ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАШРИФИ ҲАЙАТИ БАТР БА БМТ

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ БАТР БА БМТ

02 октябр 2023, Душанбе
14
0


Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) таҳти роҳбарии директори иҷроияи департаменти он оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ Франсис Малиж вохӯрд.

Дар мулоқот муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, директори департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва Туркия Георгий Орлов, роҳбари амалиёти департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев, директор оид ба стратегияи иқлим ва татбиқи лоиҳа дар БАТР Мая Хеннеркес, иқтисодчии бахши маблағгузории иқтисоди сабз ва коршиноси БАТР Данин Чунг, директори генералӣ оид ба хавфҳои БАТР Лоуренс Уилсон ва бонкдори пешбари департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ дар Тоҷикистон Баҳодур Юсупов иштирок намуданд. Ҷонибҳо вазъи кунунии бахши молиявӣ ва низоми бонкии кишвар, тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳоким Холиқзода дар оғоз ба БАТР барои ҳамкории бисёрсолаи судманд арзи сипос намуда, зикр кард, ки ин аз зиёд шудани имконияти фаъолияти густурдаи БАТР дар Тоҷикистон  шаҳодат медиҳад.
Номбурда саҳми БАТР-ро дар таҳкими  низоми бонкии кишвар, аз ҷумла тақвияти идоракунии корпоративӣ, рушди бозори асъор ва сармоя, мукаммалгардонии сиёсати пулию қарзӣ, инчунин, баланд бардоштани тахассуси кормандони бахши низоми бонкии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки БАТР бо бахши низоми бонкии кишвар дар ташкили машғулиятҳои бозомӯзӣ барои иштирокдорони бозори молиявии Тоҷикистон фаъолона ҳамкорӣ мекунад, ки он ба пешрафти иқтисодии кишвар муҳим мебошад. Дар идома ҷонибҳо дар бораи оғози марҳилаи дуюми маблағгузории "иқтисоди сабз", хавфҳои тағйирёбии иқлим, дастгирии имкониятҳои рушди устувори бозори суғурта дар Тоҷикистон, сармоягузории ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ҳавасмандии Бонки миллии Тоҷикистон барои идомаи ҳамкорӣ бо БАТР мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд дар оянда омодагии хешро баён намуданд. Директори иҷроияи департаменти БАТР оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ ҷаноби Франсис Малиж бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки низоми бонкии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои хуби иқтисодӣ ноил гаштааст. 
Мавсуф, ҳамчунин, аз ҳамкории мутақобилаи судманди бисёрсолаи  БАТР бо низоми бонкии Тоҷикистон изҳори ризоият кард ва таъкид дошт, ки БАТР бо истифода аз имконияти мавҷудаи худ дар амалӣ гардондани ислоҳот дар бахшҳои суғурта ва низоми пардохт, аз ҷумла пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасонии рақамии молиявии Тоҷикистон, ки баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” муҳимияташ бештар гардид, кумакҳои техникӣ хоҳад расонд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.10.2023 №: 195
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив