳои масъул аст, ки ба қавле мӯйро аз хамир ҷудо кунанд. Бовар кунед, аксаран ташвиши волидон дар ҷобаҷокунии фарзанд дар синфи якум нисбат ба дохилшавии онҳо ба мактабҳои олӣ бамаротиб зиёд аст. Гурӯҳҳое ҳам бо истифода аз камҳавсалагии масъулони соҳа, аз проблемаи сокинон манфиат бардоштанӣ мешаванд. Воқеан, нигаронкунанда аст, ки аксар ҳолат шахсони миёнарав муваффақ мешаванд. Наход, бо гузашти даҳсолаҳо масъулини соҳа дарк накунанд, ки “муваффақият”-и кадом як порахӯри миёнарав номуваффақиятии ин соҳаи муҳими ҷомеасоз хоҳад буд.
Чаро Вазорати маориф ва илм барои ҳимояи имиҷи худ дар ин зинаи таҳсилот аз тадбирҳои муассиртаре кор нагирад? 
Дар робита ба ин, чанд пешниҳод доштем: нахуст, таъмини шароити баробари таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳа, бо роҳи ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба ва муҳайё сохтани пойгоҳи моддиву техникӣ. Дувум, як сол пеш ба рӯйхат гирифтани кӯдаконе, ки дар ин ё он маҳал бояд ба синфи 1 раванд. Сеюм, тақвияти робитаҳои дуҷониба бо оила ва бо ин роҳ ташаккули маърифати ҳуқуқуии падару модарон, бахусус дар самти пешгирии коррупсия. Чорум,  тақвияти фаъолияти кумитаҳои падару модарон, ки хеле камранг аст.
 
Латифабону РУСТАМЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Санаи нашр: 21.08.2023 №: 168
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив