ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

06 сентябр 2023, Чоршанбе
16
0
«МИНТАҚАИ РАШТ ВА САНЪАТИ МУСИҚӢ. ФОСИЛАИ ДАҲСОЛАИ БЕҲОСИЛ»
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мақолаи Бузургмеҳри Баҳодур таҳти унвони «Минтақаи Рашт ва санъати мусиқӣ. Фосилаи даҳсолаи беҳосил», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (10.04.2023, № 73) ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 
Маврид ба зикр аст, ки театри халқии вилояти Ғарм шуруъ аз солҳои 30-юми асри гузашта, дар рушди санъати миллӣ саҳми босазо гузошта истодааст. Дар ин боргоҳи ҳунар ҳунармандони асил ба мисли ҳофизони халқии Точикистон Акашариф Ҷӯраев, Шумқор Одинабеков, Иброҳим Кобулиев, Саймуддин Бурҳонов, Одил Фозилов, Аврод Бурҳонов, Зулфиқаҳҳор Исмоилов ва чанди дигар фаъолият намуда, шуҳрати санъати тоҷикро ба авҷи фалак расондаанд.
Шодравон Зафар Нозим, Амриддин Кабир ва Ҷовидон Нозимов аз парвардагони мактаби санъати минтақаи Рашт ба ҳисоб рафта, мардум онҳоро ҳамчун чеҳраи равшан ва таъсиргузор дар пешрафти фарҳангу ҳунари минтақа ва кишвар мешиносанду эҳтиром мегузоранд.
Метавон гуфт, ки дар соҳаи санъат ва театри бахши фарҳанги ноҳияи Рашт айни ҳол 4 хатмкунандаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллӣ фаъолият менамояд. Аз ин шумора, Субҳониддини Бурҳон хатмкардаи Консерваторияи миллӣ дар соли 2011 буда, ҳунарпешаи ҷавону умедбахш Шаҳло Ҳафизова донишҷӯи ин боргоҳи ҳунар мебошад.
Дар маҷмуъ, айни ҳол 5 нафар дар макотиби олии соҳавӣ ва коллеҷҳои фарҳангӣ таҳсил мекунад. Соли 2019 Шаҳло Ҳафизова ва соли 2020 ду ҳунарманди ҷавону навраси ноҳия Бурҳониддин Бурҳонов ва Шаҳриёри Қосимҷон ҳамчун ғолиб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ширкати фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва ба маблағи 15-20 ҳазор сомонӣ қадр   шуданд. Вале  чунин комёбиҳо андаке ҳам бошанд, аз нуқтаи назари муаллиф дур мондаанд. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт минбаъд низ ҷиҳати рушди бемайлони санъати мусиқӣ ва омода кардани мутахассисони болаёқати соҳаи фарҳанг чораҳои зарурӣ меандешад.
 
МУҚИМӢ Р. Н., раиси ноҳияи Рашт 
 
P.S. Бояд гуфт, ки дар мақола сухан перомуни дар даҳсолаи охир ба Консерваторияи миллӣ ҳуҷҷат насупурдани ягон кас аз минтақаи Рашт меравад. Консерваторияи миллӣ ягона боргоҳи ҳунар аст, ки мутахассисони академӣ омода мекунад. Дигар ин ки зери мафҳуми минтақаи Рашт ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод дар назар аст. Мутаассифона, дар ҷавоб ба мақола оид ба ин масъала ва дар чи будани мушкили камтаваҷҷуҳии сокинон ба мусиқии ҳирфаӣ чизеро дарёфт накардем.
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив