ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НЕЪМАТИ БЕБАҲО Ё АРЗИШИ ВОЛОЕ, КИ РОҲИ РАСИДАН  БА ОРМОНҲОИ МИЛЛИРО ҲАМВОР КАРД

НЕЪМАТИ БЕБАҲО Ё АРЗИШИ ВОЛОЕ, КИ РОҲИ РАСИДАН  БА ОРМОНҲОИ МИЛЛИРО ҲАМВОР КАРД

08 сентябр 2023, Ҷумъа
21
0
 
Тавре маълум аст, бадхоҳони миллати тоҷик дар оғози истиқлоли давлатӣ бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ халқи тоҷикро ба гирдоби мухолифат ва муқовиматҳои сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонданд. Мардум оқибатҳои фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва меваи талхи нооромиҳоро чашид, ки ҳанӯз захмҳои барҷойгузоштаи он аз дилҳо нарафтаанд. 
 
Дар ин давра касе иродаи сарварӣ намудани халқи парокандаи тоҷикро надошт ва маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳузури мунаввари хеш дар майдони сиёсат тавонистанд, вазъро ба эътидол оварда, давлати аллакай фурӯрехтаро аз нав бунёд созанд.
Яке аз аввалин суханони Раиси навинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин буд: “Ба хотири барқарории сулҳ ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам”.
Ин аст, ки тамоми давлатҳои манотиқи ҷангзада дастоварди нодири сулҳи моро намунаи мактаби сулҳоварӣ арзёбӣ намуда, мавриди тадқиқ ва истифода қарор медиҳанд.
Новобаста аз нобасомониҳо ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои аввали истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, сулҳу ваҳдатро барқарор намуда, ба эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ даст ёбад, ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф, риоя ва ҳифз карда, миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мақому манзалати худро пайдо намояд.
Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол бояд қонуни асосӣ ва ё конститутсияи худро дошта бошад. Халқи тоҷик ҳам, ки чун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави худро қабул намуд. Дар Конститутсия, боби алоҳидае ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд. Дар Конститутсияи Тоҷикистон тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо кардаанд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати яке аз конститутсияҳои мукаммал дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шинохта шуда, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Аз ҷумла, дар баробари қонунгузории миллӣ як қатор санадҳои байналмилалӣ, аз қабили Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаҳои онҳо ва дигарҳо ба тасвиб расида, барои амалишавии онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.  
Мо - фарзандони миллати тоҷикро зарур аст, ки бо заҳмати софдилона Ватани худро ободу зебо гардонда, онро пешрафтаю қавӣ намоем, аз ҳар гуна хатарҳои ғаразноки душманон эмин нигоҳ дорем. Бо шукргузорӣ аз даврони истиқлол мо соҳибватану соҳибмиллатонро мебояд, ки бо худогоҳиву ҳудшиносӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар пайи муҳофизати меҳану миллату давлати азизамон бо тамоми имконоти ақлониву ҷисмонӣ содиқона хизмат намоем, зеро ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлоли давлатӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси диёр маҳсуб меёбад.
 
Ш. ҲОТАМЗОДА,
судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 08.09.2023 №: 181
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив