ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАБОН ОИНАИ ПУРҶИЛОИ ТАЪРИХ

ЗАБОН ОИНАИ ПУРҶИЛОИ ТАЪРИХ

04 октябр 2023, Чоршанбе
18
0

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо бахшида ба Рӯзи забон зикр намуданд: “Тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд”. 

Дарвоқеъ, ҳикмат ва хислатҳои ҳамидаи инсонпарварӣ, ки ҷавҳари осори ниёгони мост, бо забони ширину гуворои тоҷикӣ асрҳо боз садо медиҳад ва сарвати фарҳангиву маънавии миллати мо бо ҳамин забон оламро тасхир кардааст. Зикр бояд намуд, ки забони тоҷикӣ тули таърихи  беш аз ҳазорсолаи хеш тавонистааст, то ин дам шириниву равонии пешинаи худро ҳифз намояд. Беҳуда нест, ки то ба ҳол ҷаҳониён забони ноби тоҷикиро забони шоирона мегӯянд.
Бо саъю кӯшишҳои пайвастаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз аҳли олам моро бо номи тоҷикон, давлатамонро бо номи Тоҷикистон ва забонамонро бо номи забони тоҷикӣ мешиносанду эътироф мекунанд. Ҷавобан ба ғамхориҳои ин марди хирад ҳар яки моро зарур аст, ки меҳри Ватану ватандорӣ ва ҳифзи муқаддасоти он, аз ҷумла бо ифтихор ҳарф задан бо забони тоҷикӣ дар саросари оламро, дар умқи дили насли наврас ҷой намоем, то ин миллату ин забон барои насли оянда ҳазорсолаҳои баъдӣ побарҷо монанд.
Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар рушди забони модарии худ ҷидду ҷаҳд намуда, қарзи фарзандии хешро дар назди Ватану миллат адо намоем. 

Гулнисои САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 04.10.2023 №: 197
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив