ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ. ТИМИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БА ДАВРИ НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ-2024 РОҲХАТ ГИРИФТ

ФУТБОЛ. ТИМИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БА ДАВРИ НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ-2024 РОҲХАТ ГИРИФТ

13 сентябр 2023, Чоршанбе
16
0
 
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 (15-уми апрел – 3-юми май, соли 2024, Қатар) роҳ ёфт.
 
Футболбозони тоҷик дар марҳалаи интихобӣ дар гурӯҳи “I”, ки дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо мунтахабҳои Лаос ва Австралия қувва озмуданд. 
Мубин Эргашев пеш аз оғози бозиҳо дар нишасти хабарӣ чунин гуфта буд: “Дар гурӯҳи мо рақибони заиф нестанд. Барои баромадан ба даври финалӣ дастаҳо рақобати арзанда нишон медиҳанд, аз ин рӯ, натиҷаи ҳар бозӣ аҳамияти калон дорад. Имсол ҳамагӣ ду ҷамъомади таълимӣ доштем. Аз сабаби он ки дар рӯзҳои ФИФА як гурӯҳи бозигарон ба ҳайати мунтахаби кишвар ҷалб шуда буданд, мо имкони бозӣ кардан надоштем. Танҳо дар ҷамъомади таълимию тамринии моҳи июн бо ҳамсолони худ аз Ҳонконг ду бозии дӯстона гузарондем. Ҳоло даста дар ҳолати хуб қарор дорад. Рақиби якуми мо – тими миллии Лаос аст. Бозиҳои ин тимро тамошо кардаем. Инчунин, имкон дорем, ки бозии Лаос – Австралияро дар даври аввал тамошо намуда, хулоса барорем”.
Дар вохӯрӣ муқобили Лаос (9 сентябр) бозиро пурра футболбозони мо идора мекарданд, аммо ҳамлаҳояшон бе натиҷа анҷом меёфтанд. Хатти ҳимояи Лаос пурқувват буд. Нимаи аввал бидуни гол хотима ёфт. Дар қисми дуюм лаосиҳо аз як ҳамла самаранок истифода бурда, ҳисобро кушоданд. Тӯбро Дамотҳ Тхонгхамсаватҳ (дақ.54) ба самар расонд. 
То дақиқаи 90-ум зӯрозмоӣ ба нафъи ҳарифон буд. Дар сонияҳои охирӣ вақти асосӣ, пас аз партофти Манучеҳр Сафаров, ҳимоятгари мо Содиқҷон Қурбонов бо сар тӯбро вориди дарвозаи Лаос карда, ҳисобро баробар намуд. Ин ба футболбозони мо ангезаи иловагӣ барои ғалаба дод. Довар ба вақти асосӣ панҷ дақиқа илова кард. Дар дақиқаи 4-уми иловагӣ Амадони Камолов аз зарбаи кунҷӣ партофт кард ва дарвозабони ҳарифон хост тӯбро зада аз ҷаримагоҳ берун намояд, аммо муваффақ нашуд. Аз ин ҳолат Руслан Хайлоев истифода намуда, бо зарбаи дақиқ ҳисобро 2:1 кард ва мунтахаби мо соҳиби се имтиёзи зарурӣ гардид. 
Дар бозӣ бо қудрати футболи Осиё – Австралия, ки дар нерусанҷии якум бар Лаос бо натиҷаи бузурги 7:1 ғолиб омада буд, ҳисоби мусовӣ метавонист роҳи моро ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 ҳамвор намояд. Барои дастгирии футболбозони тоҷик 12400 мухлис ба тамошо омада буд. 
Вохӯрии ҳалкунанда мусовӣ (1:1) хотима ёфт. Меҳмонон бо голи задаи Камерон Пеупион (дақ.12) аз зарбаи ҷаримавӣ ба пеш баромаданд. Голи дастаи моро дар ин рақобат Рустам Соиров (дақ.28) зад.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 13.09.2023 №: 184
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив