ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҒАМХӮРАКИ МОДАР

ҒАМХӮРАКИ МОДАР

05 сентябр 2023, Сешанбе
14
0
 
Новелла
Хона омадам бо шитоб, то модарамро хабар гирам, аз дидори ғаниматаш баҳра барам. Ҳамчунин, бипурсам, ки ӯ маро дар айёми тифлӣ бо чи ранҷу азобҳо бузург карда, суруди аллааш чи гуна буда ва чи дуоҳое хонда барои ман.
 
Дар саҳни ҳавлии модар келинҳо давуғеч доштанд.  – Модарам куҷост? – мепурсам баъди аҳволпурсӣ.
– Онҳо гуфтанд, ки модар камтар нотоб асту дар хона хоб. Рафтам пешаш. Дар бистари беморӣ печида дидам.
Модар, оҳ, модар. Чӣ хел овозамро шунид, ки аз ҷо нимхез шуд.
– Мара дар ҳаму қошу аврут букуша, бачаме. Модаратро ёд кардӣ,  хабаргирӣ  омадӣ, хуш омадӣ!
– Ҳа, ҳам хабаргирӣ, ҳам дуогирӣ!
– Эй  бачаме, ма дуои ҷони тура бист сол боз мекунам, бист сол боз дар ғами ту месӯзам!
– Чӣ хел модар, ман нашунидаам, – гуфтам бо ҳазл.
– Аз айёми тифлӣ то имрӯз кори ман дар ҳаққи ту дуои давлат кардан аст. Модар аз ҷояш хеста, назди оташдон рафт. Ба қафо гашта як асроромез нигоҳ карду гуфт:
– Бачам як-ду рӯз меҳмон шав, ҳозир як хӯроки болаззат бароят мепазам, ки хӯрда роҳат кунӣ. 
– Ташвиш накаш, модар, беҳтараш хоб рав келинҳоят хӯрок мепазанд.
– Ғамхӯраки модаре. Ту дар шаҳрӣ, чи медонӣ аҳволи модари пирата, як меоӣ, камтар меистӣ ва боз ба ҳаму шаҳри худат мерай, ма мемонуму ҳами кулбаи бобоит. Охир, ман худам нахезам, ба дасти худам хӯрок напазам, дилам қарор намегирад, мефаҳмӣ?
Дег меҷӯшид, модарам сабзиву пиёз андохта, аз алафҳои доругӣ истифода бурд, ба таги дегдон алов монда, зери лаб чизе гуфт. Шояд модарам дуои ҷони маро дошт. Медидам, ки хеле бармаҳал пир шудааст, бори ғами фарзандон, зиндагӣ  мӯи сарашро сапеду қоматашро чанг кардааст. Ҳатто, осори ғам дар роҳгардӣ, имову ишораҳояш ҳис мегардад. Овозаш меларзад, ғамбода дорад ӯ, аммо хомӯш аст, гӯё намехоҳад ғамашро дуним созад. Яқин медонам, ки ин ғаму дардро модар, ба қавли худаш, “оқибат ба гӯр мебарад”-у аммо бо касе шикоят ё рози дил намекунад.
Тамоми вуҷудам сӯхт ба ҳоли модари муштипарам. Дидам, ки доруҳои овардаамро боз нахӯрдааст. Аз оқибати нохуше дилам гувоҳӣ доду сиёҳ гашт. Мисли гунаҳгоре  сархаму малул, хотирпарешон берун баромадам. Хонаву дари як вақтҳо бароям азизу шинос бегона тофт. Як гӯшаи таъмир надидаву оғили холии гӯсфандон ва дуртар шоху панҷаҳои шикаставу парешони дарахти пир сахт хиҷилам кард. Дарахти пири афтодаи анҷирро шинохтам. Ба ёдам расид, ки айёми мактабхонӣ таҳи ана ҳамин ниҳоли анҷир макони бозӣ, ҳазлу шӯхии мо буд. Эҳа, аз мевааш чӣ  қадар мехӯрдем. Афсус, он рӯзҳо бебозгашт гузаштанд. Анҷир ҳам пир шуд. Акнун як тану шохҳои бебаргаш монда.
– Модар, чӣ мепазӣ ?
– Отала, ҷони ширини модар.
– Биё, модарҷон худатро ғам надеҳ, пир шудаӣ, боз касалманд ҳастӣ!
– Эй бачаме, ҳоли ман қуввату ғайрат дорум. Ана мебинӣ чӣ хел хӯроки бомаза мешава.
– Охир, ман серам, модар ! Дилам чизе намекашад! 
Модар аз ин гапҳоям каме ранҷид, ки ошуфтаву парешон гуфт:
– Бачам ҳамаашро медонам, ки дилат ба модарат, ҳатто ба ниҳолони ҳавлӣ месӯзад.
– Не, модар вақте сиҳат шавӣ, баъд хӯрок мепазӣ, – яке аз даҳонам баромад ин гап, – ҳозир дам гир.
Димоғи модарам каме сӯхт, чизе нагуфт. Аз бари дегаш дур нашуда, хаёлмандона дегро мекофт, мазаи оталаашро мечашид. Дилам ба ҳолаш сӯхт. Ба ҳоли ягона ганҷам, давлату дороиям дар ин дунёи бесоҳиб сӯхт. Хостам ин  дам барояш сухани саршор аз сипос ёбам, аммо чизе гуфта натавонистаму панҷаи яъсу ноумедӣ дар вуҷудам чира шуд. 
– Бачам, чи ба хаёл рафтаӣ, – гӯё аз таги дилам огоҳ шуда бошад, – пурсид модар. – Қоидаи дунё ҳамин аст, бачам. Одам, ки ба дунё омад, боз як рӯз онро хоҳу нохоҳ тарк мекунад.
Ин гапҳои таҳдори модар риштаи хобу хаёламро барканду ташвише ба дилам ҷо гирифт. Акнун нигоҳам ба модар буду хаёлам дар сари шохаҳои шикастаю урёни анҷири пир.
Модарам рангзарду пажмурда шудааст. Қоматаш хам, базӯр роҳ гашта, худашро ноаён бардам нишон додан мехост. Дарди бедавои ӯро ҳис кардам, аммо қувваи тасаллӣ додан надоштам.
Оталаи модар ҳам омода шуд. Дар табақ якҷо хӯрок хӯрдем. Модар ба  хӯрдани боиштиҳои ман бо ҳавас нигоҳ карда афзуд:
– Дидӣ, бачам, чӣ хел, хӯроки пухтаи модарат бамаза будаст.
– Модар, ин ҳунаратро келинҳо ёд гирифтанд?
– Эҳа, бачаи сода, онҳо ҳам хӯроки болаззат мепазанд, лекин ту ҷони ширини модарӣ, аз ин рӯ, имрӯз бароят худам хӯрок пухтам.
Баъди чошт бинам модар дар лаби суфа танҳо нишаставу нигоҳаш боз ғамолуду хира, ошуфтахотир. 
– Боз чӣ ғам мехӯрӣ? Доим побанди фикру хаёлӣ? – гуфтам ноилоҷ хомӯширо шикаста.
Модарам як нигоҳ карду оҳи бадарде кашида гуфт:
– Мефаҳмам, ба шаҳр дилат кашол, баргаштан мехоҳӣ... Бачам, зиндагӣ ба роҳи худаш. Рав аз паи кору борат шав, ғами маро нахӯр. 
Мани ба қавле шаҳрӣ дур аз деҳа, дур аз кӯчаҳои хурду хонаҳои пастаки зодгоҳ бори дигар бузургӣ, тавоноии модари муштипарамро эҳсос кардам. Мехостам болу пар бароварда ҳар шом баъди кор наздаш равам ба деҳа, хумори дидори азизашро бишканам, чӣ хел дар лаби ҷойнамоз нишаста дуои ҷони фарзанд карданашро бинам.
Модарам баъди сукути тулонӣ оҳи бадарде кашид. Ба рухсораҳои сапеду ожангҳои рӯяш нигоҳ кардаму дилам яке таҳ кашид. Аз пешомади нохушие дилам гувоҳӣ дод.
Дарди модарам кай шифо меёбад? Чаро ӯ худашро сиҳат нишон медиҳад, чаро “офтоби сари кӯҳем”-ро ҳар замон такрор дорад?
Не, не, ин хаёлҳои хомро аз сарам дур бояд дорам. Модарам он қадар пир не, Худо хоҳад, шифо меёбад.
Модарам аз андешаҳои ман огоҳ шуда, ғамгинона гуфт: 
– Бачаи ҷун, дигар мара ғам надеҳ. Духтур ҳам набар, мон боқии умрамро осуда, бе уколу дору гузаронам. Аз дусар дардам бедавост.
– Не, модари ҷон духтурҳо гуфтанд, ки шифо меёбӣ, танҳо доруҳоятро сари вақт хӯрдан лозим. Фикру ғами беҳуда аз пой меғалтонад.
Боз сарамро мисли айёми кӯдакӣ  сила кард. Дуои ҷонамро карду ашк рехт. Гиряҳояи пурсӯзи модарро аз сӯзи дард донистам, нафаҳмидам, ки он дам ӯ видоъ  карда  будааст.
– Ҷони ширини модар, дилат асло ганда нашавад, ин  гиряи шодӣ  аст. Ҳамааш хуб мешавад. 
Ӯ доим аз ҷигарбандони нокомаш дард мекашид. Худро маломат мекард, ки бачаҳаком умри кӯтоҳ диданд. Худро зиндадаргӯр мегуфт...
* * *
Модари азизам ҳоло дар оғӯши хок, дар паҳлуи додаронам хоб аст. Хаёле акнун модарам амон ёфт, аз ташвиши зиндагӣ, дарду беморӣ раҳо шуду паҳлуи ҷигаргӯшаҳояш ҷой гирифт.
Хоки мазори модарро сахт ба оғӯш кашидаму гиристам, аз аламу ҷудоӣ, аз ғамҳои кашидаи модар ёд карда ашк рехтам… 
– Ин дам аз гӯри модарам накҳати кӯдакӣ, бӯи хонаву дари деҳа ба димоғам расид. Садои навозиши модарро ҳис кардам, гӯё мегуфт: “Ҷони ширини модар, омадӣ? Чӣ  илоҷ, ин  даъфа модаратро дар хона наёфтӣ, ғам нахӯр, кори дунё омадану рафтанай. Ма аку беормонум, паҳлуи додарот хобум. Додаракота тоқа намемонум. Дидорҳо дар қиёмат, бачам. Дар ин дунёе, ки ман омадам,  насиб бошад, якдигарро мебинем. 
Дар мазори модар танҳо нишаста навҳа кашидам, аммо овозамро касе нашунид, ба ҷуз аз чанд дарахту парандаву сабзаҳои хок... 
 
Маҷид САЛИМ, нависанда
Санаи нашр: 05.09.2023 №: 178
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив