ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОМӮЗГОР. САРЧАШМАИ БЕДОРИИ ИНСОН

ОМӮЗГОР. САРЧАШМАИ БЕДОРИИ ИНСОН

09 октябр 2023, Душанбе
97
0

 
Агар барои аз хоби ноз бедор шудани табиат баҳор зарур бошад, баҳри бедории инсон омӯзгор лозим аст. Маҳз хидмати хастагинопазири омӯзгорон аст, ки инсон соҳибдониш ба камол мерасад. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки омӯзгорон неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд.

Қобили зикр аст, ки дар таърихи навини кишвар, бахусус дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дар баробари мардон, бонувони омӯзгори тоҷик дар тарбияи насли наврас нақши созгор гузоштаанд.  Бешубҳа, як омӯзгор ё табибе, ки  бо вуҷуди нооромӣ  ҳаёти худро зери хатар гузошта, хешро ба хидмати халқ мебахшад, лоиқи тавсифу сутуданҳост. Ба ҳамин хотир,  хостем дар бораи омӯзгоре, ки дар замони пурмашаққат аз пешаи интихобнамудаи хеш даст накашид, нақл кунем. 
  Сабзагул Исоева, муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик, соли 1959 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб аст. 
Пас аз хатми Донишгоҳ, соли 1990 ба фаъолияти педагогияш дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара оғоз бахшид. Сабзагул бо сад умеду орзу дар боргоҳи илму маърифат кор мекард, аммо...
– Бо оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуданд. Бар замми ин, муаллимон маоши ночиз мегирифтанд, – ба хотир меорад ӯ. 
Вале ба гуфтаи Сабзагул, сарфи назар аз ин  мушкилиҳо, хонандагон бештари вақт ба мактаб ҳозир мешуданд ва шавқу рағбаташон нисбат ба таҳсил зиёд буд. Раёсати Ҷамоати деҳот низ, дар доираи имкониятҳои худ муассисаро дастгирӣ мекард, аз ҷумла барои хонандагон, китобу дафтар мехарид.  
Бо кӯшишу талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он рӯзҳои сангин паси сар шуданд ва ба кишвари тоҷикистониён сулҳу оромӣ омад. Бо расидани ин рӯзҳои файзбор, омӯзгорон боз бо дасту дили гарм фаъолияти хешро идома доданд. Сабзагул низ бо шукргузорӣ аз сулҳу амонии кишвар фаъолияти омӯзгории худро давом дод. Ба туфайли фаъолияти хуб ӯро соли 2015 ба вазифаи директори МТМУ №24 таъин намуданд.  Тули ин солҳо бо ташаббуси ин омӯзгори кордону варзида ва дастгирии шахсони саховатпешаи деҳа, дар назди муассиса 18 синфхонаи иловагӣ бунёд ёфта, атрофи мактаб хурраму сарсабз гардонда шуд. Дар баробари ин, бо саъю кӯшишҳои ӯ шогирдонаш дар даври ҷумҳуриявии озмуни Иди "Меҳргон" мақоми аввалро гирифтанд. 
Омӯзгори арҷманди мо ҳарчанд ҳанӯз ҳам соҳибунвон нест, шод аст, ки ҳаёти худро ба таълиму тарбияи фарзандон бахшид. Ҳоло шогирдонаш дар муассисаву корхонаҳои мухталифи ҷумҳурӣ бомуваффақият кори хешро пеш мебаранд. Ӯ фаъолияту дастовардҳои шогирдонро барои худ беҳтарин ҷоиза медонад.

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 09.10.2023 №: 200
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив