ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОРМОНҲОИ АРЗИШӢ ВА ҒАНОВАТМАНДИҲОИ АКАДЕМИКӢ ДАР МАҚОЛАИ «ЭҲЁИ МИЛЛАТ – БАҚОИ ДАВЛАТ»

ОРМОНҲОИ АРЗИШӢ ВА ҒАНОВАТМАНДИҲОИ АКАДЕМИКӢ ДАР МАҚОЛАИ «ЭҲЁИ МИЛЛАТ – БАҚОИ ДАВЛАТ»

14 сентябр 2023, Панҷшанбе
70
0

 

Кори ҳар булҳавасе нест гузаштан аз сар, 

Сифати ошиқи мардона бувад сарбозӣ. 
Дар ҳошияи Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба мавзуи истодагарӣ, давлатмеҳварӣ ва масъулиятпазирии кормандони давлатӣ, ки дар ҳассостарин даврони таърихӣ бо худгузарӣ, бо қадам ва бо қалам рисолати худро дар назди миллат ва давлат иҷро менамоянд, матлаби таҳлилӣ нигоштан айни муддаост. Пайгирии мантиқии мавзуъ нишон медиҳад, ки давлатмардони асил бо як виқори қиёснашаванда ҳамчун сипар ва камарбанди устувор дар муқобилаи ҳуҷуми ифротиёни асри XXI истоданд. Ғолиб гаштанд, ҳамчун кӯҳ пойдор ва мисли санги хоро қоиму маҳкам. Дарвоқеъ, ин миллати тамаддунофар, нуҳуфтаҳои марвориде парваридааст, ки ҳамвора руҳияи созандагиро дар ботини халқ бедор нигоҳ медоранд. Дар ин росто, суханони орифонаи Абулфазли Балъамӣ, вазири донишманди аҳди Сомониёнро созгори нахустунсури баён донистем: «Ваҳдату ҳамдастӣ ва муттафиқию ҳамсилкии аҳли ҷомеа ва вафопешагӣ бар Меҳани хеш пояи боэътимоди истиқлол, тавоноӣ ва шикастнопазирии давлат аст».
Танҳо истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки насли давлатсоз дар тамоми соҳаҳои давлатдории миллӣ бо пуштибонӣ аз ирода ва хиради ҷамъӣ ба воя бирасад, бо пӯёгарӣ ва пазириши масъулият пайомадҳои шеваи хушунатгунаи доираҳои тундгароро дар ҷомеа, ки ғаразашон усули ақибмондагӣ, оини вопасгароӣ, буҳрони давомдори сиёсӣ-иҷтимоӣ ва дар ниҳоят ниҳодина сохтани фоҷеаи миллӣ буд, рафъ намояд. Ин насл пеш аз он ки барои содироти ҷаҳонбинии «Шарқ ва Ғарб» талош намояд, бар зарфиятҳои таърихӣ, миллӣ ва қудратмандии тоҷикӣ пайваста, онҳоро меъёр ва маҳаки пешравӣ пиндоштааст. 
Ба навиштани ин мақола роқими ин сатрҳоро мушоҳидаҳо аз расмгузашт ва тамрини ҳарбӣ дар маҷмааи «Истиқлол», ки афсарони қоматбаланд, озодаманиш ва солор бо як масъулияти том ҳар субҳ ба машқгоҳ метозанд ва вазифаи худро адо мекунанд, водор намуд. Вале нуктае, ки таконбахш буд ва ҳар як тоҷики таҳсилкардаро дар ин вақтҳои охир салобату виқори хоса бахшид, нашри мақолаи «Эҳёи миллат - бақои давлат» аз 24-уми августи соли 2023, таҳти № 171 (24 782) дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»-и профессор, узви вобастаи АМИТ Ятимов Саймумин Сатторович мебошад, ки дар он муаллиф мӯшикофона бо такя ба таҳлили таърихии бунёди тамоюлҳои эҳёгарӣ ва маорифпарварӣ дар ҷомеа пажӯҳиши нодиреро анҷом додааст. Бо пойбандӣ бар услуби Қаҳрамони Тоҷикистон М. Турсунзода «То сухан чун қомати мавзун шавад, Дар сари ҳар мисрае дил хун шавад», ҳунари суханвариву ковишҳои мудаббирона ва масъалагузориҳои дақиқ барои ҷомеа рӯнамоӣ гаштааст ва бо «Балоғат дар сухан донӣ чӣ бошад? Каломи андаку маънии бисёр» қалби хонандаро тасхир кардааст. Бо марвориди Пири Тӯсӣ «Хирад афсари шаҳриёрон бувад, Хирад зевари номдорон бувад» коридаҳои маънавӣ музайян гаштааст ва ҷойгоҳи арзишманди зиёиро ҳамчун «виҷдони ростини миллат» ва асароти неку созандаи он дар ростои ҳифзи арзишҳои ормонии тоҷиконро бо шеваҳои матлуб ва нигариши сирф илмӣ дар ҳавзаи иҷтимоӣ таамули бештаре бахшидааст. 
Фишурдаи таҳлилеро хондам, ки муҳтавои он аз ин қарор аст. Дар тафаккури мардуми Аврупо олим ва нависандаеро ёфтан ғайримумкин аст, ки даврони Эҳёро мункир бошад ё ки осиёии чапгароро, ки моил ба пазируфтани арзишҳои моддигароӣ аст, вохӯрдан нодир аст, ки ба таълимоти Буддову Конфутсий эҳтиром қоил набошад ва ё ки назарпардози амрикоиро дидан, ки аз дастовардҳои Олами куҳан ифтихор накунад. Пас суоли мантиқӣ дар ҳошияи мақола иброз мешавад, ки чаро мо – тоҷикон, ба ҳайси пойгоҳи қавии маърифатӣ ба бунёди таърихи шашҳазорсолаи худ, арзишҳои давлатсозӣ, ба дини ниёкони хеш, пуштивонаи маънавии устувор, донишгустарӣ ва тамаддунофарии худӣ такя накунем ва пеш наравем? 
Ҷавоби ин муаммои сарбаста барои муҳаққиқон маълум аст: - маънавиёти миллати тоҷик аз аҳди қадим ҳамвора аз инъикосу тасвири арзишҳои ноби дунёмадорӣ, шахсиятсозӣ, ҳунарварзӣ, андешамандӣ, инсонпарварӣ, дӯст доштани ҳаёт, шаҳрнишинӣ, арҷгузорӣ ба кору пайкор, қудсияти илму пажӯҳиш, руҳияи солим ва иродаи қавии шикастнопазир дар қиболи мушкилоти рӯзгор моломол ва саршор будааст. Рафтори тоҷикон дар имтидоди таърих амалгаро ва хилофи ақидаҳои ҷазмбоварона (догматикӣ) будааст. Ҳамин хислату маниши бунёдӣ тавонистааст, ки тоҷикро ҳамчун “мурғи самандар” дар набардҳои шадиди таърихии хатарзо ҳифз намояд, забон, фарҳанг, таърих ва анъанаҳоро собитқадмона нақш бар санг кунад. 
Соли 1808 бори нахуст аз ҷониби олим ва сиёсатмадори шотландӣ Элфинстон Маунтстюарт (1779-1859) мақолае чоп шуда буд, ки аз зовияи илми таърих ва мазмуну муҳтавои ноби ҳувиятӣ нотакрор арзёбӣ мегардад. Изҳори назари ин сайёҳи номдор дар бораи он ки "тоҷикон дар ҳама ҷо мумтозанд" дар зимн фикреро барҷаста рӯнамоӣ мекунад, ки «Тоҷикон бо истифода аз масокини муин, дилбастагӣ ба кишоварзӣ ва дигар мазоҳири зиндагии ақвоми муқим дар ҳама ҷо мумтозанд».
Тоҷикистон ягона кишвари дунявӣ дар қаламрави Ориёнои таърихист ва агар аз зовияи эъмори давлатсозӣ ба вазъияти ҷаҳон нигарем, фаровардҳои давлати муосири тоҷикон, чи дар самти миллатсозӣ ва чи дар тарвиҷи тамаддуни фавқулода, беназири миллӣ, барҷаста ва бамаротиб афзалиятнок аст. 
Ҳолати истисноии ин вазъият дар асоси меъёрҳои манфиати миллӣ ва таҳаммулгароӣ бино ёфтани давлати дунявимеҳвар мебошад. Тоҷикистон аз оғози ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, аз як сӯ, дар партави меҳри тарафдорони ғояи дунявӣ ва давлатмадор ва аз ҷониби дигар, дар гиреҳи ҷаҳолати ҷиноҳи ифротии шариатмадор рӯ ба рӯ будааст. Қувваҳои иртиҷоӣ, ки зери байрақи эътирозҳои ба ном динӣ шиорпартоӣ мекунанд, барои пешбурди ҷомеа дастовезе ҷуз касодии маънавӣ надоранд. Ҳамин омил аст, ки ин парокандалашкар ба ривоятҳои гузашта гароиш намуда, «Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд»-ро мелоку меъёри бесуботсозӣ интихоб намудаанд.
Пешопеш аз изҳори назар дар бораи мавзуи мазкур, мехостам аз он шинохте, ки аз кормандони давлатӣ дар ин сӣ сол дорам, тасвири симои руҳӣ-равонии онҳоро бозгӯй намоям. Чеҳраи давлатмарди тоҷики қарни ХХI, пеш аз ҳама: худшинос, масъулиятпазир, инсонпарвар, қонунмадор, пойбанд, ба таърифи манфиатҳои аслии миллӣ ва савганди зиёиӣ, донову зирак, ватандӯст, муҷаҳҳаз бо илми муосир, ба худиҳо меҳрубону ба ағёру аҷнабиҳо оштинопазир, ташкилотчӣ, таҳаммулпазир, ақлгаро ва орӣ аз эҳсосот, коромад, солор, бовиқор, дунявиафкор ва обутобёфта мебошад. Сифати истисноӣ, хислатҳои ноб ва азалии ин кормандон, пеш аз ҳама, аз мушкилот ҳарос надоштан ва бо онҳо дасту панҷа нарм кардан дониста мешавад. Ва аз ҳама пеш дар пешбурди масоили миллӣ ҳаргиз ва ҳаргиз таслим нашудан эътироф шудааст. 
Ҳарчанд килку қалам аз баёни тамоми паҳлуҳои мақолаи мазкур оҷизӣ мекунад ва ҳаҷми он барои ироаи ҳамаи назокатҳои таҳқиқӣ маҳдуд аст, дар поён бо тасаввуре, ки аз мавзуъ зимни мутолиаи мақола бардошт намудаем, назари иҷмолӣ, вале холисонаи илмиро манзур менамоям: 
1. Ба эътиқоди аксари муҳаққиқони равоншиносии таърихӣ яке аз вижагиҳое, ки дар тадовум ва мондагории миллӣ ва эҳёи миллати мо, бо вуҷуди ҳамаи рӯйдодҳои муҳим ва бунёдбарафкани даврони мухталифи гузашта - мақоми равшанфикри тоҷик нақши эмингарӣ ва эҳёкунандаро доштааст. Дар саргаҳи он нухбагони асили ин миллат - Аҳмади Дониш ва хосатан падарсолори адабиёти тоҷик Садриддини Айнӣ будаанд. Тарзу услуби мақолаи «Эҳёи миллат – бақои давлат»- ро ба фарзияи пешниҳоднамудаи зумраи олимон ба салоҳияти «равоншиносии таърихӣ» мансуб медонем, ки яке аз нахустин кӯшишҳои пажӯҳиш дар ин сӣ соли ахир дар Тоҷикистон мебошад. 
2. Мухотаби пажӯҳишгари фарҳехта, бешак, дар мақола равшанфикр ва тамоюлҳои равшангарист.  Рисола дар муайян кардани мақоми равшанфикрон дар ҷомеа нақши муҳим бозида, аз зовияҳои мухталифи илмӣ-таҳлилӣ ин масъаларо тарҳрезӣ кардааст. Апогея ё нуктаи хези пазириши ин рисолаи илмбунёд, саъю талош барои таркиб ва таҷзияи мафҳуми «равшанфикр» аз лиҳози сарнавиштсоз будани он, ҳамқадам ва ҳамгом бо набзи замона арзёбӣ шудани он мебошад: «Зиёиёни эҳёгари рӯинтан ва созанда муътақид буданд, ки маҷмуи ҷаҳонбинии пешрафтаи башарӣ доир ба олам, одам, табиат ва, умуман ҳастӣ, қудрати ифодаи ҷанбаҳои моҳиятии тарзи зисти инсонро доранд. Гузашта аз ин, ин донишҳо воситаи тағйири сифатии воқеияти зиндагӣ мебошанд». Ва боз воқеъбинона илова менамояд: «Эҳёгарон ба хулоса омаданд, ки бидуни сохтани давлати миллӣ, ки манфиатҳои заминии миллат ва давлатро таъмин карда тавонад, ташкили зиндагии шарафмандонаи ҷомеа ғайриимкон аст». Пайомади ин кор дар ташбеҳи тобиши бадеӣ касбкарда ва аз суханони Сервантес нақли қавл шудааст: «Мардуми зери асорати зеҳнии миллатҳои бегона қароргирифта, мисли лойи кулолест дар дасти аҷнабиён, ки ҳар асбобе хоҳанд аз он месозанд ва истифода мекунанд».
3. Зимни таҳқиқоти фалсафаи Ғарб ва қиёс бо мақолаи номбурда бо осори Антонио Грамши, файласуфи амалгарои итолиявӣ ошно шудем, ки дар ёддоштҳои худ менависад: «Метавон гуфт: ҳама инсонҳо равшанфикр ҳастанд, вале ҳамаи онҳо ифогарони нақш ва рисолати равшанфикрон дар ҷомеа нестанд». Аз диди А. Грамши, касоне, ки нақши равшанфикрро дар ҷомеа бозӣ менамоянд, ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд: аввал, равшанфикрони суннатӣ ё анъанавӣ (Traditional Intellectuals), ки корашонро аз насл ба насл такрор мекунанд. Дуюм, равшанфикрони органикӣ (Organic Intellectuals), ки дар назари Грамши бар сохтусози таркиби ҷомеа, бунёдӣ гардондани хостаҳо ва иқтидори худӣ бештар ба кор мегиранд. Аз ҳамин зовия, агар ба мақолаи «Эҳёи миллат – бақои давлат» нигариста шавад, як ихтирои тамомиёр ва комилҳуқуқи истилоҳсозии илмӣ вуҷуд дорад, ки ба истеъдод ва вижагиҳои ахлоқӣ-маънавии зиёиён таъкид варзида, онҳоро созандагони виҷдони башар (ҷомеа) унвон кардаанд. 
4. Ба бовармандии ҷомеашиносон, яке аз асоситарин баҳсе, ки дар шароити кунунӣ дар меҳвари мақолаи «Эҳёи миллат – бақои давлат» ва дар ҳавзаи таҳлилии кишварҳои минтақа қарор дорад, шинохт ва дарёфти нақши равшанфикрон дар эҳё, истиқрор ва густариши пояҳои давлатдорӣ мебошад, ки ин амри муҳим дар зоти худ нотакрор аст. Бад-ин маъно, ки нахуст бояд равшанфикр аз иқтидори маънавии хеш ва асароти созандаи он огаҳии дақиқ ва комил дошта бошад. Бар қонунмадорӣ, ҳамкорӣ бо давлат ва ҷомеа, мардумсолорӣ ва коромадӣ ҳамчун хислатҳои аслӣ мубодират варзад. 
 Аз ин лиҳоз, муаллиф бо дарки рисолати афсарӣ ва ҷаҳонбинии давлатмадории академикӣ басо воқеъбинона менигорад: «Миллати тоҷик дар шароити навини таърихӣ, бо таҷрибаи муваффақона паси сар кардани Даврони Эҳё, ки оғози он эълом гардид, тамоми шароит – решаҳои тамаддунӣ, бунёди қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ақлонӣ ва генетикиро дорад». Ин ҳарфҳоест, ки аз қалб маншаъ гирифтаву бо илмият ва тафаккури қудрати худӣ омехта шуда. 
5. Олими тавоно С. Ятимов дар ин тадқиқот тавонмандиҳои зеҳнии давлатмадорӣ ва донишҳои муътабари замонавиро дар як нукта тавъам кардааст, ки хислатҳои фавқ ба тарзи аҷиб бо ҳам гиреҳ хӯрдаанд. Ин бархӯрд ҳақиқат (аксиома)-еро бармало месозад, ки корманди миёнаомори давлатӣ на танҳо муназзам ва масъулиятпазир, балки муҷаҳҳаз бо донишҳои оламшумул ва башиддат рақобатпазир дар қиболи дигарон низ бояд бошад. 
6. Дар урфу одатҳои мардуми Шарқи Наздик ҳақиқате нуҳуфта аст, ки онро вақте зарурати ҷонии амният ва суботро барои насли ҷавон хотиррасон карданӣ шаванд, ин тавр баён менамоянд: «Иснатони муҳимматони: ас-сиҳату вал-амонӣ», яъне ба он маъно, ки «зиндагӣ бар ду асли муҳим мутакост: амният ва сиҳат». Нуқтаи атф ва паргории мақола, ин пеш аз ҳама, тавсифи фарҳанги мудирияти олии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Эҳёгари асосҳои ҳуқуқӣ ва бунёдии давлат дар ҷаҳон эътироф шудаанд, миллатро сарҷамъ ва зарурати ваҳдати комилро дар ҷомеа ниҳодина сохтаанд. 
7. Ҳамин омили калидӣ агар ба ҳайси авҷ (кулминатсия)-и кулли мақола пазируфта шавад, мисоли зерин ифодагари муҳтавои мақола аст. Дар ин ҷо танҳо бо як намуна иктифо мекунем - дар вазъияти нобасомон барои давлат дар қадамҳои нахустин артише лозим буд, ки давлату миллатро аз тӯдаи мухолифини то дандон мусаллаҳ ва ҷанги таҳмилии дохилӣ муҳофизат карда тавонад. Бинобар ин, баъди ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ интихоб шудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. 18-уми декабри соли 1992 Қарори Шурои Олии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир шуд. Дар он замон Артиши миллии Тоҷикистон тақрибан дар шароити набуди пойгоҳи моддӣ-техникӣ таъсис дода шуд. Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон дар ин хусус гуфта буданд: «Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ». Артиши миллии тоҷикон дар даҳаи солҳои 90-уми асри гузашта ба фарзандони сарсупурдае ниёз дошт, ки бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонфидоии истисноӣ барои эҳёи давлатдории муосири тоҷикон қад алам карданд ва ба қавли муаллиф, “шуури миллӣ – шуури ягонаи тақдири таърихӣ”- ро ба намоиш гузоштанд. 
8. Дар вақтҳои барои миллат душвор қишри хориҷиманиш, ки қудрати оянданигарии илмӣ ва миллӣ надошт, ба ҷойи дар атрофи роҳбарияти олии кишвар сарҷамъ шудан ва пояҳои истиқлолро тақвият бахшидан, ба муқаддасоти миллӣ тавҳин мекарданд, бо муомилаҳои машкук бо аҷнабиён ривоҷи ифротиятро алвонҷу доман мезаданд, бо тавсияи бодорони худ барои тазъифи бунёди сиёсӣ-иқтисоди ҷумҳурӣ зарбаҳои мулҳик ворид менамуданд. Ин тоифа гирифтори як навъ сархӯрдагӣ дар рафторашон буданд; онҳо ҳамон нафаронеро мемонанд, ки тимсоли ривояти Мавлонои бузург, “ҳар узви филро шаъйи дигар пиндошта, аз воқеият тасаввури комил надоштанд”. Муҳтавои мақолаи “Эҳёи миллат – бақои давлат” ҷавоби дандоншиканест, ба ин лаҷомгусехтагон, ки дар таҳтушшуурашон орзуи «обро лой кардану моҳӣ гирифтан»-ро доранд. 
9. «Китоби ҳафт миллат гар бихонад одамӣ, омист, Нахонад то зи ҷузви ошноӣ достонеро». Ҳикмате дар ҷаҳонбинии мо роиҷ аст, ки таълиму тарбияи фарзандро басо нишонрас хотиррасон мекунад: «Хислати азалие, ки ҳамвора бояд гӯшзад карда шавад, он аст ки ҳамчун шер ихлосманд бошанду чун инсони комил ва асил - садоқатманд». Ба ҳамагон маълум аст, ки шер агар ба фил ҳуҷум кунад ва ба паранда, аз як ихлос кор мегирад ва яксон ҳамла мекунад. Ин ҳарфҳо вақте дар зеҳнам тагу рӯ шуданд, ки мақолаи «Эҳёи миллат – бақои давлат»-ро хондам. Ва ҳар тоҷики бовиҷдон ва меҳанпараст ба ин савол ҷавоб меҷӯяд, ки нақши волои Президенти мамлакат дар ҳаёти рӯзмарраи ҳар як фард аз чӣ иборат аст? Чаро ҷомеаи тоҷик вақте ки номи Президентро мешунавад, дар руҳияи созанда қарор мегирад, таъбаш болидаву барои оянда умедвор мегардад? Ҷавоби муаллиф ҳадафманд ва сутуданист: «Сарвари давлати тоҷикон амалеро, ки дар доираи тавони як раҳбари камназир ва ватанпарвари таърихофарин аст, иҷро намуд».
10. Посухи ин саволҳо дар мадди назар одӣ ба назар расад ҳам, вале такопӯи аслӣ ва мӯшикофии зеҳниро тақозо мекунад: Як, саҳми Президенти мардумӣ дар эҳёи давлатдории миллӣ мунҳасир ба фард ва калон аст. Сухани вологуҳари «Пешоҳанги Эҳёи миллати тоҷик» комилан ба шахсияти Раҳбари тоҷикон сидқ мекунад. Ин тарафи фаъолияти Президент ба шарҳи зиёдтар ниёз дорад; олимону таърихшиносон ва ҷомеанигорону сиёсатмадорон ба ин паҳлуи кори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қалби мардум орзуву ҳаваси зиндагии дубораро бедор менамояд, бояд зиёдтар таваҷҷуҳ намоянд. Агар таҳлили самимӣ дар ин робита анҷом дода шавад, пайдост, ки тули 32 сол даҳҳо шаҳраку деҳаҳои навсохт бино шуданд ва амалан зербинои иҷтимоӣ ва иқтидори некуаҳволии мардум барафрохта шуд. Ду, мардум бо шунидани нахустин сухан ва паёми Президенти муҳтарам куллан тағйир мехӯранд, шодиву табассум дар лабони онҳо пайдо мешавад ва дурнамои ҳаёту мамоти худро равшан мебинанд. Ин фарҳанги воло аз мардумӣ будани шахсияти Президент далолат мекунад, зеро мардум бо бархӯрди самимӣ ва ихлосмандона камар баста, вайронаҳоро обод ва риштаи кандашудаи зиндагиро умри дубора мебахшанд. Се, тарафҳои мусбати ҳувияти бузург ва маниши созандагии муҳтарам Президент дар муносибат бо халқ зуҳур меёбад. Вақте мардум мебинад, ки дар рӯбарӯяш Раҳбаре ҳаст, ки аз ниёзҳои одии ӯ хабар дорад, бо забони фасеҳ ва шевои модарӣ сухан мегӯяд, ба шахсияти истисноӣ будани Пешвои миллат эътиқоди холисона пайдо мекунад. Чор, ҳамин бархӯрди самимӣ аст, ки мардум деҳаҳоро бо номи Президент номгузорӣ мекунад ва ин арҷгузории таърихии мардум ба Роҳбари одил ва тавонояшон аст, ки бо заҳматҳои шабонарӯзӣ дил ва меҳри мардумро ба даст овардааст. Эътирофи халқ баростӣ эътирофи таърих аст. Таърих бошад, гувоҳ аст, ки раҳбарони одил ва накуманзар дар дилу дидаҳои халқ умрбод қарор мегиранд, бо ҳукми одилона номашон бо некӣ зикр мегардад. 
Ҳусни мақтаи матлаби худро бо пешниҳоде ҷиҳати эҷоди нуқтаи такягоҳӣ ва пойгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ дар бораи Эҳёи миллати тоҷик дар се даҳаи ахир итмом мебахшам, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки қувваҳои хориҷисиришт, ки аз сӯйи таблиғгарони бегона таҳрик мешаванд, дар асл аз сӯйи истеъмори ҷаҳонӣ ҳимоя мегарданд, як мақсад доранд: бесуботӣ. Як усул доранд: ҷанг. Як маром доранд: давлати асримиёнагӣ дар асоси шариати ғуррои таассубӣ биношуда. 
Муҳаққиқи дақиқназар С. Ятимов рисолати миллии эҳёгарони давлатро, пеш аз ҳама, саҳм гузоштан дар пешрафти ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ва дар ҳолати партавафшон нигоҳ доштани дирафши ковиёнӣ ва рифоҳу саодати ҷамъӣ медонад. Ин ҷавобан изҳори назар ба суханони олишони Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: «Ҳар як зиёии арҷманди мо бояд дар кору пайкори созандагӣ ба хотири шукуфоии Ватан, аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ роҳнамоӣ кардани ҷомеа, эҷоди асарҳои илмиву бадеии сазовори замон, рушди бештари фарҳангу ҳунар ва парвариши истеъдодҳои ҷавон фаъолона саҳмгузор бошад. Зиёиёни ватанпараст бояд шахсан ташаббус нишон диҳанд, мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби кишварро ба миён гузоранд ва роҳу воситаҳои ҳалли онҳоро низ пешниҳод кунанд».
Дар низоми хилқат ва ҷаҳони ҳастӣ, ки инсон мукаммалтарин падидаи заминӣ аст; аз рӯзи ташаккулёбӣ то кунун, дар баробари пурсишҳои зиёди пурроз ва рамзӣ қарор доштааст, аз қабили «пайдоиши ҷаҳон», «чӣ гунагӣ ва ҳадафмандии оламу одам», «рисолати инсон дар ҷаҳони ҳастӣ» ва дигар суолҳо зеҳни башарро ҳазорон сол машғул доштаанд. Ба баёни дигар, анҷоми рисолати истисноии равшанфикр дар гарави дарки фалсафӣ ва фарҳангии мафҳумӣ он аст, ки вижагии фитрати инсонро бо якдигар робитаи мантиқӣ медиҳад, ки дар рисолаи «Эҳёи миллат - бақои давлат» таҳаққуқ ва ташхиси дақиқи илмӣ ёфтааст. 
Нависандаи тоҷик Сотим Улуғзода, яке аз пешгомони масири эҳёгарии миллат, дар бораи хештаншиносӣ басо ҳадафманд нигоштааст: «Маънии зиндагӣ дар ҳамин аст: худро афрӯхтану роҳи дигаронро мунаввар кардан. Ҳар кас ба ин дунё ба ташвиши худаш меояд, аниқтараш меоранд ӯро. Аммо дар натиҷаи донишу биниш ва андӯхтани таҷрибаи рӯзгор тадриҷан дар бораи маънии ҳастӣ ва мавқеи худаш дар ҷомеа сарфаҳм рафта, мехоҳад, ба нафъи қавму халқи худаш, дар маҷмуъ башар, хидмате карда бошад. Охир, рисолати инсон дар рӯи Замин ва маънии ҳастии мо дар ҳамин аст».

У. НАЗАРОВ, пажӯҳишгари масоили минтақа

Санаи нашр: 14.09.2023 №: 185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив