ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИНСОФ ҲАМ ДАРКОР

ИНСОФ ҲАМ ДАРКОР

28 август 2023, Душанбе
38
0
Рӯзи истироҳатӣ. Ҳавои гарму тоқатфарсои тобистон. Нисфирӯзӣ  бо як ҳамсоя вохӯрдам, ки аз бозор ба деҳа меомад.  
– Салом. Чӣ хел шумо? Аз куҷо меоед? – гуфта аҳволпурсӣ кардам.
– Э биё мон-е. Садқаи одаму одамгарӣ шаванд. Инсоф ҳам даркор-ку, – бе салому паём ба шикоят оғоз кард, ҳамсоя.
Аз ин посух ҳайрон мондам. Ба кӣ ва барои чи ин тавр гуфтанашро нафаҳмидам. Ҳис кардам, ки бо ӯ чи воқеаи нохубе гузаштааст. Дубора пурсидамаш: 
– Чӣ шуд? Ба хайр аст? 
– Чӣ хел ба хайр? Як шиму кастуми кӯдаконаро бо нархи 750 сомонӣ харидам. Нархи дигар лавозимоти хониш дар осмон. Болои “сӯхта намакоб”, омӯзгори писарам занг зад, ки сарулибоси мактабиро бояд ва ҳатман аз муассисаи таълимӣ мехаридаем, – гуфт ва эҳсос мешуд, ки дуд аз димоғаш баромадааст.
Воқеан ҳам, имрӯз барои аксари падару модарон, мавсими омодагӣ ба соли нави хониш гарон афтодааст. Чунки аксари оилаҳо бештар аз 2 фарзанди  мактабхон доранд. Тасаввур кунед, барои ҳар яки онҳо дар як вақт сарулибос ва лавозимоти хониш лозим мешавад, ки падару модар ҷуз таъмини онҳо чорае надоранд.
Саволе ба миён меояд, ки чаро сарулибос ва лавозимоти мактабиро пештар не, балки наздик ба оғози соли таҳсил ба фурӯш мебароранд ва нарх ҳам тағйир меёбад? Агар силсилаи мағозаҳое бошанд, ки пайваста ба фурӯши чунин мол машғул ва рақобати солимро дар бозор нигоҳ доранд, шояд нарх беҳтар танзим шавад. Масалан, як шаҳрванд тавонад, ҳамон моле, ки имрӯз бояд бихарад, пештар ҳам ба он дастрасӣ дошта бошад. Дар ин ҳол метавонад, ҳар моҳе бо навбат ба кӯдаконаш либос ва лавозимоти даркориро дарёфт намояд. 
Вобаста ба ин масъала аз бархе шаҳрвандон назар гирифтем. Бахтиёр Одинаев, сокини шаҳри Ваҳдат иброз дошт: “Як моҳ пештар барои харидани либоси мактабӣ ба бозор рафта будам. Дар бозор сарулибоси мактабӣ ба чашм намерасид. Чор фарзанд дорам, ки 3-тояш ба мактаб меравад. Ҳоло танҳо як фарзандамро ба шиму кастум ва дигар лозимиҳо таъмин карда тавонистам. Нарх хеле гарон аст. Барои таъмини онҳо, дар як вақт, зӯрам намерасад”. 
Худ низ чунин аҳволро мушоҳида кардам. Барои харидани баъзе лавозимот, ки ба писари хоҳарам лозим буд, ба бозор рафтем. Ярмаркаи мактабӣ. Анбӯҳи одамон гирди ҳар дукон ё растае “парвона” буданд. Мо низ шоҳиди гаронии нарх дар ин мавсим гаштем. 
Табиист, ки дар аксар маврид, бо зиёд шудани талабот нархи маҳсулот ва ё дигар лавозимот боло меравад, аммо, ин ҷо аксари фурӯшандаҳо аз “мавсим” истифода бурда, то оғози соли таҳсил  нархро мутобиқ ба хостаҳои худ  боло мебаранд. Ба қавле, худашон шоҳу таъбашон вазир аст. Чун мардум ба ҳамин коло эҳтиёҷ доранд, ноилоҷ мехаранд. 
Гумон мекунам ин нархбардориҳо дар ҳар мавсиме миёни савдогарҳо як нав мӯд шудааст, ки аксари мардум аз он нигаронанд. Саволи матраҳ ин аст, ки кӣ бояд пеши роҳи ин бенизомиро бигирад?  
 
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.08.2023 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив