ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН 30-СОЛА ШУД

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН 30-СОЛА ШУД

05 сентябр 2023, Сешанбе
220
0

 

 
Рушди ҳар ҷомеа ба низоми илму маорифи он робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сатҳи дониш ва саводнокии аҳли ҷомеа мондагории ҳар як давлату миллатро дар саҳифаҳои таърихи инсоният таъмин менамояд. Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдории миллӣ,  дар баробари таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа, ба рушди соҳаи  илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, соҳаи маорифро ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ меҳисобанд. Дар  воқеъ, даврони соҳибистиқлолӣ ин худ як марҳилаи амалишавии орзуву ормонҳо, нақшаҳои азими созандагӣ, ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими сулҳу субот ва ноил шудан ба зиндагии шоиста маҳсуб мегардад, барои фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки худ меваи соҳибистиқлолист, илҳоми тоза бахшид.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон моҳи августи соли 1993 таъсис ёфта, соли равон ба таъсиси он 30 сол пур мешавад. Дар ин давраи начандон тулонӣ Донишгоҳ тавонист, ки ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузтарини кишвар мубаддал гардад ва дар даҳгонаи донишгоҳҳои беҳтарин қарор бигирад. Дар тули 30 соли мавҷудияти Донишгоҳ воқеаҳои муҳиму муҳташаме ба вуқуъ омаданд, ки дар таърихи он бо хатҳои заррин сабт шудаанд. 
Бахусус,  бо  ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтани корҳои сохтмонӣ дар соли 2008, дар вазъияти тантанавӣ ба истифода супурдани бинои нави таълимӣ дар соли 2011, моҳи ноябри соли 2022 дар раванди корҳои созандагӣ ва таҷлили Ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани бинои маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳ бо тамоми шароитҳои зарурии муосир, дар  мустаҳкам гардидани заминаҳои моддиву техникии он мусоидат намуд ва ин марҳилаи сифатан нави рушду такомули ин маъвои саодати маънавӣ ба ҳисоб меравад.
Рисолати таърихии Донишгоҳ ба шарофати соҳибистиқлолӣ мазмуну мундариҷаи тозаро касб намуд ва имрӯз Донишгоҳ дар асоси Иҷозатнома аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда, инчунин, Шаҳодатномаи аккредитатсияи давлативу байналмилалӣ фаъолият дорад.
Агар ба соли аввали таъсисёбии Донишгоҳ  мавҷудияти 2 факултет, 4 кафедра ва 300 донишҷӯ рост ояд, имрӯз теъдоди факултетҳо ба 7, кафедра ба 29 адад ва шумораи донишҷӯён наздик ба 8000 нафар расидааст. 
Агар дар солҳои аввали таъсисёбии Донишгоҳ 63 омӯзгор, аз ҷумла 5 доктори илм, профессор, 2 номзади илм, дотсент фаъолият дошта бошанд, айни замон ба раванди таълиму тарбияи донишҷӯён 341 омӯзгор, аз ҷумла 21 доктори илм, профессор, 150 номзади илм, дотсент  ҷалб гардидааст. Ҳамзамон, Донишгоҳ бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таҷрибаомӯзӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкунандагон бо 167 корхонаю ташкилот  шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст. 
Айни ҳол дар фаъолияти илмиву таълимии Донишгоҳ 1339 компютер, 95-то ноутбук, 212-то принтер, 160-то УПС, 12-то сканер, 193 проектор, 61 тахтаи электронӣ ва 201 камераҳои назоратӣ ва 39-то телевизор мавриди истифода қарор дорад.  
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар солҳои аввали фаъолияти худ Донишгоҳ танҳо аз рӯи 7 ихтисос мутахассис  омода  менамуд. Ҳоло бошад, омода намудани мутахассисон аз рӯи 43 ихтисоси наву замонавӣ, вобаста ба самтҳои ҳуқуқшиносӣ, хадамоти гумрук, сиёсати дохиливу хориҷӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, соҳибкорӣ, молия, иқтисод, идоракунӣ, инноватсия, телекоммуникатсия, системаи иттилоотӣ, муҳосибот, андоз, аудит, омор, соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ, таъмини забонии робитаҳои байнифарҳангӣ, маркетинг ва ревизия ба роҳ монда шудааст.
Инак, дар тули 30 соли мавҷудияташ ин боргоҳи маърифат ба яке аз муассисаҳои бонуфузи соҳаи маориф ва илми  кишвар табдил ёфта, имрӯз бо умеди тоза ҷониби оянда қадамҳои боэътимод мегузорад. Боиси ифтихор аст, ки Донишгоҳ давоми фаъолияташ зиёда аз 18 ҳазор мутахассиси соҳибтахассус ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро омода намудааст. Хатмкардагони  он дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он – вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои молиявӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ  фаъолияти босамар доранд. 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон мунтазам таъкид менамоянд, ки мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем. Дар ҳошияи ин дастурҳо бори нахуст байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ихтисосҳои Донишгоҳ соҳиби Шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид, ки ин падидаи муҳим ва дастоварди беназири соҳаи маориф арзёбӣ ва як қадами устувор дар роҳи ворид гардидан ба фазои таҳсилот ва рейтинги байналмилалӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад.
Таҳкими заминаҳои моддию техникии раванди таълим ва пажӯҳишоти илмӣ, фаъолияти босамари лабораторияҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосири инноватсионӣ, толорҳои барҳаво, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, марказҳои компютерӣ ва тестӣ, марказҳои омӯзиши Аврупо ва забонҳо, парки технологӣ, маҷмааи варзиш, маркази таҳсилоти рақамӣ, хобгоҳи замонавӣ, идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, кор бо барномаҳои байналмилалӣ, таҷрибаомӯзӣ дар коргоҳу муассисаҳои пешқадам шароити мусоидест, ки барои таълиму тарбияи насли ояндасоз фароҳам оварда шудааст.
Дар ин давра фаъолияти илмии Донишгоҳ ба мутамарказондани неруҳои илмӣ, ташаккули доираи пажӯҳишот, ҷалби самарабахши неруҳои зеҳнӣ ба раванди таҳқиқот, мусоидат ба раванди самараноки омода намудани кадрҳои илмӣ, ташаккули инфрасохтори инноватсионии Донишгоҳ, таҳкими фаъолияти инноватсионӣ, инкишофи заминаҳои моддиву техникии раванди корҳои илмӣ равона гардид. Тибқи  фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27 октябри соли 2017,  №46  дар назди Донишгоҳ таъсис ёфтани Шурои диссертатсионии 6D.KOA-023 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD),  доктор аз рӯи ихтисос доир ба ихтисоси 6D050600 – иқтисодиёт ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯи ихтисоси 08.00.05-иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо барои омода намудани кадрҳои илмӣ ва зиёдшавии теъдоди олимони ҷавони дараҷа ва унвони илмидошта заминаи мусоид фароҳам меоварад.  
Имрӯз Донишгоҳ фаъолияти байналмилалиро бо шарикон ва ҳамкорони хориҷӣ густариш бахшида, дар ин раванд бо 86 муассисаи таълимиву марказҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст. 
Ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Темпус, Эразмус Мундус ва Эразмус+, Маркази Конфутсий, Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар донишгоҳҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.
Донишгоҳ узви донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай, Лигаи донишгоҳии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё мебошад. 
Идомаи таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, бахусус ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Россия, Белоруссия, Ӯзбекистон ва донишгоҳҳои кишварҳои Аврупою Амрико  доимӣ ба роҳ монда шудааст.  
Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни вазоратҳои маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расида, дар ҳамкории Донишкадаи ҳуқуқшиносии Тошкент, Донишкадаи молияи Тошкент ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар пойгоҳи ҷониби тоҷикистонӣ сохтори нави таълимӣ – факултети муштарак ташкил шудааст. Факултети муштарак  аз рӯи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқшиносии байналмилалӣ, кори бонкӣ, молия ва қарз мутахассисонро омода менамояд. Ихтисосҳои зикршуда дорои сертификати аккредитатсияи байналмилалӣ буда, ба хатмкунандагон дипломҳои расмии ҳар ду давлат дода мешаванд. 
Имрӯзҳо бо истифода аз имкониятҳо донишҷӯён дар раванди ташаккули фаъолияти таълимӣ, илмию таҳқиқотии Донишгоҳ ва баланд бардоштани нуфузи он дар байни муассисаҳои дигари таҳсилоти олӣ саҳми назаррас мегузоранд. 
Дар сатҳи баланд баргузор гардидани даври донишгоҳии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” бо ҷалби васеи омӯзгорон, докторантон, магистрантону донишҷӯён ва иштироку ғолиб гардидани онҳо дар давраҳои минбаъда, ғолибияти донишҷӯён дар олимпиадаҳои илмӣ ва мусобиқаҳои варзишии байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, дар доираи эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ҷорӣ намудани ихтисосҳои информатика, математика – информатика, соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар риштаи илмҳои физика – математика аз дастовард ва тадбирҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. 
Саҳифаҳои таърихи Донишгоҳ бозгӯи онанд, ки дар такя ба тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат бунёд, таъмиру азнавсозии иншооти муҳим, бахусус ифтитоҳи нахустин синфхонаи компютерӣ (1995), матбааи хурди Донишгоҳ (2000), бинои нави китобхона (2006),  хобгоҳи Донишгоҳ (2008), бинои нави таълимӣ (2011),  осорхона (2010),  Литсейи назди ДДҲБСТ (2011), таъсиси парки технологӣ (2012), азнавсозии даромадгоҳи асосии Донишгоҳ ва таъмири маҷлисгоҳ бо насби экрани калонҳаҷм (18м2) (2018), маҷмааи варзишии дуошёна бо тамоми шароитҳои зарурӣ муҷаҳҳаз бо лавозимоти варзишии муосир (2019), бинои дуошёна барои факултети муштарк бо лавозимоти техникиву таълимии мусоир (2020), бинои дуошёнаи маркази таҳсилоти рақамӣ бо фарогирии 20 синфхонаи таълимӣ, 3 ҳуҷраи лексионӣ, 4 ҳуҷраи корӣ барои устодон, маркази тестӣ, ҳуҷраҳои алоҳида барои маркази таҳқиқотии таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат, маркази таълимии хизматрасонии бонкии “Амонатбонк”, “Тавҳидбонк” ва “Матин”, синфхонаи “Иқтисодиёт дар замони истиқлол”, маркази таҳсилоти рақамӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, лабораторияи криминалистӣ, маркази шуғли фосилавии парки технологӣ, толори лексионии инноватсионӣ ва студияи сабти барномаҳои телевизионӣ бо шароитҳои муосиртарини таълим (2022) барои рушди зинаи таҳсилоти олӣ ва таҳкими заминаҳои моддию техникӣ  мусоидат намуда истодааст. 
Ҳоло бунёд ва азнавсозии иншооти сохтмонаш нотамоми маҷлисгоҳ барои 800 ҷойи нишаст идома дошта, ҳамзамон, раёсати Донишгоҳ сохтмони бинои истиқоматии баландошёнаро барои омӯзгорону кормандон, ки ҷиҳати оғози сохтмони он санаи 15 ноябри соли равон Пешвои муаззами миллат санги асос гузоштанд то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳои муҳиму муҳташаме, ки Ҳукумати кишварамон пешбинӣ менамояд, ҷомеаи меҳнатӣ ва кулли донишҷӯёни Донишгоҳ ба хотири беш аз пеш беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ояндасози Меҳан, таъмини пешрафти илм, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи илму истеҳсолот, вусъати тафаккури илмию иттилоотӣ, баланд бардоштани савияи илмии ҷавонони соҳибмаърифат тадбирҳои судманд андешида, барои шукуфоӣ ва пешрафти Ватани азизамон кӯшишу ғайрат менамоянд ва Ҷашни барои ҳар яки мо муқаддас – 35-солагии Истиқлоли давлатиамонро бо дастовардҳои назаррас таҷлил хоҳанд намуд.
 
Мӯъминҷон ШАРИФЗОДА, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
 
Санаи нашр: 05.09.2023 №: 178
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив