ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. ГУЗОРИШ АЗ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ

ХАТЛОН. ГУЗОРИШ АЗ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ

04 октябр 2023, Чоршанбе
25
0


Дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати Давлаталӣ Саид – раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум, баргузор гардид. 

Дар иҷлосия муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, вакилон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, комиссарони ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳо, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия «Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 26-уми феврали соли 2021, таҳти № 56, оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми июли соли 2019, таҳти № 373, «Дар бораи Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сухан ба узви комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои энергетика, саноат, шаҳрсозӣ, коммуникатсия ва нақлиёт, муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода дода шуд. 
Номбурда бо таҳлили амиқи соҳаҳои дахлдор баромад намуда, иттилоъ дод, ки соли 2022 аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои соҳаи хӯроквории вилоят якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи қариб як миллиарду 426 миллион сомонӣ маҳсулоти ғизоӣ ва нӯшоиҳо истеҳсол шудааст. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҷамъбасти соли 2020 ба маблағи 505,3 миллион сомонӣ (54,9%) зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки дар вилоят 13 корхонаи ордбарорӣ ва 149 осиёби ордбарорӣ бо иқтидори коркарди 1,3 миллион тонна гандум мавҷуд буда, аз ҷониби онҳо давоми соли 2022 бо коркарди 300 ҳазору 315 тонна гандуми истеҳсолии кишоварзон 225 ҳазору 237 тонна орд, 1049 тонна сабӯс, 238 тонна хӯроки чорво истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба соли 2019 мутаносибан 35,3 ҳазор тонна, 73,7 тонна зиёд мебошад.
Маҳсулоти хӯрока ва нӯшоиҳои вилоят соли 2022 нисбат ба соли 2020 ба маблағи 372,5 миллион сомонӣ (35,4 фоиз) афзудааст.
Дар вилоят 24 корхона ва коргоҳҳои равғанбарорӣ бо иқтидори коркарди зиёда аз 300 ҳазор тонна чигит фаъолият дошта, аз ҷониби онҳо соли гузашта ба миқдори 14 ҳазору 992,7 тонна равған истеҳсол шудааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҷамъбасти соли 2020 мутаносибан 2225 тонна (14,8 фоиз) бештар аст.
Давлаталӣ Саид ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ дастур дод, ки дар самти иҷрои босифати ҳадафҳои Барномаи мазкур ва ташкили низоми самараноки идоракунии корхонаҳои саноати хӯрокворӣ тадбир андешанд. 
Ба масъулон, инчунин, дастур дода шуд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои афзоиши устувори ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар сатҳи то 7 фоизи солона тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар иҷлосия, ҳамчунин, гузориши сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Карим Иброҳимзода оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон роҷеъ ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида шуд.
Гуфта шуд, ки баҳри пешгирии коррупсия ва ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ ба ин зуҳуроти номатлуб ба роҳбарони идора, корхона ва муассисаҳои давлатии ҳудуди вилояти Хатлон 150 дастури хаттӣ ва 155 пешниҳод оид ба татбиқи он ирсол карда шуд.
Баҳри татбиқ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва корхонаю муассисаҳои он аз тарафи кормандони раёсат 31 маротиба санҷишҳо гузаронда шуда, дар натиҷа нисбат ба 121 нафар шахсони мансабдор, ки ба иҷро накардани бандҳои дахлдори нақшаи мазкур роҳ доданд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони ниҳодҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ дастур дод, ки низоми дурусти меҳнатӣ, талаботи Дастурамали коргузорӣ, ташкили кор дар самти назорат оид ба фаъолияти гурӯҳҳои кории дар самти муқовимат ба коррупсия таъсисдодашударо зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Сипас, маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ҳисоботи раисони кумитаҳои идораи замини вилоят ва минтақаро оид ба пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи заминсозӣ ва тадбирҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва иҷрои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор дод.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 04.10.2023 №: 197
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив