ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕҲРНОМАИ ВАТАН АЗ ШВЕДСИЯ

МЕҲРНОМАИ ВАТАН АЗ ШВЕДСИЯ

22 август 2023, Сешанбе
51
0
 
Суҳбатамон дар бораи рӯзгори пуршебу фарози Муҳаббат Абдуқодирова бисёр гарму самимӣ буд. Ӯ дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон ба воя расида, алъон муқими шаҳри Стокҳолми Шведсия мебошад. Олами ботинии ин модари арҷманд аз ишқи Ватан ва инсондӯстӣ саршор аст. Меҳри беандозааш ба ӯ неру мебахшад ва давоми мусоҳибаи онлайнӣ ин болидаруҳӣ хуб эҳсос мешуд. Саргузашти Муҳаббатбону бисёр саҳнаҳои ҳаяҷонбахш дорад. Ӯ дучори душвориҳо шуда, аммо бо сарбаландӣ аз онҳо берун омадааст. Зиндагиномаи ин модари соҳибирода барои инсонҳо ибратомӯз мебошад. Орзуи Муҳаббат Абдуқодирова бозгашт ба Ватан аст.


– Дуруди меҳроганда ба Шумо аз Тоҷикистон, аз Ватани азизатон. Айни замон Шумо дар Тоҷикистон хеле шинохта ва машҳуред. Шеърҳои қироаткардаи Шумо ба ёди Ватан дили ҳазорон тоҷикистониро тасхир намуд. Шуморо дар Ватан ва берун аз Тоҷикистон ҳам хеле дӯст медоранд. 
29 сол боз Шумо дар пойтахти Шведсия – шаҳри Стокҳолм зиндагӣ доред. Чаро аз Ватан кӯчидед? Чӣ сабаб шуд, ки маҳз шаҳри Стокҳолм интихоб гардид? Зиндагиатон дар он ҷо чӣ гуна мегузарад?
 
– Аввалан, мехоҳам ба ҳамаи нафароне, ки маро дар ёд доранд ва бароям салом мефиристанд, сипос гӯям. Ватанамро бисёр дӯст медорам, вақте дар бораи Ватан, дар бораи Тоҷикистон сухан мегӯям, мехоҳам бигирям... Оҳ...
Вақте дар шабакаҳои иҷтимоӣ шеърҳоямро бо ёди Ватан қироат кардам, баъзеҳо навиштаанд, ки модоме чунин шеърҳо месароям, пас чаро худам аз Ватан “гурехтаам”. На, асло чунин нест, ман аз Ватан нагурехтаам, балки вазъият маро маҷбур сохт, то ин ҷо биёям. Духтари хурдиам ин ҷо зиндагӣ мекард. Фарзандҳояш хеле хурд буданд, ман бояд дар нигоҳубини кӯдакон ба ӯ ёрӣ медодам, аз ин рӯ, шавҳараш маро даъват намуд ва ин сабаб шуд, ки кӯчида ин ҷо биёям.
Ҳамин тавр, 8 январи соли 1995 ман аз Тоҷикистон баромада, ба Шведсия омадам. Яку ним сол дар лагер барои гурезаҳои шаҳри Гётеборг зиндагӣ доштам. Рӯзҳои аввал бароям хеле вазнин буданд. Баъди як ҳафтаи зиндагӣ дар лагер, гурезаҳои афғонистониро оварданд. Вақте фаҳмидам, ки онҳо тоҷиконанд, гӯё болу пар баровардам ва эҳсоси танҳоиям рафъ шуд. Дар лагер ҳар шом мо ҷамъ мешудем, дар навои суруду мусиқӣ хурду бузург – ҳамагӣ шодиву хурсандӣ мекардем. Дар яку ним  соли  зиндагиям аз дигар давлатҳо бисёр дӯстони хубро пайдо кардам. Чанд забонро ёд гирифтам. Аввалин шеърҳоямро маҳз дар ҳамин лагер навиштам. 
Баъди яку ним сол иҷозати муваққатӣ истодан ва баъди се сол шаҳрвандии Шведсияро гирифтам. Аслан, тибқи қонунгузории онвақтаи Шведсия, тартиби гирифтани шаҳрвандӣ баъди панҷ сол имкон дошт. Аммо вақте ҳуҷҷатҳои маро дар хадамоти муҳоҷират баррасӣ намуданд, муайян сохтанд, ки ман шахси бешаҳрванд маҳсуб меёбам, чунки шиноснома ва шаҳрвандии Иттиҳоди Шуравиро доштам, вале ин кишвар аз байн рафт, акнун ман шаҳрванди ягон давлат нестам ва онҳо маро ба ягон кишвар бозпас гардондан наметавонистанд. Ҳамин гуна, бо амри тақдир ин ҷо мондам. Ватанамро асло фаромӯш накардаам ва орзу дорам ба диёр баргардам, вале писарам намехоҳад, ки ман равам, чунки ӯ мегӯяд, он ҷо ман танҳо мемонам. Росташро гӯям, агар ман бол медоштам, ҳамин ҳоло парвоз мекардам, мерафатам ба Тоҷикистон.
Албатта, дар кишваре, ки ҳама чиз бароят ноошно: фарҳанг, урфу одат, забон, зиндагӣ кардан хеле душвор аст. Намехоҳам худро таъриф кунам, аммо ман муборизам, чунки зиндагӣ бароям бисёр чизҳоро омӯхт. Дарҳол аз пайи тараддуди зиндагӣ шуда, базудӣ забон, урфу одат ва тарзи зиндагиашонро омӯхтам. Ҳамин тавр, нисбат ба фарзандонам зуддтар ба шароити ин ҷо мутобиқ шудам. Ба ғайр аз забони шведӣ, чанд забони дигарро низ медонам.
 
– Дар маҷмуъ, чанд забон медонед? 
– 13 забонро медонам ва бо онҳо озодона ҳарф мезанам.
– Муҳаббат Абдуқодирова, Шумо дар як шеъратон, аз ҷумла чунин мегӯед: «Одна из бабушек – таджичка. Другая бабушка татаркою была. Один мой дед – башкир. Отец отца – узбек. А кто же я? Вот в чём вопрос». Боз мегӯед, ки аз хурдсолӣ боду ҳавои Кӯлобро нафас кашидаед, тифлии Шумо дар Фархор гузаштааст ва ҳангоми донишҷӯӣ дар саҳро пахтачинӣ кардаед. Воқеан, хеле саргузашти ҷолиб аст. Лутфан, дар бораи ин хотираҳои нек ва умуман, зиндагӣ дар Тоҷикистон мухтасар нақл кунед. 
– Падарам аз ӯзбекони Фарғона буда, модараш аз тоҷикони Зарафшон мебошад. Модарам бошқирд буданд. 
Вақти сохтмони канали Фарғона (тақрибан соли 1924) аз Ӯзбекистон се ё чор тракторро ба Тоҷикистон меоранд. Падари ман корвони ин тракторҳоро роҳнамоӣ карда, яке аз онҳоро ба ноҳияи Файзобод оварда мерасонад. Аммо дар ин бора ягон маълумоте вуҷуд надорад. Ман, ҳатто, ба ноҳияи Файзобод рафта, бойгониҳоро ҷустуҷӯ намудам, вале ягон ҳуҷҷате пайдо нашуд. Ягона далели ин гуфтаҳо аксҳои падарам бо ин тракторҳо мебошад, ки дар оилаи мо ҳифз шудаанд.
Вақте падарам яке аз ин тракторҳоро ба ноҳияи Файзобод меорад, дар он ҷо муддате бо модарам зиндагӣ мекунанд. Баъдан, ба ноҳияи он замон Совети вилояти Кӯлоб кӯчида, дар мақомоти милитсия кор мекунанд. 
Падару модарам аъзои ҳизби коммунистӣ буданд ва худашонро ба ягон дин мансуб намедонистанд.
 
– Шумо чӣ?
– Ман мусалмонам, алҳамдулиллоҳ. 
Ман 8 июли соли 1937 дар ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) таваллуд шуда, дар ноҳияи Фархор ба воя расидаам. Пас аз хатми мактаби миёна, дар Техникуми тиббии шаҳри Кӯлоб 2,5 сол таҳсил намуда, бо ихтисоси момодоя онро хатм кардам. Баъди хатм солиёни дароз дар таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ба сифати момодоя фаъолият доштам. Ҳамчунин, дар зершуъбаи 3-юми ёрии таъҷилӣ мудир низ будам.
Хешу таборам, фарзандони амакҳоям дар ноҳияи Фархор зиндагӣ мекунанд. Замони пеш (Иттиҳоди Шуравӣ) ба шоликорӣ машғул буданд, ҳоло ба фикрам, хоҷагиҳои шоликорӣ дигар вуҷуд надоранд ва тарбуз мекоранд. Соли 2015, вақти сафар ба Тоҷикистон, ба ноҳияи Фархор назди писарони амакам рафтам. Шароити зиндагиашонро дида, бениҳоят шод шудам. Зиндагиашон хеле хуб: рӯзгори хушу хонаҳои обод доранд. Умуман, дар Тоҷикистон сатҳи зиндагии мардум хеле хуб шудааст. Албатта, ҳамаи ин ба шарофати Президенти маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Худо ба Сарвари давлатамон саломатӣ ва умри дароз диҳад.
 
– Гуфтед, ки соли 2015 ба Тоҷикистон омадед. Таассуроти Шумо чӣ гуна буд? Тоҷикистони ҳозира аз замони то Шведсия рафтанатон чӣ фарқият дошт?
– Ин қиёснашаванда аст! Тоҷикистон он қадар тағйир ёфтааст, ки шинохта намешавад. Хеле ободу зебост. Вақте чунин ободиро дидам, шод шуда, аз Ватанам ва Президентамон ифтихор намудам. Аммо вақте ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинам, ки мардум аз ин ҳама ҷараёни навсозиҳои Тоҷикистон, бахусус пойтахтамон – Душанбе, изҳори норозигӣ мекунанд, ҳайрон мемонам, ки чаро чунин нотавонбинанд. Баъзеи онҳо, ҳатто, ба Ватан наомада, аз дур менависанд, ки чаро дарахтонро мебуранд, чаро биноҳои куҳнаро мебардоранд. Дар ҷавоб ба онҳо мегӯям: «Ин дарахтони чандинсола, аллакай пир шуда, аз худ шира мебароранд ва зери сояи онҳо истодан ҳам намешуд. Ба ҷои онҳо дарахтони зебои магнолия шинондаанд, биноҳои зебои муосир қомат афрохта, ҳусни шаҳрро боз ҳам зеботар кардаанд. Нодида нисбат ба Ватан чаро чунин бадгӯӣ мекунед? Аввал бо чашми худ ҳамаи ин ободии диёрро бинед, то аз дур ғаразгӯйӣ накунед». 
Симои Душанбеи азизам маро тамоман мафтун намуд. Чи хел зебо… чи хел ҷавонон озода либос мепӯшанд. Дар мактаб ҳамаи талабаҳо либосҳои ягона ва хеле зебо ба бар доранд. Дар иди Наврӯз, дар боғу гулгаштҳо ҳама либоси идона, бахусус бонувон ва кӯдакон, куртаҳои рангоранги миллӣ ба бар карда, мардум якдигарро бо ид табрик мегӯянд. Аз ҷумла, ман ҳам ба сайругашт баромада, ҳар нафареро, ки дар боғ медидам, таҳният мегуфтам. Ҳамаи ин манзараҳо чи қадар фараҳабахшу руҳафзо аст. Чи қадар ҳаловат бурдам аз ин ҳама зебоӣ. Офарин, офарин… Кош, Ватанам доимо чунин шукуфон бошад!
Аз Ватан азизтар бароям чизе нест ва ман доимо бо ёди Ватан ҳастам. Ҳамватанонамро зиёд дӯст медорам. Мардуми ман, халқи заҳматкаш, меҳрубону меҳмондӯст ва инсондӯст мебошад. 
Бо ёди Ватан аввалин шеърамро эҷод намудам. Ин моҳи апрели соли 1995 дар лагер барои муҳоҷирон, дар шаҳри Гётеборг буд. Дар саҳни лагер қадам зада, медидам, ки ҳама ҷо оромӣ, сулҳу субот, дар кишвари ман бошад, бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз ҳам низову ситезаҳо вуҷуд доштанд. Ҳамин гуна дилам пур аз андуҳ буд, ки ба зеҳнам худ ба худ ин мисраъҳо омадан гирифтанд…
 
ТОСКА ПО РОДИНЕ
Таджикистан мой край родной,
Люблю тебя я всей душой.
Лишь здесь в дали от Родины моей, 
Я поняла, что нет тебя родней.
В лесах гуляя страны чужой,
В душе всегда, я Родина с тобой.
О, Швеция прекрасная страна
Но всё ж милее мне Родина моя.
Здесь горы есть, но не такие,
И скалы здесь покрыты мхом.
Но в Родине моей огромные скалы, 
Покрытые вечным льдом.
Сияют бриллиантами их вершины,
И это мой родной Таджикистан.
Памир дано название им от Бога.
Таджикистан! Так это есть Памир,
С восторгом отмечает мне весь мир.
Судьба коварная, далёка занесла тебя,
О, дочь Куляба, но я душой всегда с тобой!
 
 – Аввалин бор шеъри «Бо ёди Ватан» кай муаррифӣ гардид? 
– Хонандаҳои аввалини шеъри «Бо ёди Ватан» кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия буданд. Соли 1996 ман ба Россия назди бародари хурдиам Уктам рафтам. Аз Сафорат дидан карда, шеърамро ба консули вақт Абдуқодиров манзур намудам. Ба коргарони Сафорат шеърам писанд омад. 
Соли 2015, вақте ба Душанбе рафтам, ҳамкорони собиқам аз шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва сардухтуру кормандони навашон бо гулдастаҳои зебо маро пешвоз гирифта, бо шеъри «Ёди Ватан» такрор ба такрор маро фарёд мекарданд. Ман ҳайрон мондам, ки аз куҷо онҳо дар бораи шеърам дарак дошта, маро бо унвони он – «Ёди Ватан» нидо менамуданд. Баъдан, фаҳмидам, ки бо ташаббуси Сафорат шеърам дар рӯзномаи «Вечерный Душанбе» чоп шудааст ва ҳамватанонам, аллакай, маро мешиносанд. 
 
– Шеърҳоятон, воқеан, хеле муассиранд. Суханҳои Шумо ба дили шахсоне, ки дур аз Ватананд, марҳам аст.
– Сипос! Албатта, ҳамаи ин мисраъҳо дарди дил – эҳсоси маҳзунии дур аз Ватан, андуҳи рӯзгор, орзуву ормонҳои ман мебошанд. Вақте ки шеърҳоямро дар лагер ба муҳоҷирони афғонистонӣ мехондам, писандашон меомад ва маро руҳбаланд менамуданд, ки боз эҷод кунам. Шеъри дигарам дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки «Бигузор, Наврӯз биёяд!» ном дорад. Агар мумкин бошад, қироат намоям. 
– Албатта!
 
Пусть придёт Навруз
Был город наш красив и чист
Огни сияли до утра
Но тучи чёрные наплыли
И опустели города
Поля не спаханы годами
Остановились поезда
И разлетелись кто куда
Сестра, брат и сыновья 
Народ поднялся на борьбу
Еще незная что с ним будет за кем пойдет
Чего-то будет
Ведь с детства мы незнали правду
Что отправляли поезда с дарами 
солнца и пруда
Совсем в иные города
Народ прозрел хотя и поздно
Расправил плечи и взглянул
Глазами юными на мир
Начать пора нам строить мир
А сыновья пусть пашут мирные поля
И пусть исчезнут навсегда
Кровавые черные слова
«Қасос», «душман» и «ҷаноза».
Пусть льются песни соловья
Домой вернутся все друзья
Встречать их выйдет наш народ
Того кто ищет путь вперёд.
 
Медонам, ки суханҳои ман баландпарвозанд. Чунки ман дар ҳамин руҳия тарбия ёфтаам…
 
– Муҳаббат Абдуқодирова, зиндагӣ дар Шведсия аз Тоҷикистон чӣ фарқ дорад? 
– Ин ҷо мардум инсондӯстанд, ҳамаи қавму халқҳоро эҳтиром мекунанд, аммо бо ин ҳама, фарҳангу арзишҳо дигаранд. Дар Тоҷикистон аз худ калонро эҳтироми зиёд мекунанд. Масалан, вақте шахси калонсол ба автобус ворид мешавад, ҷавонон зуд хеста, ҷояшонро ба онҳо медиҳанд. Дар ин ҷо бошад, чунин нест. Ин ҷо ҳама чиз дигар аст… ҳама чиз.
 
– Ҳоло дар дили худ чӣ орзу мепарваред?
– Орзуи ман бозгашт ба Ватан аст. Мехоҳам охирин лаҳзаҳои умрамро он ҷо гузаронам ва макони охиринам дар канори хокҷойи модарам бошад…
 
– Барои Тоҷикистон ва мардуми сарзамини мо чӣ таманниёт доред?
– Пеш аз ҳама, барои Тоҷикистони азиз ва ҳамватанонам сулҳу оромӣ мехоҳам, то ки фарзандонамон ҷангро надонанд ва дар амонӣ умр ба сар баранд. Умуман, дар сайёра ҷанг набошад. Ҷанг бадбахтист.
Барои Тоҷикистон ва мардуми шарифи он шукуфоии аз ин бештарро мехоҳам. Ба Президенти маҳбубамон аз Худо умри дароз талаб мекунам, то сарзаминамонро боз ҳам ободу зеботар гардонанд. Ба онҳое, ки берун аз Ватан ҳастанд, таманно дорам, ки имконият дошта бошанд, ба Ватан баргашта, аз пешрафту ободии он ҳаловат баранд. Чунки дур аз Ватан сахту ғурбат аз он сангин аст. Бале, Ватан азизу ноёб аст!
 
Мусоҳибаи Моҳира САНГМАМАДОВА, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”
 
Санаи нашр: 22.08.2023 №: 169
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив