ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАБИБАХОН КАРИМОВА. БОНУЕ, КИ МАОРИФ МАЪНИИ ЗИНДАГИАШ БУД

ҲАБИБАХОН КАРИМОВА. БОНУЕ, КИ МАОРИФ МАЪНИИ ЗИНДАГИАШ БУД

23 август 2023, Чоршанбе
17
0
Шумо ҳамчун фидоии соҳаи маориф, омӯзгори нуктасанҷу дилсӯз ва пешоҳанги ҷодаи таълиму тадрис беҳтарин лаҳзаҳои умри бобаракататонро ба парваришу тарбияи фарзандони мардуми заҳматкаш бахшидаед.
Эмомалӣ РАҲМОН
                                                                                           
Бузургии инсонҳои шарифу некном, қабл аз ҳама, дар он муайян мешавад, ки дар талоши зиндагӣ ҷисману руҳан неруи зеҳниву ақлонии худро фидои  касби баргузидаву дӯстдоштаи худ мекунанд. Таҳлилу мушоҳидаҳо, мутолиаҳо,  суханҳои  намояндагони касбу кори гуногун дар бораи  фарди азизе, ки қаҳрамони ин навишта аст, эътирофи шахсияти мунири омӯзгор Ҳабибахон Каримова мебошад.
 
Ин бонуи хушҷавҳар, воқеан ҳам, роҳҳои пурпечутоби ҳаётро сарбаландона паси сар кардаву бо омӯзгорӣ дар ҷомеа ба мақоми баланд расид ва то ҳол эъзозу арҷгузорӣ мешавад. Бо ибораи устод Мирзо Турсунзода : “Ба ҳар кас дӯстрӯву ҳар хонаро зебанда гаштааст”. Шоир хуб фармуда: “Мурда он аст, ки номаш ба накуӣ набаранд!”.  Ҳабибахон Каримова бо вуҷуди он ки ҷисман дар байни мо нестанд, аммо номашон зинда аст. Аз омӯзгори ростин будани ин зани қавиирода то ҳанӯз мегӯянду менависанд.
Мавсуф модари мушфиқу ғамхори фарзандон, фидоии соҳаи маориф, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Муаллимаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, шаҳрванди фахрии шаҳри Конибодом буда, бо фаъолияти  пурсамару мондагор дар соҳаи маориф ифтихори миллати мо шудааст.
Фасли баҳори соли 2008 шарафёб шудам, то бо Ҳабибахон Каримова  дар ҳавлиаш  суҳбат ороям. Он лаҳзаҳо то ҳанӯз аз хотир зудуда нашудаанд. Меҳвари асосии он суҳбат оид ба омӯзгорӣ, мақому манзалати ин пешаи муқаддас ва, албатта, саҳми бонувон дар  ташаккули соҳаи маорифи Тоҷикистон, буд. Он зери унвони “Омӯзгорӣ касби меросии мост” дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”  рӯи чоп омад.  Дар ин гуфтумон Ҳабибахон Каримова иброз дошта, ки муҳити хонаводагӣ  ҷиҳати интихоби касби омӯзгорӣ созгор афтода буд. 
Вақте Ҳабибахон 4-5-сола буд, аллакай,  бародарони бузургаш Нуъмониддин ва Ҳилолиддин дар Тошканду Боку таҳсили илм дошта, ҳамдиёрон аз онҳо эҳсоси ифтихор мекарданд. Ҳар боре, ки онҳо ба шаҳри Конибодом  ба таътил меомаданд, бо ҳавас менигаристу, аллакай, дар дил орзуи чун бародарон таҳсил карданро мепарварид. Ҳатто, бозии ӯ бо ҳамсолонаш на сангчабозиву лӯхтакбозӣ,  балки мактаббозӣ буду ҳамсолонашро дар тақлиди омӯзгорон  дарс  мегуфт. Боре Ҳабиба чунон саргарми мактаббозӣ шуд, ки  ба ҳавлӣ воридшавии  бародараш Ҳилолиддинро аз шаҳри Тошканд пай набурд. Ҳилолиддин аз ин бозии зебову пурмазмуни хоҳар ба ваҷд омада гуфт: “Офарин, Ҳабиба! Ту, албатта, муаллима хоҳӣ шуд. Ту муаллимаи нағз мешавӣ”.
Қалби кӯчаку беғубори хоҳарашро ба ин касби муқаддаси омӯзгорӣ боз ҳам гарм карда буд бо ин ҳарфҳои самимӣ. Махсус зикр бояд кард, ки падари Ҳабибахон – Карим Нурмуҳаммад дар Конибодом чун марди босаводу тоҷири муваффақи  замон, модараш Марҳаматбону чун духтари босаводу огоҳ шинохта буданд. Ҳар ду ҳам аз табақаи пешқадам, аз ҷумлаи босаводони диёр, маҳсуб меёфтанд. 
– Ман, муаллима Ҳабибахон Каримова, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ намебудам, агар дар аёми кӯдакӣ, солҳои 20-30-юми асри гузашта падару модарам, бародарону хоҳаронам шавқу завқ ва ғайрати донишомӯзиамро дастгирӣ намекарданд. Аз таҷрибаи донишомӯзӣ ва 51 соли фаъолияти омӯзгорӣ хулоса кардам, ки дар таҳсили фарзанд, хусусан, маълумотнокшавии духтарон, пеш аз ҳама, хоҳишу дастгирии волидон нақши муҳим дорад, - гуфтааст қаҳрамони мо дар яке аз мусоҳибаҳояш.
Ҳабибахон Каримова аз 7-солагӣ дар мактаби ибтидоии “Намуна” таҳсил карда, баъди хатми он ба педкомбинат (Коллеҷи омӯзгории ҳозираи Конибодом) дохил шуд. Ба хотири бо баҳои аъло таҳсил кардан ва хеле фаъол будан дар машғулиятҳо, аз курси охирини педкомбинат ба маъракаи дар он солҳо басо муҳим – маҳви бесаводӣ сафарбар шуд. Дар ин раванди маърифатбахшии ҳамагонӣ чун фаъоли ихтиёрӣ (солҳои 1936-1941) иштирок дошт ва ҳазорон мардумро ба омӯзишу хониш даъват кард. 
– То ҳамин дараҷа худро хушбахт ҳис карда, дар осмони ҳафтуми орзуҳо парвоз доштам, ки акнун ман низ чун бародаронам муаллим хоҳам шуд. Гуруснагӣ, ташнагӣ эҳсос намешуд. Дар пеш як ҳадаф буд: ба зудӣ маълумоти зиёд гирифтан, донишу фаҳмишро афзудан ва ба мақоми баланди муаллимӣ расидан, – аз хотираҳои он солҳо ёдрас мешуд  Ҳабибахон Каримова.
Ӯ пас аз хатми педкомбинат дар давоми солҳои 1937-1942 ба ҳайси муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби ба номи Чапаев, солҳои 1942-1949 мудири қисми илмии он ва аз соли 1949 то ба нафақа баромадан, вазифаи директории ин мактабро  бо як ифтихори касбӣ ба уҳда дошт. Ба ин даргоҳи маърифат ҳастии хешро бахшид. Ҳар зарра хок, ҳар як ниҳол, дару девор ва мизу курсии онро азиз медошт ва гӯё хонаи аслиаш ҳамин ҷо буд. Пайваста ба ҳамкасбону шогирдон аз моҳияти мактаб сухан мегуфт ва зуд-зуд мисраъҳои шоир Пайрав Сулаймониро вирди забон меовард:
Мактабам боғи бехазонам ту,
Мактабам умри ҷовидонам ту!
  
Дар давраи сарварии муаллима мактаби куҳна пурра навсозӣ шуда, ба як мактаби замонавии мутобиқ ба талаботи давр, ба мактаби таҷрибаи пешрафтаи касбӣ, ба мактаби такягоҳӣ ва базавӣ мубаддал шуд. Солҳои 1962 ва 1964 дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқҳои шуравӣ хонандагону масъулони мактаб иштирок ва бо медалҳои тиллову нуқра сазовар гаштанд. Ин муассиса ҳоло номи Ҳабибахон Каримоваро дорад. Ҳар омӯзгоре, ки ин ҷо  фаъолият дорад, фарогири  ҳисси ифтихору масъулият мешавад ва ба тарбияи насли наврас ҷиддан машғул мегардад, зеро обрӯву эътибори ин шахсияти номвар намегузорад, то дар кори маориф бемасъулиятӣ зоҳир шавад. 
Мавсуф дар давоми фаъолият ҷиҳати ширкат дар хонишҳои омӯзгории умумииттифоқӣ, ки ба гӯшаҳои гуногуни мамлакати бузурги шуравӣ, ба монанди Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург), Свердловск (ҳоло Екатеринбург), Алмаато сафар карда, аз таҷрибаҳои ғании омӯзгории хеш суханрониҳо дошт.
Профессор Абдуваҳҳоб Воҳидов, доктори илмҳои иқтисодӣ, дар меҳрномаи хеш ба унвонии муаллима Ҳабибахон Каримова навиштааст: “Муаллима дар миёни шогирдон ба ситораи тобоне шабоҳат дорад. Танҳо ӯ аз ситорагони тобони заминист, ки дилу дидаи насли башарро нуру зиёи маърифат мебахшад. Муаллима аз пешаи худ ифтихор карда, доимо таъкид дошт, ки дар фаъолияти беш аз нимасраи худ чандин насли наврасро таълиму тарбия бахшид, ки имрӯз ба нафъи ҷамъият хидмат мекунанд”.
Ҳабибахон Каримова на фақат дар иҷрои рисолати хеш – ба камол расондани насли нав, балки дар таълими босифат ва муосир (модерн)  талош меварзиду пайваста дар такопӯ буд. Ифтихори ҳамкасбону зиёиёни давр ба ҳисоб мерафт, ҳамчунин, дар оиладорӣ ва тарбияи фарзандон низ миёни ҳамдиёрон намунаи ибрат буд. 
Дар иртибот ба оилаи муаллима Ҳабибахон Каримова устод Ҷалол Икромӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дар меҳрномаи худ навиштааст: “Риоя гардидани суннати Расули Худоро ман дар симо ва рафтори шумоён ба хубӣ мушоҳида кардам. Аҷиб, чунин оилаҳо, ки зану шавҳар тамоми умр якдигарро “шумо” гӯянду иззату эҳтиромашонро ба ҷой оранд, каманд. Ҷавонмардӣ ва лутфу эҳсони шумо хеле болост. Ҷонам фидои чунин мардуми олигуҳар! Ба зиндагии якҷоя, кору фаъолият ва рӯзгордории шумо ҳаваси кас меояд”.
– Борҳо иқрор шудаму мешавам, ки боиси ифтихору сарбаландии ман фарзандони қобили меҳнат ва соҳиби кори ба худ муносиби мо мебошанд. Шукргузорам, ки Худо маро бо фарзандони хубу солеҳу шоиста: Иноятхон, Анварҷон, Саодатхон,  Рустамҷон ва Марҳабохон ва набераҳои дӯстрӯю ширин лоиқ донист, ки ҳама хизмати Ватанро ба ҷо оварда, шахсони шинохтаи соҳаи хешанд. Марҳабохон то ба муовинии Сарвазири мамлакат расид. Оё аз ин дида боз бахту иқболи баланде ҳаст барои модар? – афзуда буд Ҳабибахон Каримова.
Файласуфи бузурги Юнони Қадим Суқрот фармуда: “Ҳар халқ, маҳалу диёр дар симои фарзандони худ офтоби худро доранд, ки бо мурури замон дурахшида, нурпошӣ мекунаду гармӣ мебахшад”. Бешубҳа, Ҳабибахон офтоби маърифат буд ва савоби бузурге ба номаш навишта шуда, зеро илму дониши худро барои чанд насли мардуми тоҷик мерос монда рафт ва он дониш мисли дарё ҳанӯз ҳам ҷорист. Чунин Офтоб беғуруб аст, чунин дарё ҳамешаҷорист, чунин ному насаб дар лавҳаи дили ояндаҳо низ зинда аст ва он Ҳабибахон Каримова мебошад!
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.08.2023 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив