ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮДАКӢ.  АВВАЛИН ШОИРИ МИЛЛӢ ВА ҶАҲОНӢ

РӮДАКӢ.  АВВАЛИН ШОИРИ МИЛЛӢ ВА ҶАҲОНӢ

22 сентябр 2023, Ҷумъа
18
0

 
Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  22-юми  сентябр ба тақвими сол ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ворид шуд. Шеъри волои сардафтари адабиётамон ҳамасола дар ин рӯз махсус садо медиҳад. Пажӯҳишҳои илмӣ дар ин самт аз ҷониби рӯдакишиносон ва дӯстдорони Одамушшуаро ироа мешаванд, ки дар таҳкими худшиносӣ, ватандӯстӣ ва боло бурдани завқи шеърдониву шеършиносӣ мусоидат менамоянд. 
Суҳбати хабарнигори рӯзнома дар арафаи ин Рӯзи мубораку фархунда бо Анзурати Маликзод, номзади илмҳои филология, рӯдакишинос, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, дар ин хусус ва масоили марбута ба он мебошад.
– Тавре маълум аст, дар хусуси бештару беҳтар муаррифии  Абуабдулло Рӯдакӣ тадбирҳои зиёде амалӣ гардиданд. Бунёди Рӯдакӣ низ, таъсис ёфт. Аммо шинохти Одамушшуаро  на ба он поя расидааст, ки ҷавобгӯи талаботи давр бошад. Чаро? 
– Ҳамасола ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ 22-юми сентябр маҳфилу ҳамоишҳо баргузор мегарданд. Дар ин маҳфилу ҳамоишҳо сухан аз бузургии устод Рӯдакӣ ва муъҷизаосоии шеърҳои ӯ гуфта мешавад.
Дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ “Бунёди Рӯдакӣ” мавҷуд аст, ки ба муносибати ин санаи фархунда конфронсу ҳамоиши илмӣ доир менамояд ва маҷмуаи мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз олимони ватаниву хориҷиро пиромуни ашъори устод Рӯдакӣ ба чоп мерасонад. Кормандони ин муассисаи илмӣ аз тариқи радиову телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳо доир ба хусусиятҳои гуногуни шеъри устод Рӯдакӣ гузоришу суханрониҳои илмӣ ироа менамоянд, ки дар ташвиқу тарғиби шеъри Одамушшуаро дорои аҳамияти хос мебошанд. Аммо, бо вуҷуди он, бояд доманаи ташвиқи осори устод Рӯдакӣ дар миқёси ҷумҳурӣ вусъат пайдо намояд ва сатҳи рӯдакихониву рӯдакишиносии аҳли ҷомеа ба марҳалаи фарогиру ҷиддитаре бардошта шавад, чун устод Рӯдакӣ қофиласарои шеъру адаби форсии тоҷикист. 

– Ин хуб аст, ки бо Рӯдакӣ ифтихор мекунем, аммо то ба ҳанӯз асарҳои бунёдӣ, ба истиснои «Рӯдакӣ»-и академик Абдулғанӣ Мирзоев, дар борааш, ки шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда бошад, надорем. Асрори шеъру эҷоди Одамушшуаро низ, интизори кашф мебошад. Чӣ бояд кард?
– Рӯдакишиносӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон вусъати тоза пайдо намуда, ба марҳалаи нави инкишоф ворид шуд. Пас аз тадқиқоти мондагори устод  Садриддин Айнӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев адабиётшиносони номвар Брагинский, Тоҳирҷонов, Аълохон Афсаҳзод, Мирзо Муллоаҳмадов, Субҳон Амирзода ва дигарон низ, тадқиқоти ҷиддию бунёдӣ анҷом додаанд. Ин муҳаққиқон низ кӯшидаанд, паҳлуҳои гуногуни осори устод Рӯдакиро ба таҳқиқ кашанд ва нуктаҳои муҳиму баҳсталаби осори шоирро ба таҳқиқ бигиранд. Хусусан, дар тадқиқоти Субҳон Амирзода, ки “Падидаи нодир” ва “Устод Рӯдакӣ – аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ” унвон дорад, бисёр масъалаҳои рӯдакишиносӣ бо диди нав таҳқиқ шудаанд. Рӯдакишиноси номӣ дар ин силсилатаҳқиқот сирри бузургӣ ва муъҷизаосоии осори Одамушшуароро бо назарияҳои нави илмӣ ва дар асоси арзишҳои эҳёии давраи Сомониён боз намудааст, ки роҳро барои рӯдакипажӯҳон ҳамвор месозад. 
Ҳамчунин, дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо роҳбарии адабиётшинос Мирзо Муллоаҳмадов “Донишномаи Рӯдакӣ” дар се ҷилд омода  ва ба чоп расид. Вале, бо вуҷуди ин, дар масъалаи шинохти шахсият ва осори устод Рӯдакӣ метавон корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ ба анҷом расонд. Хусусан, аз нуқтаи назари арзишҳои миллӣ ва эҳёи замони Сомониён ба тадқиқ гирифтани осори устод Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ яке аз вазифаҳои муҳим ва ояндаи рӯдакишиносон аст.

– Фикр мекунам, ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҳар шоири дигар бояд бештару беҳтар омӯхта, назокату зебоиву ҷаҳонбинии ӯ бозгӯ шавад, барои ҳар хонанда, дӯстдори шеъру шоирӣ. Метавон ба амалӣ шудани он умед баст? 
– Бале. Зеро устод Рӯдакӣ падари шеъри форсии тоҷикӣ, бунёдгузори адабиёт ва забони модарии мост. Одамушшуаро дар саргаҳи бедории фикрӣ ва эҳёи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тамаддуни миллии ориён қарор дорад. Ӯ беҳтарин навъи шеъри ватандӯстонаву хештаншиносона, шеъри фалсафии ҳакимона ва панду андарзӣ, беҳтарин қасидаҳои мадҳӣ ва тасвири табиатро суруда, ба инсон дарси огоҳӣ додааст.

– Ба андешаи ин ҷониб, таъсири неки шеъри Одамушшуаро ба шуарои имрӯзии мо бисёр кам ба назар мерасад. Ҳарчанд шоирони классики мо дар пайравии ашъори ба назар содаи ӯ шеър гуфтаанд, муваффақ нагардидаанд ва ин ҳақиқатро  эътироф карданд. Аз ҷумла: 
Сухан Рӯдакивор неку бувад, 
Суханҳои ман  Рӯдакивор нест.
Сабаб чист?
– Шоирони зиёде ҳанӯз аз замони зиндагии устод Рӯдакӣ ва пас аз рӯзгори ӯ низ ба устод пайравӣ кардаанду таъсир бардоштаанд, аммо дар ин ҷода комёб нашудаанд. Унсурии Балхӣ яке аз он шоиронест, ки тарзи сухану ғазалгӯии устод Рӯдакиро орзу кардааст ва дар ормони тарзи ғазалгӯии ӯ мондаву табъи худро дар назди Рӯдакӣ норасо эҳсос кардааст:
Сухан Рӯдакивор неку бувад,
Суханҳои ман Рӯдакивор нест.
Агарчи бикӯшам ба борик ваҳм,
Дар ин парда андар маро 
бор нест.
Сабаб он аст, ки устод Рӯдакӣ шоири бузурги ҳаким аст ва шаҳди ноби панду андарз ва ҳикматҳои инсонсоз ва зиндагисози аз таҷрибаҳои рӯзгорон ҳосилшудаи инсонро бо калимоти содаву осонфаҳм дар қолаби шеър мерезад...

– Чӣ бояд кард, то Рӯзи Рӯдакӣ дар кишвар  беҳтар аз пештар таҷлил гардад?
– Бояд шеъри устод Рӯдакиро дуруст ва пайваста ташвиқу тарғиб намоем. Аз боғчаву мактаб ва донишгоҳу муассисаҳои тадқиқотӣ сар карда, мазмуну моҳияти гуфтаҳои устод Рӯдакиро ба ворисону меросбарони осори шоир бирасонем. Дар ин кор, асосан, омӯзгорону муҳаққиқон бештар саҳмгузор бояд бошанд. Осори Одамушшуароро бо шуморагони зиёд чоп ва дастраси хонандагон бояд намуд.

Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 22.09.2023 №: 190
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив