ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАВАЛЛУДИ БАЪДӢ

ТАВАЛЛУДИ БАЪДӢ

22 август 2023, Сешанбе
22
0
 
Дар бекаронаи осмон ситораҳои бешумор медурахшанд. Аммо касе намедонад, ки онҳо чаро медурахшанд? Чӣ рамзе доранд ё ҳикмате? Чунин ҳам мегӯянд, ки азизони мо ҳама ситора мешаванду дар осмон зиндагии ҷовидона меёбанд ва бо нигоҳи пурмуҷаллои худ моро фотиҳаи зиндагӣ медиҳанд. Намедонам, ки ин афсона аст ё ҳақиқат, аммо ман ҳам ба он бовар мекунам. Аз байни ситораҳои бешумор ситораи модарамро меҷӯям... 
Ҳама ҷо сокиту хомӯш, осмон пероҳани муҷаллои шабонаи худро ба бар карда. Ба ситораҳо менигараму хаёлам дигарбора китоби гузаштаро варақгардон мекунад: онҳое, ки умри ҷовидона ёфтаанд, сӯям чашмак мезананд, ба назарам чунин мерасад, ки ашкҳои маро пок мекунанд. Аз замин то осмон чанд фарсах роҳ бошад, ки онҳоро тай бикунам, то дигарбора, ақаллан, сонияе ҳам бошад, ба дидори модарам мушарраф гардам. Аммо, ситора аз ситора то қиёмат дурӣ меҷӯяду ҳарфҳоро дар дил маҳфуз медорад ва ин ҳарфҳои ногуфта чун ормону дард дили дардмандро мефишорад.
Осмони зиндагӣ дигар тиҳӣ гаштаву холигаҳи он дили маро мисоли анкабути сиёҳ мепечонаду мефишорад. Фарёд дар дилу ашк дар чашму дард дар ҷисм ҳастиямро месӯзонад. Намедонам онро чӣ гуна ном бигирам, шояд бо як калима метавон тафсир кард: бемодарӣ.
Наход он муҳаббате, ки зиндагиямро ширин мекард, дигар ба афсона мубаддал гашт?
Аз алам ҳар гуна фикрҳо ба сарам меоянд: ба фарзанд зиндагӣ бахшидану бо муҳаббат ошно кардан ва баъдан ӯро миёни замину осмон танҳо монда, тарк гуфтан тақдир бошад, чӣ зарурате буду ҳаст ба дунё омадан?
Вақте месӯзию хокистар намешавӣ, аланга мегирию ашки чашмҳо ҳам онро фурӯ намешинонад, зиндагӣ кӯчаку соя мегардад, сояе, ки хираву ранге надорад.
Замоне ман таваллуд шудам, модарам маро таваллуд кард, он таваллуди аввалини ман буд: зиндагӣ ман будаму модари ман буд, чунин мепиндоштам, ки бо ӯ зиндагиро шинохтам ва то он даме, ки ҳастам, модарам бо ман аст, аммо ин иштибоҳе беш набудааст. Рӯзе фаро расид, ки ӯ рафт. Ҳама муҳаббатҳоро хотира карду рафт. Ормонҳоро қиёматӣ карду рафт. Дидорро дар қиёмат монду рафт. Чӣ кор бикунам? Дунболи муҳаббати зиндагисози ӯ равам ё зиндагиро идома диҳам? Аммо чӣ гуна? Чӣ гуна давом диҳам зиндагиро чун шинохти он аслан модарам буда, ки маънӣ мебахшид. Бе ӯ чӣ ранге дорад зиндагӣ? Не рангеву не ҷилое. Соя аст он. Сояи хира, сояе, ки на ман асту на модарам. Чӣ ном ниҳам намедонам, шоядам бемодарист ин...
Ҳар субҳ чашм мекушодаму модарамро медидам. Бо дуои ширини ӯ рӯзи ман оғоз мешуд ва ҳамин дуо тамоми рӯз қувватам медод, ки дунболи корҳои худ ҷасурона қадам ниҳам ва ҷамъбасти рӯзи пурпечутоби ман низ бо дуои ширини модарам буд ва афсонаҳои кӯдакии ман низ аз дуои модарам илҳом мегирифтанд.
Ҷисме, ки аз сарчашмаи муҳаббат маҳрум шуд, дигар сояе беш нест. Намедонам он сояи кӣ аст, аз они ман ё модарам? Шояд бемодарист ин.
Яъне, зиндагӣ дигар нест ва ман ҳам нестам, чун модарам нест. Чашмҳои хираи ман дурахши ситораи модарамро дар осмони бекарона дида наметавонанд. Пиндорам, ки онҳо якгуна медурахшанду ҷило мезананд, шояд ҳарфҳои дили ман бо онҳо омезиш ёфта, намедонам, аммо он ҳама мисоли сояе аст. Сояе, ки хира–хира хиёле роҳ меравад...
Дунболи модарам меравам ба ҷустуҷӯи ситора. Боядам равам. Тасмимам қатъист, зеро дунё модар асту бо ӯ зеб дорад. Бе ӯ не рангеву не ҷилое, фақат сояест, ки зиндагӣ надорад.
Чун тасмими қатъӣ гирифтам, беихтиёр модарамро дидам: рӯбарӯям истодаву табассум дорад. Ҳайратам афзуд. Беҳуда ғам хӯрдаам, охир ӯ зинда аст, чаро, чаро моҳҳост, ки садои ӯро намешунавам, намебинам? То ин вақт куҷо буд, ки худро нишон намедод, шоядам маро озмоиш мекард, ки бе ӯ чӣ гуна зиндагӣ хоҳам кард? Оё метавонам ё не, чун дарк кард, ки бе ӯ ҳаёт нест, омад, ки ҷисми аз дарду ғам бемадоргаштаи маро ба оғӯши меҳрбораш фишорад ва гӯяд, ки он ҳама андуҳҳо, ҷудоиҳо хоби даҳшатангезе беш набудаанд ва зиндагӣ идома дорад, зеро ӯ баргашт.
Ман модарамро дидам. Ҳарфе нагуфт, ҷорӯб ба даст гирифт ва хоначаи маро рӯфт. Бароям наҳорӣ тайёр кард. Чӣ қадар пазмон шудаам мазаи хӯроки модарамро. Муроот кард, ки бихӯрам ва таъкид варзид, ки зудтар аз пайи корҳо шавам ва дунболи зиндагии хеш бошам. Яке ба ёдам омад, ки вақте зани бародарам тарки ин дунё карду ду духтарчаи хурдсол ятим монданд ва мисоле, ки умри бистуҳаштсолаи маро бо худ бурд, зиндагӣ мадори худро аз ман гирифт. Ҳамин гуна бе ҳиссу бе ёд мондам ман, аммо модарам мисоли ман болишти тарро оғӯш накард. Чун садои хурӯсонро мешунид, аз хоб бедор мешуд ва зиндагиро маҷро мебахшид. Ба ӯ менигаристаму мадор мегирифтам. Дар он рӯзҳои душвор модарам марову аҳли оиларо дигарбора қуввати зиндагӣ бахшид, то дар як ҷой пой накӯбем  ва ба пеш ҳаракат кунем.
Модарам ҳар замон мегуфт: “Ба дунё омада, вазифаамро иҷро кардам. Чор фарзандеро, ки ҳамаашон ба фоидаи ҷамъият кор мекунанд, ба дунё оварда, ба воя расондам. Худи ҳозир мурам ҳам, бе армон мемурам”.
Фариштаҳои раҳгузар “омин” гуфта буда ба ҳарфҳои модарам. Аслан, ки ҳар сухане, ки ӯ мегуфт, иҷро мешуд. Чанд рӯз пеш аз маргаш, додарам сафари Самарқанду Бухоро дошт. Саҳари рӯзи шанбе ҳини наҳорӣ дар омади гап модарам гуфт: – Ҳозир писарам меояду хонаам пури нон мешавад. Чизе нагуфтам, аммо ҳайрон шудам, зеро рӯзи бозгашти Мирзоанвар ҳоло маълум набуд ва ӯ аз раҳи дур бор бардошта омаданро ин қадар хуш ҳам надорад. Бештар, армуғонҳои боарзиши сабукро меовард, ҳол он ки нон вазни бисёр дорад. Аммо сухани модар рост баромад. Чанд соат пас, Мирзоанвар омад ва якчанд нонҳои калони самарқандӣ ҳамроҳ дошт. Ба қавли модарам, як танӯр нон овард. Баъдан вақте суханҳои модарамро таҳлил кардам, ҳамин ҳодиса ҳам ба ёдам омад. Чун Маҳбуба пурсид, ки модарам чӣ васият карда буд, боз ҳам ҳамин ҳарфҳои модарам ба ёдам омад, ки чун васият гуфта буд.
Суханони охирини модарамро чунин таъбир кардам: ба ҳар сухан, хоҳ нек бошаду хоҳ бад, фариштаҳои роҳгузар “омин” мегӯянд, барои ҳамин сухани некро бигӯ ва бовар бикун, ки ҳамон иҷро мешавад. Чун нон барои мардуми тоҷик рамзи зиндагӣ аст, дар мисоли нон сухани модар ба гӯши Худо бирасид чун навои ҷовидонаи зиндагӣ...
Рӯзе дари хона “тақ–тақ” шуд, баромадам. Бинам, як ҷӯгӣ. Салом додам. Ӯ ҳам алайк гирифту гуфт:
– Муаллимаро гӯед, сари қадам як дида равам.
Фаҳмидам, ки модарамро мепурсад. Чашмонам пури об шуданд. 
– Муаллима дигар ба пешвози шумо баромада наметавонанд.
Ҷӯгӣ дар ҷояш нишаста монд. Бе овоз ва талх гирист. 
– Охир, он кас инсони хуб буданд. Маро бисёр насиҳат мекарданд, борҳо таъкид мекарданд, ки духтаронамро хононам. Ба гапи муаллима даромада,  иҷозат додам, ки духтарҳоям ба мактаб раванд.
Ҳар нафаре, ки меомад, ҳарфе аз муҳаббатҳои худ мегуфт ва афсус мехӯрд...
Як ҳамсояе дорем, ки баъди марги модарам бемор шуд ва то ҳол табобат мегирад.
Миёни замину осмон танҳову ҳайрону бе кас мондам. На ҳуш дораму на ёд. Дар ҳар гӯшаву канори ҳавлӣ ӯро мекобаму намеёбам. Зори модар шудам, зори ҳарфҳои ӯ, муҳаббатҳои ӯ шудам. 
Азмам қатъӣ шуд, ки дунболи ӯ биравам. Модарам дигарбора маро боздошт.
– Ман дар зиндагӣ вазифаамро иҷро кардам. Ту чӣ?
Модарам дуруст мегӯяд, дар зиндагӣ ҳама рисолати худашро дорад. Худованд ҳар касро бо рисолате офарида? Пас рисолати ман чист?
Модарам рафт, муҳаббатҳояшро гирифту хотира кард. Танҳо модар аст, ки модарона дӯст медорад, бе интизорӣ. Ӯст, ки ҳикмати муҳаббатро меомӯзонад. Бе ғаразу тамаъ дӯст доштан будааст асли муҳаббат. Баъди ӯ фаҳмидам. Пас, акнун навбати ман аст, ки давоми муҳаббати беғаразу самимии ӯ бошам. Давоми модар ҳастам, чун гуноҳе ҳам дорам, ӯ аз ман наранҷидааст, зеро модарро Худованд тимсоли худаш офарида, бахшандаву меҳрубон. 
Аз чордарди марги модарам дубора таваллуд шудам, то ҳарфи пурмеҳри ӯро бигӯям, шояд ҳамин аст рисолати ман?!
 
Матлубаи ЁРМИРЗО, корманди моҳномаи «Паёми Суғд», шаҳри Хуҷанд
Санаи нашр: 22.08.2023 №: 169
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив