ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ. БОЗТОБИ НИШАСТИ ШУРОИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ МУАССИС

ФОНДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ. БОЗТОБИ НИШАСТИ ШУРОИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ МУАССИС

29 сентябр 2023, Ҷумъа
28
0

 
Имсол аз таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) 30 сол (26-уми марти соли 1993) пур шуда, муассисонаш ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Ҷаласаи ҷашнии Шурои сарварони давлатҳои муассиси ФБНА таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар чорабинӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи экологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, обӣ ва энергетикӣ дар ҳавзаи баҳри Арал дар фазои анъанавии ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва дӯстӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бешак, нишасти Душанбе барои муттаҳидӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ва ҳамгироии кишварҳои минтақа ҷиҳати таҳкими нақши Фонд дар ин раванд, саҳми мунир хоҳад гузошт.
Воқеан, захираҳои об барои рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши калидӣ доранд ва ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об ҷузъи муҳими ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, таъмини сулҳу субот ва шукуфоӣ дар минтақа мебошад. 
Дар ҳамин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамёрии кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои печидаи обу экология нақши муҳим дорад. Дар чаҳорчӯбаи ин ниҳод натиҷаҳои назаррасе ба даст омадаанд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамчунин, ҷиҳати ба роҳ мондан ва густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт мусоидат намудаанд. 
Ба таъкиди Сарвари давлати мо, ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк менамояд, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонанд, аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намоянд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштарак таҳия ва татбиқ намояд.  
Доир ба фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, иброз дошт, ки ФБНА тайи солҳои фаъолият муҳимтарин ниҳоди ҳамкориҳои минтақавӣ дар масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обии фаромарзӣ, ҳалли мушкилоти экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал гардид. Гузашта аз ин, ФБНА яке аз механизмҳои муваффақи ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад, ки субъективии Осиёи Марказиро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳад.
Ҳамчунин, дар ҷаласа таъкид шуд, ки нақш ва аҳамияти сохтори Фонд дар шароити ба вуҷуд омадани чолишҳо ва таҳдидҳои нав аз тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ боз ҳам бештар мегардад. Оқибатҳои бад шудани вазъи обӣ-экологии минтақа дар натиҷаи обшавии пиряхҳо ва офатҳои табиӣ, инчунин, омилҳои техногенӣ, ки дар натиҷаи афзоиши босуръати демографӣ, урбанизатсия ва индустриализатсия ба вуҷуд омадаанд, боиси нигаронист.
Масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Аралро ҷалб намуд, ин кандани канали Қӯштеппа аз ҷониби намояндагони Афғонистон мебошад. Доир ба ин Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, чунин гуфт: “Шумо хуб медонед, ки ҷониби Афғонистон каналро фаъолона сохта истодааст. Татбиқи он метавонад вазъ ва мувозинати обро дар Осиёи Марказӣ бакуллӣ тағйир диҳад”.
– Мо зарур мешуморем, ки барои омӯхтани тамоми ҷиҳатҳои сохтмони канали Қӯштеппа ва таъсири он ба вазъи оби Амударё бо ҷалби институтҳои тадқиқоти илмии мамлакатҳои мо гурӯҳи якҷояи корӣ ташкил карда шавад. Таклиф мекунем, ки масъалаи ҷалб намудани намояндагони Афғонистон ба гуфтушуниди минтақавӣ оид ба истифодаи якҷояи захираҳои об дида баромада шавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.  
Аз рӯи натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ҳамчунин, Эъломияи Душанбе ба имзо расиданд. 
Бешак, ҳуҷҷатҳое, ки дар ФБНА қабул шудаанд, заминаҳои рушди минбаъдаи раванди мусбат ҳалли мушкилоти обии минтақавӣ, минтақаҳои хурд ва глобалӣ ҳамчун омили муътадилсозии равандҳои таназзулӣ дар ҳавзаи баҳри Арал арзёбӣ мегарданд. 

АЗ ФОҶИАИ АРАЛ ТО ТАЛОШҲО БАРОИ НАҶОТ 
Маврид ба зикр аст, ки ҳанӯз солҳои 60-уми асри XX Арал чаҳорумин баҳри калонтарини ҷаҳон бо масоҳати тақрибан 70 ҳазор километри мураббаъ маҳсуб мешуд (пас аз баҳри Каспий, кӯли Супериор дар Амрикои Шимолӣ ва кӯли Виктория дар Африқо). Ин баҳр аз оби дарёҳои Амударё ва Сирдарё маншаъ мегирад. Қаблан, дар баҳри Арал 34 намуди моҳӣ зиндагӣ мекард, ки 24-тои он тиҷоратӣ буд. Дар соҳилҳои он Қазоқистону Ӯзбекистон якчанд фабрикаҳои моҳидорӣ ва корхонаҳои киштигардӣ доштанд. 
Ба андешаи Дилором Шералиева, корманди Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, дар аввал баҳри Аралро одамон фаъолона истифода мебурданд. Дар он  киштиҳо шино менамуданд, саноати сайёҳӣ рушд мекард ва моҳигирон ба андозаи бузург моҳӣ медоштанд. Расмҳо ва суратҳои бозмонда аз гуногунии олами ҳайвонот ва набототи баҳри Арал ва ҳавзаи он шаҳодат медиҳанд. Дар ҳавзаи баҳри Арал нисфи тамоми намудҳои биологии дар сарҳади собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мавҷуда зиндагӣ менамуданд.
Шуруъ аз солҳои 30-юми асри гузашта дар Осиёи Миёна сохтмони наҳрҳо (каналҳо)-и калони обёрикунанда оғоз гардид. Бо сабаби аз дарёҳои асосии таъминкунанда – Амударё ва Сирдарё барои обёрӣ истифода гардидани қисмати зиёди об аз солҳои 60-ум сатҳи баҳри Арал (ва ҳаҷми об дар он) босуръат паст шудан гирифт.  Аз соли 1960 то соли 1990 дар Осиёи Миёна майдони заминҳои обёришаванда аз 4,5 миллион ба 7 миллион гектар расид, ки яке аз сабабҳои асосии камшавии об дар баҳри Арал ба шумор меравад.  Соли 1989 баҳр ба ду обанбор ҷудо шуд: Баҳри Шимолӣ (Хурд) ва Ҷанубии (Калон) Арал.
– Тағйир ёфтани мувозинаи оби дарёҳо, инчунин, зиёд шудани минерализатсияи об дар баҳри Арал боиси аз байн рафтани биосенозҳои нодир ва якчанд намудҳои эндемикии ҳайвонот гардид. Ҳамчунин, кам шудани маҷрои об дар баҳри Арал боиси тағйири бебозгашти режими гидрологӣ ва гидрохимиявии баҳр ва экосистемаҳои он гашт. Тағйир ёфтани мувозинаи намак шӯрии баҳрро се маротиба зиёд намуда, онро ба биёбони биологӣ табдил дод ва дар натиҷа талафи биологӣ, тағйир ёфтани таркиби намаки баҳри Арал боиси таназзули саноати моҳидорӣ ва коркарди он шуд. Бо дарназардошти вазъи баамаломада ва бо мақсади рафъи буҳрони экологӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоию иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз бузургтарин офатҳои асри ХХ эътироф шудааст, соли 1993 аз ҷониби сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ Фонди байналмилалии наҷоти Арал таъсис дода шуд, – гуфт Дилором Шералиева.
Коршиносон бар ин назаранд, ки то соли 2040 дар бархе аз манотиқи Осиёи Марказӣ фишор ба манобеи об се маротиба афзоиш хоҳад ёфт. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, аллакай, давлатҳои минтақа ба далели камобӣ ва истифодаи бесамари манобеи об ҳамасола то 2 миллиард доллар зиён мебинанд.
Ба амнияти Осиёи Марказӣ тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, давраи ояндаи камобӣ ва нарасидани об таҳдид мекунад. Ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ, ҳарорати ҳаво дар минтақаи мо нисбат ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ хеле зудтар боло меравад. Ин боиси кам шудани майдони пиряхҳо, манбаи асосии об дар ҳавзаи баҳри Арал мегардад. Ҳаҷми онҳо дар давоми 50 соли охир 30 дарсад кам шудааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, то соли 2050 хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад дар як сол ба андозаи 1,3 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зарар расонад ва ин боиси пайдоиши ҳудуди 5 миллион муҳоҷири дохилии “иқлимӣ” хоҳад шуд. 
Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ хушкшавии баҳри Аралро яке аз бузургтарин буҳронҳои экологии асри ХХ номидааст. Нобуд шудани баҳр ба набототу ҳайвонот ва иқлими минтақаҳои наздикӣ Арал таъсири манфӣ расонд. Дар радиуси 100 километр тобистон гармтару хушктар ва зимистон хунуктар ва дарозтар мешавад. Миқдори боришот якчанд маротиба кам шудааст. Аз 173 намуди ҳайвонот танҳо 38-тоаш зинда мондааст, ки онҳо низ, ниҳоят осебпазиранд.
Тӯфонҳои чангӣ омилҳои бениҳоят манфии экологӣ мебошанд, ки бевосита ба саломатии инсон таъсир мерасонанд. Дар байни сокинони манотиқи Арал паҳншавии бемориҳои чашм ва роҳҳои нафас, камхунӣ, диабети қанд, ва саратон афзоиш меёбад.
Ба гуфтаи коршиносон, дигар имкони пурра барқарор кардани баҳри Арал нахоҳад буд. Кам кардани таъсири харобиовари буҳрони шадиди экологӣ вазифаи муҳимтарин мебошад. Раҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қадри имкон талош доранд, ки дар наҷоти баҳри Арал ва минтақаи Арал саҳм гузоранд.
Бояд гуфт, ки Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд аз 22 то 24-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк доир гардид, ҳамоиши таърихие унвон шуд, ки амалҳои муштарак ва ҳамоҳангии кишварҳои сайёраро дар ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим тақвият мебахшад. Ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар ба дурустии сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон ва мавқеъгирии хайрхоҳонаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар амри расидан ба қаламрави саодату ҳамбастагии мардуми олам муҳри тасдиқ зад. 
Дар ин чорабинӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилоти баҳри Аралро мавриди муҳокима қарор доданд ва изҳороти муштараки давлатҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд. Аз ҷумла, Саида Мирзеева, узви ҳайати Ӯзбекистон, дар бораи оқибатҳои офати Арал ва тадбирҳои густурдаи коҳиши он суханронӣ карда, чунин афзуда буд: “Муйноқ дар наздикии Арал як бандари ободи дорои иншооти бузурги истеҳсолӣ буд, вале пас аз вайрон шудани мувозинат дар соҳили баҳр дар ҷойҳои хушкшуда қабристони киштиҳо пайдо шуд. Буҳрони баҳри Арал як ёдоварии даҳшатнок дар бораи оқибатҳои беэътиноии инсон ба муҳити зист аст. Аммо ба шарофати заҳмати мардуми ғамхор он боз ба рамзи умеду навсозӣ табдил меёбад”.
Изҳори итминон менамоем, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҷиҳати таъмини идоракунии устувори захираҳои обу энергетикӣ, ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо, беҳтарсозии шароити зиндагии аҳолии ҳавзаи баҳри Арал, инчунин, мусоидат ба рушди иқтисодии давлатҳои минтақа нақши арзанда мегузорад. 
Салоҳ медонем, ки матлабамонро бо нутқи пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» садод дод, ҷамъбаст намоем: “Дар ҳақиқат, ин Конфронс ҷаҳонро муттаҳид сохт. Биёед мо дар атрофи об муттаҳид бошем! Биёед ҳамин фурсатро ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи минбаъдаи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба об аз даст надиҳем!”.

Шодмон АБДУРАҲИМ, 
Маҳмуд МИРЗОЁН,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.09.2023 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив