ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АШТ. ДЕҲОТИ ОҲАНГАРОН РӮ БА ОБОДӢ ДОРАД

АШТ. ДЕҲОТИ ОҲАНГАРОН РӮ БА ОБОДӢ ДОРАД

13 сентябр 2023, Чоршанбе
32
0
 
Ҷамоати деҳоти Ашт, ки калонтарин  дар ноҳияи Ашт маҳсуб меёбад,  маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ободу сабзу хуррам гашт. Давоми солҳои истиқлолият нуфуси аҳолӣ  аз 25 ҳазор нафар гузашта, симои деҳот аз ҳисоби бунёди манзилҳои замонавии бо тарҳи тозаву омезиши авруосиёии худи аҳолию иншооти таъиноташон  гуногуни иҷтимоии аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёдшуда, куллан   тағйир ёфта, басо сарсабзу дилработар  ба чашм мерасад.  
– Мардуми заҳматпешаву сарбаланди ин диёри кӯҳистон бо  шукргузорӣ аз даврони тинҷу ороми соҳибистиқлолӣ талош доранд, ҷиҳати рушду нумӯи Ватани азиз ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ муваффақ шаванд. Албатта, шуғли асосии мардуми деҳоти Ашт кишоварзист, ки аксари аҳолӣ аз ҳамин ҳисоб рӯзгори худро пеш мебарад. Саҳми бошандагони деҳоти Ашт дар рушди иқтисодиёти ноҳия сол ба сол афзуда, аз 25 то 30 дарсади маҳсулоти истеҳсолшаванда ба деҳоти мазкур рост омада,  дар ғанишавии буҷети маҳаллӣ ҳам ҳиссаашон беш аз 30 дарсадро ташкил медиҳад, – мегӯяд Шавкат Ёрматов, раиси Ҷамоати деҳоти Ашт. 
Соҳибкорони маҳаллӣ низ, дар иртибот ба даъвати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба  ташаббускорӣ, барои ободонию созандагии диёр  дастаҷамъона  талош меварзанд, ин ё он гӯшаи Меҳанро бо бунёди коргоҳу маркази хизматрасонӣ, таъмири роҳҳои мошингарду истгоҳҳои замонавӣ зебо месозанд. ҶДММ “Рахшона”,  ки аз ҷумлаи калонтарин ширкатҳои муваффақ дар  Ҷамоати деҳоти Ашт маҳсуб меёбад, на фақат дар ҳудуди деҳаи мазкур, балки дар ҳамаи минтақаҳои ноҳия корхонаҳои истеҳсолии ресандагӣ,  меҳмонхона, марказҳои бузурги савдо бунёд ва хоҷагии махсуси парвариши моҳиро ташкил намудааст. Дар ояндаи наздик бо сармоягузории ширкати мазкур нахустин дар ҷумҳурӣ корхонаи коркарди ниҳоии маҳсулоти моҳигӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Рӯзҳои наздик бошад, дар деҳаи Ашт муосиртарин муассисаи таълимӣ барои 640 хонанда бо тамоми шароитҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба истифода дода мешавад. Чанде қабл боз як иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ – таваллудхона дар деҳаи Дӯстӣ ба қабули мизоҷон оғоз бахшид.  
Дар деҳоти мазкур шуғлҳои қадимии ниёгонамон, хусусан дуредгарӣ, оҳангарӣ, кӯрпачадӯзӣ, тоқидӯзӣ рушд кардааст. Ҳунарҳои дигар, аз қабили сабадбофию косибӣ, гаҳворасозӣ, алочабофӣ ва даҳҳои дигар, ки бо мурури пешравии замон аз байн рафта буданд, дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила   эҳё мешаванд.
 
Мардуми деҳоти Ашт на танҳо дар  ҷумҳурӣ, балки  дар Осиёи Марказӣ бо ҳунари қадимии ниёгонамон машҳур аст. Оҳангарони аштиро дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ аз Суғд то Хатлону Рашту Ҳисор, шаҳрҳои Қӯқанду Намангон, Тошкенту Фарғонаи кишвари  Ӯзбекистон дарёфтан мумкин аст. Аз ҳамин хотир, мардуми диёр худро аз аҷдодони Коваи оҳангар медонанду ифтихор ҳам доранд.  
Муаррихи намоёни тоҷик  шодравон Маъруф Исоматов дар асарҳои таърихиаш аз боби таърихи деҳаи Ашт ҳарф зада, менигорад, ки аҳолии рустои Ашт дар давраҳои қадим низ машҳур буда, асосан, ба зироаткорӣ, боғдорӣ, чорводорию оҳангарӣ машғул будаанд. Маҳсулоти оҳангарии аштиҳо ба тамоми бозорҳои Осиёи Миёна бурда мешуд ва дар деҳа то 150-200 устохонаи оҳангарӣ фаъолият мекардааст. 
Дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун  Солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ шароит фароҳам омад, ки  бисёр ҳунарҳои халқии аҷдодӣ эҳё  шаванд.  
 Оҳангари касбӣ, идомадиҳандаи ҳунарҳои аҷдодӣ акои Ӯтбосар Қулматов, бо вуҷуди он ки синну солашон ба 80 наздик мешавад, ҳеҷ аз дукони оҳангарӣ худро дур гирифта наметавонад. Зиёда аз 65 сол аст, ки аз пайи ин шуғли бобоӣ зиндагии осуда дорад. 
 –   Рӯзгори одамӣ бе асбобҳои зарурии корду табар, тешаву дос, каланду бел намешавад, аз ин хотир, мо доим дар хизмати мардум қарор дорем. Хуб шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, зеро ҳар ҷое, ки ҳунару ҳунармандӣ побарҷост, он ҷо ризқу рӯзӣ ҳам фаровон аст, – мегӯяд Ӯтбосар Қулматов. 
– Маҳз ба шарофати даврони соҳибистиқлолӣ имрӯз ҳама гӯшаву канори диёр рӯ ба ободиву созандагӣ овардааст, – таъкид месозад Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳияи Ашт, –  фақат дар ду соли охир бо иқдому ташаббусҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, дастгирии соҳибкорони бонангу номуси аштӣ роҳҳои мошингарди дохили ҳамаи деҳот мумфаршу, даҳҳо нуқтаҳои хизматрасонии маишиву тиҷоратӣ, коргоҳҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва, албатта, майдончаҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки рустоҳои кӯҳистон феълан намои шаҳрро доранд, ана ин аст, самари соҳибистиқлолии кишвар!   
                                                                                                
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
 
Санаи нашр: 13.09.2023 №: 184
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив