ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Форуми соҳибкорони Тоҷикистону  Қазоқистон доир гардид

Форуми соҳибкорони Тоҷикистону  Қазоқистон доир гардид

13 сентябр 2023, Чоршанбе
6
0
Дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор шуд, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 
Ҳамоиш дар чорчӯбаи вохӯрии панҷуми машваратии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15-уми сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе мегузарад, доир гашт. Дар форум 15 ширкати истеҳсоли хӯрокворӣ, сохтмон, нафт, кимиё, IT, дорусозӣ аз Қазоқистон иштирок дошт, ки ба Тоҷикистон мол содир мекунад ва ё нақша дорад дар оянда ҳамкорӣ намояд. 
Таъкид шуд, ки Форум барои густариши имконоти тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон, табодули таҷриба ва густариши равобит миёни соҳибкорон, ҳамчунин, таҳким ва рушди ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои иқтисоди бозоргонӣ мусоидат мекунад. 
Соли гузашта гардиши тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон 1,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021  263 миллион доллар ё 22,2 дарсад бештар аст.
 
 
Густариши ҳамкориҳои ДМТ бо Донишгоҳи нақлиёти Сиан
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндагони Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуд. 
Ба иттилои шуъбаи матбуоти ДМТ, ҳадаф аз суҳбат амалӣ намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни илму таълим, пажӯҳиши муштарак дар бахшҳои замонавии илм, хусусан омӯзиши забону фарҳанг ва технологияи муосири тарафайн мебошад. Ҷонибҳо оид ба мустаҳкам кардани ҳамкориҳо, аз ҷумла дар заминаи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий, таҳияи барнома ва баргузории ҳамоишҳо табодули афкор намуданд.
 
 
Такмили ихтисоси намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар Анталия
Дар шаҳри Анталияи Туркия машғулияти омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии намояндагони сохторҳои давлатии соҳаи сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо оғоз гардид, ки то 
17-уми сентябр идома меёбад.
Саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт омода намудани мутахассисони соҳа ва саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати сайёҳӣ нақши муҳим мебозад.
 
 
Бо иштироки 3000 нафар «Дави дӯстӣ» баргузор гашт
10-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 7-уми сентябри соли 2023 ҷиҳати оммавигардонии варзиш, таъмини тарзи ҳаёти солим дар доираи баргузории вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал «Дави дӯстӣ» доир гашт. 
Масири дав 4 километрро ташкил дода, аз назди «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе оғоз гардид ва то роҳи давраии «Товус» идома ёфт. 100 нафари фаъол аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сертификат қадр шуд.
 
 
Дар Бохтар кормандони «Амонатбонк» соҳиби бинои нав шуданд
Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони шуъбаи № 42 КВД БА «Амонатбонк» соҳиби бинои нав шуданд.
Бинои нав бо равишҳои меъмории муосир бунёд шуда, дар он барои 60 корманд, ки аксарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд, шароити мусоиди фаъолият муҳайё гардидааст.
Шуъбаи № 42 «Амонатбонк» ба сокинони 14 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон хизмат мерасонад.
Санаи нашр: 13.09.2023 №: 184
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив