ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ВА ҶОЙГОҲИ БАЛАНДИ БОНУВОН ДАР СИЁСАТ ВА ИҶТИМОЪ

ТОҶИКИСТОН ВА ҶОЙГОҲИ БАЛАНДИ БОНУВОН ДАР СИЁСАТ ВА ИҶТИМОЪ

12 сентябр 2023, Сешанбе
26
0
Агар бо гузашти сию ду сол аз эълони истиқлоли давлатӣ ба таърихи навини давлатдориамон назар афканем, пайдост, ки Тоҷикистони азизи мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ аз як кишвари ошӯбзада ба мамлакати босуботу пешрафта ва фаъолу ташаббускор дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёфт. Тавре маълум, дар оғози истиқлоли давлатӣ кишвари азизи мо бо дасисаи гурӯҳҳои манфиатдор ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашонда шуда, буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ доман зад. Дар ҳамон давраҳои вазнин теъдоде аз занони тоҷик дар мақомҳои гуногун хизмат карда, намояндагии халқро бар уҳда доштанд. Аз ҷумла, Бозгул Додхудоева, Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мусоева, Қимат Рустамова, Валентина Абдусамадова, Гулафзо Савриддинова ва Адолат Узоқова аз чеҳраҳои намоёни солҳои пурошӯб буданд. Борҳо гурӯҳҳои мусаллаҳу мухолифони давлат ба онҳо таҳдид менамуданд, вале ин занони ҷасуру бебок масъулиятҳои худро дар назди халқу Ватан содиқона ба иҷро мерасонданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба гурдофаридҳо шабоҳат дода, баланд бардоштани мақоми зан-модар дар ҷомеа, ҷалби бештари бонувон ба корҳои давлативу роҳбариро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор  доданд. 
Маҳз чунин таваҷҷуҳи беназири Сарвари давлат буд, ки занону духтарон имрӯз на танҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, балки бахшҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат, ба монанди нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, кӯҳкорӣ, бонкдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва Артиши миллӣ, софдилонаю содиқона хизмат менамоянд. Гузашта аз ин, нақш ва иштироки бонувон дар идоракунии давлатӣ тавсеа ёфта, ҳоло онҳо аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро ташкил медиҳанд.
Имрӯз, ба таъкиди Сарвари давлат, иштироки занону духтарон дар соҳаҳои маориф 73, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25 ва хизматрасонии иттилоотӣ 40 дарсадро ташкил медиҳад. Омори мазкур бармало нишон медиҳад, ки бидуни ширкати фаъолонаи занон рушди бемайлони ин самтҳоро таъмин кардан номумкин аст.
Дар бисту як соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон ҳамаи зинаи муассисаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шуданд. Аз ин ҳисоб, 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд.
Самараи истиқлол ва иқдомоти судманди Пешвои муаззами миллат аст, ки  имрӯзҳо дар Маҷлиси миллӣ 8 нафар, Маҷлиси мамояндагони Маҷлиси Олӣ 16 нафар бонувони соҳибкасб ва аз ҷиҳати неруи зеҳнӣ соҳибмақом намояндагӣ доранд. Аз 16 нафар вакилбонуҳои Маҷлиси намояндагон як нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 4 нафар доктори илм, 5 нафар номзади илм мебошанд.
Дар кишвари мо кам нестанд заноне, ки метавонанд намунаи муносибе барои ҳамаи бонувон, аз ҷумла духтарони ҷавон, бошанд. Ҷойгоҳи шахсияти зан ва нақши ӯ аз лиҳози фардӣ хеле таъсиргузор аст. Аз нигоҳи ахлоқ, дониш, малака ва таҷриба унвони беҳтаринҳоро гирифтан, заҳматҳо ва азхудгузаштанҳоро талаб менамояд. Аз он шарафмандем, ки яке аз ҳамсафони мо, ба ҳайси улгуи муносибе барои кулли бонувони тоҷик дар мансаби баланди давлатӣ фаъолият менамоянд. Ин чеҳраи шинохташуда бонуи ботадбиру хирадманди миллат Озода Раҳмон мебошанд, ки аз ҷониби Созмони байналмилалии “Занони сиёсатмадори роҳбар” сафири он интихоб гардиданд. 
Алъон раёсати ду вазорати калидии кишвар ба дӯши ду бонуи донову огоҳ Гулнора Ҳасанзода ва Зулфия Давлат вогузор шудааст ва фаъолияти пурсамари муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Дилрабо Мансурӣ ва садҳо ҳамосаҳои кории бонуҳои арҷманду маҳбуби халқи тоҷик, ба монанди Хайринисо Юсуфӣ, Руқия Атоӣ, Марҳабо Ҷабборӣ, Назира Ғаффорӣ ва дигарон, илҳомбахши ҳазорон занону духтарон мебошанд. 
1-уми сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара зимни мулоқот бо аҳли маорифи кишвар дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ чунин изҳор доштанд: “Дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзун пайдо кардани рақобату мухолифатҳо, танҳо ҷомеа ва давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки дорои низоми пешрафтаи илму маориф ва шаҳрвандони соҳибмаърифату донишманд бошанд. Мо дар ин ҷода, ба хотири он ки ҷавонону наврасон ва, умуман, шаҳрвандони худро дар руҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ кунем, озмуни «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»-ро эълон намудем».
Ин ва дигар иқдомҳои оқилонаи Сарвари давлат имконияти бузурги санҷиши қобилият ва дониши духтарон низ ҳастанд, ки барои бунёди ояндаи босаодати онҳо пояи устувор мегузоранд. Танҳо тавассути хондан, огоҳ ва ҳушёр будан, занону духтарон метавонанд ба арзишҳои беназири истиқлоли давлатӣ бирасанд ва манзалати хешро ҳимоя намоянд.
 
Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,  вакили Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олӣ
Санаи нашр: 09.09.2023 №: 182-183
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив