ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАҲР ДАР ҶОМИ ШАҲД 

ЗАҲР ДАР ҶОМИ ШАҲД 

13 сентябр 2023, Чоршанбе
154
0

 
(Чанд андеша  перомуни китоби  «Ҳаводиси  рӯзгори ман»-и А. Холиқзода)
Китоби баҳсбарангези А. Холиқзода «Ҳаводиси рӯзгори ман» (Душанбе: «Эр-граф», 2023. -288 с.) дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти даврӣ сарусадо ва вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Суолҳои зиёде, ки  ба суди ҷомеаи кишвар набуд, ҳар фарди солимандешро ба фикр кардан водор месозад: оё навиштани китоб бо чунин лаҳн ва баёни андешаҳои ғолибан беасос атрофи миллате, ки фарҳанги бисёрҳазорсола дорад, зарурат дошт?  Ба маърази муҳокима кашидани хосиятҳои набуда ва интиқоди мардумони маҳалҳои Тоҷикистон ба суди кист? 
Ба ҳамаи онҳо бояд посух гуфт. Ва ҳам дар ҳоле ки таҳрифкорон ба бештари саҳифаҳои таърихи тоҷик гулхати (тамғаи) худро мезананд, мабод, ки китоб нақшаи матраҳгардидае  бошад бо ҳадафҳои ниҳонӣ. Зеро ки китоб ҳанӯз ба дасти хонандаи тоҷик нарасида, дар кишвари дигар нашр шуд. Ва ҳам дар шарҳи он навиштаи дигаре аз хориҷи кишвар дар саҳифаҳои иҷтимоӣ корида мешуд, ки мақоли «обмӯрии аз боғ калон»-ро мемонд. 
Аз натиҷаи омӯзиши пешгуфтори китоб ҳувайдост, ки  он дар заминаи  ёддошту мушоҳидаҳои бевоситаи муаллиф ва  саҳифаҳои рӯзгори ӯ асос ёфтааст  (с. 3). Шиносоии бевосита ба мазмуну моҳияти китоб нишон дод, ки дар он, аслан, маълумоте гирд оварда шудаанд, ки ба рӯзгори воқеии мардуми тоҷик айният надоранд. Дар аксари маврид  онҳо бидуни замина ва далелҳои муътамад нашр шудаанд.
Дақиқан, ҳамбастагиву  иттиҳод ва ҳамдилии сартосарии мардуми кишвар дар шароити кунунии рушди давлатдории тоҷикон дар заминаи сиёсати созанда ва ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттифоқ афтодааст, ки назир надорад. Ҳадафи муаллиф ба ҳамин дастоварди арзишманди мардуми кишвар лакнат задан аст. Ӯ дар миён мисол мезанад, ки «... ваҳдати миллии мо дар асоси шиорҳо мавҷуд буда, ҳамчун ваҳдати воқеӣ зоҳир намегардад» (с. 46).  Дар ҳамин раванд, сулҳи воқеӣ, суботу амни ҷомеа ва иттиҳоди мардуми Тоҷикистонро, ки пайи ободкорӣ ва созандагист, зери суол  мегузорад.
 Бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат барои расидан ба сулҳу ваҳдату якдилӣ ва ҳамовозии умедворонаи заковати таърихӣ  мардуми бонангу ватандӯст натиҷаҳои дилхоҳ ба бор омада, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид. 
Таъмини сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон омили қавию ҳаётбахши устувори истиқлоли давлатӣ гардид ва барои гузарондани як силсила ислоҳоти муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард. 
Дар масири бунёдкоронае, ки халқи азизи Тоҷикистон дар замони кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зери сиёсати хирадбунёди Пешвои миллат паймуд, мактаби бузурги давлатдории навинро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ сохт ва ба заминаҳои давлати комилҳуқуқу  соҳибихтиёр таҳким  бахшида шуда, қудрату нерумандии  давлат ташаккул ёфт.  
Муаллифи китоб, ки аз ваҳдати мардуми Тоҷикистон хушнудӣ надорад, ба таҳқиру интиқоди мардумони маҳалҳои гуногуни кишвар мепардозад (с. 50-61).
Андешаҳои беасосу бепояи муаллиф мухолифатбарангез буда,  матн нишони возеҳи он аст ва таълифи китоб бӯйи фармудаи бегона мекунад.  
Мардуми минтақаи Кӯлобро, бо вуҷуди меҳмондӯстӣ, ҳақталошӣ, садоқату самимият ва дар аҳду дӯстӣ содиқ будан (с. 53), дар мисоли соҳибмансабе қабеҳзабон тасвир мекунад. 
Ҷойи дигар мардуми шаҳри Хуҷандро афзалияттарош, ягона мардуми дорои фарҳанги шаҳрӣ, тоҷирони бомаҳорат тавсиф карда, зимнан, илова мекунад, ки барояшон тиҷорат ва манфиат нисбат ба масъалаҳои ҳувият ва миллат аҳамияти бештар дорад: «Худро аз дигарон болотар медонанд ва ба омадагон муносибати таҳқиромез раво мебинанд.» (с. 64-65).
Аҷиб аст, ки ҷойи дигар муаллиф гӯё аз рӯйи дилсӯзӣ нисбат ба мардуми Бадахшон менависад: «Умедворам, ки дар ҷомеаи мо фасоду маҳалгароӣ решакан шавад ва қонунсолориву шоистасолорӣ рӯи кор омада, эътимоди мардуми шарифи Бадахшонро ба даст орад ва онҳо низ худашонро як ҷузъи ҷомеаи кишвар ҳис кунанд (ки ҳастанд!) ва ба ҳимояи қонун эътимод пайдо намоянд» (с. 60). Ин навиштаи муаллифро чи дастур метавон маънидод кард, ки мардуми шарифи Бадахшон аз назари Ҳукумат канор рафтаанд?
Сафари чанде пеш бавуқуъпайвастаи Пешвои муаззами миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баёнгари муҳаббати беандозаи мардуми ин минтақа ба Сарвари давлат аст.  
Ҳукумати мамлакат асри XXI садаи рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон намуда, баҳри ривоҷу равнақи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, пешрафти рӯзафзуни некуаҳволии мардум тамоми тадбирҳоро амалӣ мекунад.
Муаллиф дар масири «ковиши қуввату заъфҳои кишвар» маҳалгароиро асоси низоу парокандагӣ дониста, иброз медорад: «Падидаи маҳалгароӣ зеҳни ҳар як фарди соҳибандешаро машғул медорад, зеро дар таърихи навини мо сабаби асосии бебандубориҳо низ ҳамин падида ба ҳисоб меравад» (с. 6). 
Аммо «нависандаи соҳибандеша» ҷойи дигар, бар хилофи мантиқи солим, дар мавриди мардуми водии Рашт ба назарнигории манфӣ пардохта, мардуми ин водиро мутаассиб ва дар ҳамкориву тиҷорат беаҳду вафо ҳукм мекунад: «Дар мансубият ба маҳалашон таассуб меварзанд ва дар ҳоли зиддият бо ҳам ба сар мебаранд. Тоҷикони ин диёр аҳли илму тиҷорат ва сарватдӯстдоранд. Ман дар ҳамкорӣ бо касони аз ин диёр садоқат дар дӯстиву вафо ба аҳд камтар таҷриба кардаам…» (с. 62).
Ҳамчунин, бе овардани далелу ованд фасона мегӯяд: «Соҳибкорон медонанд, ки дар додгоҳ ҳуқуқашонро ҳимоя карда наметавонанд, зеро додгоҳҳои иқтисодӣ дастур гирифтаанд, ки ҳамаи баҳсҳои иқтисодӣ бе эътино ба далелу мадраки соҳибкорон, ба суди мақомоти давлатӣ ҳал шавад» [с. 202]. Аз овардани ибораи «ҳуқуқи телефонӣ», ки гӯё додгоҳҳои иқтисодӣ бапуррагӣ ба ин ҳуқуқ гузаштаанд, чиро мехоҳад исбот кунад, тамоман норавшан аст (с. 202). 
Бо кароҳат аз рушди иқтисодиёти ҳамагӣ сиюдусолаи замони соҳибистиқлолии кишвар дар сарзамини 93%-аш кӯҳсор, ки як ҳиссаи хурди сарзамини таърихии тоҷикон маҳсуб меёбад ва онро аз сифр бунёд намудем, интиқод мекунад: «Аз ҷанги дохилии мо тоҷикон ҳам муддати қобили таваҷҷуҳе гузашт, кишвар ба амну осоиштагӣ расид, вале чаро дар масъалаҳои таъмини рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мо ба ҷое нарасидем?» (с.48).
Халқи Тоҷикистон, мардумони минтақаҳои гуногуни он аз сари иттиҳоду ҳамдилӣ дар фазои сулҳу осоиштагӣ бо татбиқи сиёсати хирадбунёд ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон харобаҳои ҷанги шаҳрвандиро барқарор ва заминаи рушду пешрафти тадриҷии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиётро гузошта, дар зарфи сию ду соли соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба дастоварду муваффақиятҳои чашмгир ноил гардиданд.
Чунончи, аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) бармеояд, сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир, рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид, ки ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфтааст. 
Соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардондани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид.
Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ройгон ба роҳ монда шудааст.
Соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ монд. Дар натиҷа, соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.
Ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша аз ҷумлаи афзалиятҳои сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат буда, соҳибкорон дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кори нав саҳми назаррас доранд. Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Мутобиқи дастурҳои Пешвои миллат ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ, мунтазам тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ мешаванд.
Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 дар соли 2022 ба 87 миллиард сомонӣ расид, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар яку ним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзуд. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 дар соли 2022 то 22,5 фоиз коҳиш ёфт. 
Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла 190 ҳазор ҷойи кори нав дар соли 2022, таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 дар соли 2022 то 14,7 миллиард сомонӣ ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил дод.
Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда ба истифода дода шуд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб яку ним миллион хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Инчунин, агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта, дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас, дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан дар бисту панҷ соли охир, 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.
Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Аҳолии мамлакат аз 5 миллиони соли 1991 дар соли 2022 ба 10 миллион нафар расид, яъне тамоюли афзуншавӣ ду баробар буда, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, навсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардондани онҳо зарур аст. Дар ин замина, тайи ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯйи таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас шуданд.
Хонанда  худ қазоват кунад: назарнигориҳои муаллифи китоб оё шоистаи як зиёиву ватандор метавониста бошанд? Чунин нигоштаҳои зудояндаву барҳамдиҳандаи бовариву садоқат, заъфбарангези ҳамкориву сарҷамъии аҳолии минтақаҳои кишвар дар даврони мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ созанда аст ё сӯзанда?
 
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Санаи нашр: 13.09.2023 №: 184
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив