ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН.  ҶАВОНОНИ ШУҶОЪ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

ТОҶИКИСТОН.  ҶАВОНОНИ ШУҶОЪ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

02 октябр 2023, Душанбе
38
0

 
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (31-уми августи соли 2023, № 621) «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», 1-уми октябр маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо тантанаи хос ва руҳияи баланди ватандӯстӣ оғоз шуд. Дар рӯзи аввали даъват теъдоди зиёди ихтиёриён – ҷавонони синну соли даъватӣ, довталабона ба Артиши миллӣ пайвастанд. Чун анъана дар рӯзи нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт, деҳоти Чоркӯҳу Ворухи шаҳри Исфара ва як қатор навоҳии вилояти Хатлон аз иҷрои нақша паём доданд.
Бахшида ба оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ дар ҳамаи манотиқи кишвар чорабиниҳо баргузор гаштанд.
Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе (амфитеатри «Аҳорун») бо ширкати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, даъватшавандагон, волидони онҳо ва ҷавонони синни тодаъватӣ чорабинии бошукӯҳ доир шуд. Ба даъватшудагон ҳуҷҷати хатми курси ронандагӣ тақдим гардид. 
Тибқи иттилои хабарнигори минтақавии “Ҷумҳурият”, ба ин муносибат, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз назди Майдони Парчам то боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ раҳпаймоии оммавӣ, бо иштироки раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, роҳбарият ва масъулини мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, кормандони идораву муассисаҳо ва сохторҳои қудратӣ, устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии вилоят, наваскарону волидони онҳо баргузор гашт.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни суханронӣ барои анҷоми маъракаи даъват дар рӯзи нахуст ба даъватшавандагон, волидон ва наздикони онҳо, ҳайати комиссия, масъулони комиссариатҳо, роҳбарони идораву муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳамчунин, аҳли ҷамоатчигӣ изҳори сипос намуд.
Сипас, ба даъватшавандагоне, ки аз курси ронандагӣ гузашта буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ронандагӣ супурда шуд. Дар идома чорабинии фарҳангии аҳли ҳунару санъати вилоят манзури ҳозирин гардид.
– 1-уми октябри соли равон дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм таҳти унвони «Тоҷикистон, ба пеш!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд. Ҳамин тавр, ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт 100 дарсад нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд, – иброз дошт Худодод Зайниддин, хабарнигори рӯзнома дар минтақаи Рашт. 
Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода иштирок ва суханронӣ намуд. 
Шамсиева Назригул, раиси Ҷамоати шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод, ба сухан баромада, иброз дошт: «Фарзанди ман Рустамҷон Сиямардов, мисли шумо ҷавонмардона ба сафи Артиши миллӣ пайваста бо сари баланд хизмати Модар-Ватанро адо намуда истодааст. Ба ҳайси як модар гуфта метавонам, ки имрӯзҳо дар қисмҳои низомӣ беҳтарин шароит муҳайёст ва ҳамеша афсарону роҳбарон аз ҳоли сарбозон бохабаранд. Аз ин лиҳоз, падару модаронро зарур аст, ки масъулият ҳис намуда, барои ҳифзи нангу номуси миллии хеш фарзандонашонро барои хизмати Ватан-Модар фиристанд, то онҳо қарзи мардонагии хешро дар назди Ватан иҷро намоянд».
Бар пояи маълумоти хабарнигори мо аз вилояти Хатлон, ноҳияҳои Вахш ва Фархор нақшаи даъватро пурра таъмин намуданд.
Тайи панҷ сол аст, ки дар рӯзи аввал нақшаи даъват дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара барзиёд иҷро мегардад. 
– Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки мо аз ҳарвақта дида, бештар барои ҳимояи марзу бум, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳар як ваҷаб замини диёри аҷдодиамон ҳамеша омода бошем. Ин масъулиятро диловарони деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара хуб дарк намуда, ҳар сол ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд. Ташаббуси ҷавонони шуҷои Ворух ва Чоркӯҳ намунаи ибрати насли имрӯз буда, ҷавонони синни даъватии дигар минтақаҳои мамлакат ба онҳо пайравӣ менамоянд, – таъкид шуд дар чорабинӣ.

Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.10.2023 №: 195
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив