ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙЁҲӢ. БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ХОРУҒ

САЙЁҲӢ. БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ХОРУҒ

06 сентябр 2023, Чоршанбе
18
0
 
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисодии миллӣ ба ҳисоб рафта, солҳои охир дар кишвар босуръат рушд мекунад. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби   зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат иқтидори воқеӣ дорад. Бо назардошти омилҳои зикршуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намуда, дар ин самт чорабиниҳои зиёдеро роҳандозӣ мекунад. 
Рӯзҳои 26-28 июл баргузор намудани  Форуми ҷумҳуриявии сайёҳӣ  дар шаҳри Хоруғ аз ҷумлаи тадбирҳои  Ҳукумати кишвар мебошад, ки дар рушди соҳа қадами қатъие ба пеш хоҳад буд.  Дар остонаи баргузории Форуми мазкур суҳбате доштем бо Суҳайло Давлатбекова, декани факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ.
Номбурда арз намуд, ки дар  даврони соҳибистиқлолӣ воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон бештар гардид. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ эътироф  шуда,  имконият пайдо намуд, ки  бо минтақаҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳияш ба  китоби харитаи сайёҳии ҷаҳон ворид гардад. Тоҷикистон бо   минтақаҳои дорои обҳои мусаффо, сокинони меҳмоннавоз, кӯҳҳои баланд, мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангиаш  дар арсаи ҷаҳон машҳур мебошад.
Мусаллам аст, ки аз нигоҳи сайёҳӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишварҳое равона гардидааст, ки дорои мероси бою пурғановати фарҳангиву таърихӣ-табиӣ, инфрасохтори рушдкардаи сайёҳӣ мебошанд. Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳои мутамаддин бо доштани ҳудудҳои нодири фарҳангиву таърихӣ, табиӣ, мардуми тамаддунсоз зери таваҷҷуҳи ҷомеаи сайёҳӣ қарор дорад. Бинобар ин, кишвари мо метавонад  дар заминаи  таваҷҷуҳи бештар  ба омӯзиш, ҳифз ва эҳёи мероси фарҳангӣ, табиӣ ва таърихӣ, азхудкуни и ҳарчи бештари онҳо ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа  сайёҳиро ба яке аз манбаъҳои боэътимоди даромади миллӣ табдил диҳад.
Кишвари мо  дорои  мавзеъҳои  табобатӣ-фароғатӣ мебошад ва   сайёҳони хориҷӣ ба мақсади табобату истироҳат ба ин осоишгоҳҳо меоянд. Инчунин, дар Тоҷикистон ҷойҳои таърихӣ бениҳоят зиёданд. Қалъаҳои Ҳисор,  Қаҳқаҳа, Ямчун, Кофарқалъа, Вамар, Роштқалъа аз ҷумлаи ин мавзеъҳои  таърихии кишвар мебошанд. Ҳамчунин,  дар водии Ҳисор, Панҷакент, Кӯлоб, Истаравшан, Хуҷанд ва Бадахшон    ёдгориҳои таърихӣ   зиёданд, ки  сайёҳони хориҷиро  мафтун месозанд.
Боиси фараҳмандӣ ва сарфарозист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар шудани симои сайёҳии Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ҳадафи асосии ин барнома, амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани деҳоти Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби   ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин мебошад.
Инкишофи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ дар шароити ҳозира бо захираҳои табиӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва захираҳои меҳнатӣ асос ёфтааст. Чуноне ки Сарвари давлат қайд намудаанд: “Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифат, меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад”.
Хулоса, ташкил ва баргузории чорабиниҳо  оид ба муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчун армуғони арзанда барои сайёҳон ва ҷиҳати  ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон, нақши бузург дорад. Шароити гуногуни табиӣ, мавҷудияти ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба мо имкон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро инкишоф дода, дар ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ ва беҳтарсозии некуаҳволии мардуми кишвар саҳми худро гузорем.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив