ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТ.  АЗ РУШДИ ЗАМИНАИ  ҲУҚУҚӢ ТО ҲИФЗИ ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ

ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТ.  АЗ РУШДИ ЗАМИНАИ  ҲУҚУҚӢ ТО ҲИФЗИ ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ

20 сентябр 2023, Чоршанбе
47
0

 
Бешак, дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷойгоҳи он дар раванди демократикунонӣ ва таҳкими амнияти иттилоотии кишвар хеле муҳим мебошад. Аз ин нуқтаи назар, ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, такмили онҳо мунтазам идома меёбад.
Ин матлабро Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанг, дар семинар-машварате, ки таҳти унвони «Риояи қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ омили рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти кишвар» бо иштироки масъулони муассисаҳои соҳаи табъу нашр ва матбуот баргузор гардид, иброз дошт. 
Зикр гашт, ки фаъолияти воситаҳои ахбори омма, асосан, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешаванд.
– Заминаи мусоиди ҳуқуқӣ дар шароити истиқлоли давлатӣ омили муҳиме гардид, ки низоми табъу нашр ва матбуоти тоҷик аз ҷиҳати шакл, муҳтаво, таъинот ва теъдоди рӯзномаву маҷаллаҳо низ дигаргун шуда, ба таври назаррас рушд ёбад. Яъне, Ҳукумати мамлакат шароити заруриро тибқи талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, барои рушди соҳаи матбуот ва дастрасии ҷомеа ба иттилооти дақиқ фароҳам овардааст. Аз ин дидгоҳ, вазифаи асосии матбуот баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа аз ин ё он ҳодисаву воқеаҳои муҳим, инъикоси фикру мулоҳизаҳои гуногун ва ташаккул додани афкори солими иҷтимоъ мебошад, – гуфт Давлат Сафарзода. 
Ӯ афзуд, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои муҳим дар самти таъмини амнияти иттилоотии кишвар, аз ҷумла қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи иттиллоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоотӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи сирри давлатӣ», Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст. 
Раҳмоналӣ Мирализода, сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг, гуфт, ки амнияти иттилоотӣ ҷузъи таркибии амнияти миллии ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ омили муҳим дар таъмини рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Аммо дар баробари ҷанбаҳои мусбат, инчунин, ҷанбаҳои манфии истифодаи технологияҳои иттилоотӣ низ вуҷуд дорад, аз ҷумла доираҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор иттилоотро ҳамчун абзори таъсиргузор барои амалисозии мақсадҳои сиёсию идеологии худ истифода менамоянд.  
– Имрӯз вазифаи ҳар як воситаи ахбори омма аст, ки новобаста аз шакли моликият ва фаъолияташон дар самти ҳифзи амнияти иттилоотии кишвар фаъол бошанд ва нагузоранд то фазои иттилоотии давлати  мо ба майдони пахшу нашри сиёсатҳои бегона табдил ёбад, – гуфт  Раҳмоналӣ Мирализода.

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
Шодмон АБДУРАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.09.2023 №: 188
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив