ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕҲРУБОНӢ КУН БА ҶАШНИ МЕҲРГОНУ РӮЗИ МЕҲР...

МЕҲРУБОНӢ КУН БА ҶАШНИ МЕҲРГОНУ РӮЗИ МЕҲР...

04 октябр 2023, Чоршанбе
51
0

 
Меҳрубонӣ кун ба Ҷашни Меҳргону рӯзи меҳр,
Меҳрубонӣ беҳ ба рӯзи меҳру Ҷашни Меҳргон...
Масъуди Саъди Салмон
Меҳргон аз ҷашнҳои бостонӣ ва бошукӯҳи ниёгонамон буда, рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ (23-юми сентябр – 22-юми октябр) мутобиқ ба 8-уми октябр ҷашн гирифта мешуд. Ин рӯзро дар фалсафаи рӯзшумории ниёгон Меҳррӯз меномиданд ва махсуси фариштаи Фурӯғ – Меҳр буд. Дар ин рӯз дар рӯзгорони қадимтарин ва қадим ҷашни бузурге барпо мегардид. Ба ибораи “Бундаҳишн” Машйа ва Машйинак (Одаму Ҳавои ориён) дар чунин рӯзи муборак ба дунё омадаанд.

Таҷлили Меҳргон шаш рӯз тул мекашид, яъне рӯзи шонздаҳум (Меҳррӯз) оғоз ёфта, рӯзи бисту якум, ки онро Ромрӯз меноманд, анҷом мепазируфт. Бошукӯҳтарин рӯзҳои Ҷашн рӯзи фароварди он – Ромрӯз буд, ки онро Меҳргони Хосса меномиданд. Бамаврид аст, таъкид намоем, ки гузаштагони мо рӯзҳои моҳро на ба тариқи номгузории ҳафтаина, балки ба тарзи номниҳии ҳаррӯза номбар мекарданд. Яъне, ба ҳар рӯзи моҳ номи хос дода буданд. Ҳатто, барои ҳар як рӯз дар намозгузорӣ як яшти алоҳида қироат карда, барои ҳар як ҷашн низ, аз китоби "Авасто" як яшти муайян суруда мешуд.
Дар аҳди қадим гузаштагони мо ду фасл доштанд: тобистон (hama) ва  зимистон (zayana). Наврӯз оғози тобистон ва ибтидои Соли нав буду Меҳргон ибтидои зимистон. Яъне, агар ниёгони мо Наврӯзро ҳамчун иди баҳору сари Соли нав ва оғози киштукор ҷашн мегирифтанд, пас Меҳргонро чун нахустрӯзи фасли зимистон ва иди ҷамъоварии ҳосил истиқбол мекарданд. Дар асари ин Ҷашн дар рӯзгорони мо низ тирамоҳон пас аз фориғ шудан аз ғунучини маҳсулоти полизиву боғдорӣ ва «тиллои сафед» як ҷашне меороянд бо номи иди Ҳосилот.
Дар хусуси таҷлили Меҳргони меҳровар сарчашмаҳои зиёде ба мо маълумоти гуногун медиҳанд. Аз навиштаҷоти таърихнигорони юнонӣ бармеояд, ки ин Ҷашн дар  замони империяи Ҳахоманишиён хеле бошукӯҳ ва сурурангез таҷлил мегардид.  
Меҳргон дар даврони Сосониён низ ба тарзи хос ҷашн гирифта мешуд. Ардашери Бобакон ва Хусрави Анушервон дар ин рӯз ба мардум ҳадияҳои бешумор, аз ҷумла ҷомаҳои нав, мебахшиданд. Нақл аст, ки дар ин рӯз Мубади мубадон хони алвон иборат аз лимӯву шакар, нилуфару биҳӣ, себу як хӯша ангури сафед ва ҳафт дона муруд ороста, сурудхонон ва саногӯён тақдими шоҳаншоҳ мекарданд. Борбади Марвазӣ вобаста ба Меҳргону моҳи Меҳр сӣ оҳанг баста, дар ҳузури шоҳаншоҳ тараннум менамуд, бархе аз он оҳангҳо то рӯзгори мо побарҷост.
Ҷашни Меҳргон ҳанӯз дар гузаштаи дур ба василаи Роҳи Абрешим тавассути Осиёи Хурд ба Аврупо таъсири худро гузошта буд. Ин рӯзро дар Руми Қадим зодрӯзи Хуршеди мағлубнопазир низ меномиданд. Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” дар хусуси Меҳргон мегӯяд: “Шонздаҳум рӯз аст аз Меҳрмоҳ ва номаш Меҳр ва андар ин рӯз Афредун зафар ёфт бар Биюросби ҷоду, он-к маъруф ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт... Ба рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд бар кирдори он-ч аз паси Наврӯз бувад ва шашуми он Меҳргони бузург бувад ва Ромрӯз ном аст ва бад-ин донандаш...”. 
Дар “Шоҳнома”-и безавол низ ин Ҷашн ба Фаридун нисбат дода мешавад, ки вай дар ин рӯз Заҳҳокро дар кӯҳи Дамованд гирифтааст ва тоҷ бар ниҳодааст:
Маҳи равшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносониву хӯрдан оини ӯст.
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ ҳеҷ манмой чеҳр...

Дар осори адибони форсу тоҷики асрҳои нуҳу даҳи мелодӣ ва садаҳои баъдина дар бораи Ҷашни Меҳргон, ситоиш ва ҷойгоҳи он ишораҳои зиёде мавҷуданд. Аз ин тавсифҳои суханварони машҳур маълум мешавад, ки Ҷашни Меҳргон дар тули таърих ҳамеша мавриди хосу ом будааст. Аз ҷумла, сарвари шоирон устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ситоиши Ҷашни Меҳргон фармудааст:
Малико, Ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Ҳаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Мӯрд ба ҷойи савсан омад боз,
Май ба ҷойи арғувон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад.
Гул дигар раҳ ба гулистон омад,
Вораи боғу бӯстон омад.
Вори озар гузашта шуълаи ӯ,
Шуълаи лоларо замон омад.
Мавриди зикр аст, ки нахустин бор Меҳргон тирамоҳи соли 1988 дар шаҳри Душанбе таҷлил гардид ва то имрӯз бо тақозои замон  бисёре аз  суннатҳои неки он аз сари нав эҳё  шуданд.

Имомназари КАРИМИЁН, 
сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 04.10.2023 №: 197
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив