ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД

ВМКБ.  ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД

22 сентябр 2023, Ҷумъа
26
0


Сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидани аҳли фарҳанги вилоят дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ - “Андалеб-2023” дастоварди қонеъкунанда нест. Дар ҳоле ки бошандагони ин минтақаи таърихӣ аз қадим донандагони рози санъат ва ҳунарҳои мардумианд. 
Дар ин маврид раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар ҷаласаи навбатӣ изҳори нигаронӣ кард.
– Бинобар  баҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Бадахшон кони санъати кишвар аст. Аз ин рӯ, ҷойи ифтихорӣ гирифтани санъаткорони вилоят дар “Андалеб-2023” ҳанӯз кофӣ нест. Ин моро водор месозад, ки ба муаррифии эҷодиёти бадеии халқ дар вилоят, ки самти асосии фаъолияти аҳли фарҳанг буда, яке аз ҳадафҳои асосии Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем, – афзуд раиси вилоят.
Зикр гардид, ки фарҳанги мардуми кӯҳистони Бадахшон, ки як бахши хосса ва ҷудонопазири мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик мебошад, дар решаву андешаи сокинони ин сарзамини баландкӯҳ, ки аксаран дар масири таърих дар бунбаст қарор дошта, дар ин замина камтар осеб дидаанд, асрҳо боз ҷой дорад. Дар санъати бадахшӣ ҷаҳонбинӣ, муносибати хосса ба табиат, инсондӯстӣ ва дигар арзишҳои иҷтимоӣ бозтоб ёфта, дар шаклҳои гуногун то ба имрӯз расидаанд. Бинобар ин, омӯзишу ҳифзи ин мерос барои имрӯзиён на танҳо заруру ҳатмист, балки гуворо ва дастрастар низ, мебошад.  
Гулдасташо Амирхонов, мудири шуъбаи фарҳанги вилоят дар машварат зимни гузориш доир ба ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 иттилоъ дод, ки ҳадафи барнома омӯзиш, ҳифз ва рушди мероси ғайримоддӣ мебошад, ки унсурҳои санъати миллӣ, анъана ва ҷашну маросимро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт тибқи нақшаи чорабиниҳо дар вилоят корҳои муайян роҳандозӣ гардидаанд. Ҷиҳати  омӯзиш ва таҳқиқи  намудҳои миллии варзиш ва бозиҳои кӯдакӣ дар ҳудуди вилоят гурӯҳҳои корӣ фаъолият дошта, корҳои омӯзишӣ, гирдоварии мавод дар шуъба ва бахшҳои он қисман анҷом дода шудаанд. Натиҷаи омӯзиш ва ҷамъоварӣ дар ҷилдҳои минбаъдаи  “Донишномаи фарҳанги мардуми  тоҷик” ҷой хоҳанд гирифт. 
Як қисми сурудҳои тӯёнаи бошандагони кӯҳистони Бадахшон, сурудҳои фолклорӣ ва бадеҳаҳои мардумӣ дар китоби “Маросими тӯёнаи мардуми Бадахшон”, ки ба қалами Худобердӣ Мулкамонов тааллуқ дорад, гирд омадаанд. Муаллиф, ҳамчунин, доир ба усулҳои баргузории ҷашну маросимҳои  анъанавии бадахшониҳо як дастури методӣ ба чоп расондааст. 
Айни ҳол мутахассисони маркази эҷодиёти халқи вилоят дар заминаи  маводи аз гурӯҳҳо гирдомада тавзеҳи мероси рақси бадахшониро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Асосан, рақси мардонаи бадахшонӣ таваҷҷуҳи мутахассисонро бештар ҷалб менамояд, зеро иҷрои ин рақс дар байни мардум коҳиш ёфта истодааст. 
Ин нуктаро  Мулкамон Мамадамонов, собиқадори соҳа, дар китоби худ – “Созҳои мусиқии Бадахшон” низ тазаккур дода, ҳамчунин, дар он намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва созҳои халқии минтақаро ҷой додааст, ки аз манфиат холӣ нест. Дар самти омӯзиши эҷодиёти халқ китобҳои корманди  марказ Сайлигул Мулкамонова – “Ганҷинаи фарҳанг, ҳунар ва илм” ва  “Ҳунармандони мактаби эҷодиёти халқ” низ аҳамияти калон доранд. Дар самти ҷамъоварӣ ва омӯзиши маводҳо оид ба рақси мардумӣ, гулдӯзӣ, кандакорӣ ва бофандагӣ низ, корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Дар ин бобат, китоби директори Маркази эҷодиёти халқи вилоят Сорбон  Мамадамонов – “Ҳунари бофандагии мардуми Бадахшон” хеле ҷолиб буда, он аз таърихи  пайдоиши ин ҳунар дар кӯҳистон қисса мекунад.
 Баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ – “Андалеб - 2023” низ дар доираи ҳамин барнома доир гардида, дар эҳё ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии эҷодиёти халқ саҳми назаррас дорад. Дар даври ниҳоии Озмуни имсола, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар номинаи рақси яккаи мардонаи “Уқоб” ва рақси занонаи “Мавҷи дарё” баромади намояндагони вилоят баҳои баланд гирифта, ноҳияҳои Шуғнон ва Рӯшон сазовори дипломи дараҷаи 3-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. 
Мудири шуъба аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо амалигардонии бандҳои алоҳидаи барномаи мадди назарро мувофиқи нақша маблағгузорӣ намекунанд. Бинобар ин, иҷрои ин бандҳо таҳти савол қарор доранд. 
Дар ин самт  раиси вилоят дар баробари роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин, фаъолияти шуъбаи фарҳанги вилоятро камранг арзёбӣ карда, супориши қатъӣ дод, ки иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин кунанд, то самараи он дида шавад.    

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.09.2023 №: 189
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив