Ҷаҳон дар як сатр
Мир24. Бино ба иттилои хабаргузории «Anadolu», дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия пас аз ҳашт рӯзи заминларзаи харобиовар ду нафар наҷот дода шуд. Баъдан маълум гашт, ки наҷотёфтагон бародарон Муҳаммад Энеси 17-сола ва Абдулбоқии 21-сола будаанд. Амалиёти наҷоти онҳоро наҷотдиҳандагони Беларус ва Озарбойҷон бо мусоидати ҳамкорони турк анҷом додаанд.
Central Asia (CA). Шабакаи телевизионии «Tolonews» хабар медиҳад, ки Арабистони Саудӣ ҳафтаи гузашта Сафорати худро дар Кобул – пойтахти Афғонистон ба далели нигарониҳои амниятӣ баст. Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар баёнияе гуфтааст, ки Сафорати онҳо дар Кобул ба далели ҳарос аз ҳамлаи эҳтимолии "Давлати исломӣ" баста шудааст. Дар идома гуфта мешавад, ки дипломатҳо ва кормандони Сафоратро ба Исломобод интиқол додаанд.
Известия. Метеорити Sar2667 дар осмони Ла-Манш таркида, осмонро бо барқи дурахшон мунаввар сохт. Ҷисми осмонӣ дар осмони Англия, Уэлс ва шимоли Фаронса намоён буд ва ин падида ҳафтумин маврид дар таърих буд, ки суқути ҷисми осмониро пешакӣ пешгӯӣ мекарданд.
Lenta.ru. Мақомоти Арабистони Саудӣ бори нахуст аз оғози ҷанг дар Сурия (соли 2011) ба ин кишвар дар робита ба заминларза, ки ҷони ҳазорон нафарро гирифт, кумакҳои башардӯстона фиристоданд.
Санаи нашр: 15.02.2023 №: 36
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
07 феврал 2023, Сешанбе
Рӯйхати адабиёти тавсияшаванда барои иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
31 январ 2023, Сешанбе
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИҚДОМОТИ САТҲИ ҶАҲОНӢ. ЭЪТИБОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ҚАВИТАР МЕГАРДАД
03 феврал 2023, Ҷумъа
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
14 феврал 2023, Сешанбе
АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
06 феврал 2023, Душанбе
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)