ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. МУҲИМТАРИН ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. МУҲИМТАРИН ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН

12 октябр 2023, Панҷшанбе
91
0


Истиқлолияти энергетикӣ аз ҳадафҳои стратегӣ ва нишондоди аслӣ барои пешрафти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бо талошу заҳматҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо ба иқтидорҳои бузурги энергетикӣ ноил гардид. 
Тули солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба хотири ноил  шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ карда истодааст. Ҳамин тавр, дар ин давра неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» бо иқтидори 670 мВт, «Сангтӯда-2» бо иқтидори 220 мВт, 283 НБО-и хурд бо иқтидори 30 ҳазор кВт, хатти интиқоли қувваи барқи 500 кВт ва ғайра ба истифода дода шуданд. Дар ҳамин ҳол, татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди иншооти мавҷуда дар соҳаи энергетика идома доранд.
Айни замон, бо дастгирии молиявии Бонки осиёии рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдид ва навсозии НБО «Сарбанд» (24 мВт) ва НБО «Қайроққум» (126 мВт) тасдиқ шудааст. Лоиҳаҳои навсозии неругоҳҳои барқи обӣ, инчунин, зиёд кардани иқтидори гидроагрегатҳоро то 10 фоиз пешбинӣ мекунанд, ки болоравии иқтидори онҳоро таъмин менамоянд.
Аз ҳама муҳим, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» идома дорад, ки заминагузори рушди дучанди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат маҳсуб меёбад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари навбатии кориашон ба шаҳри Роғун, ки бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти азими аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷараён гирифт, таъкид доштанд, ки ин шоҳкории азим барои садсолаҳост ва бояд ба сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи баландсифат ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисон ва масъулонро ҷиҳати истифодаи самаранок аз имконоти мавҷуда, таҳкими раванди сохтмон ва дар муҳлати муайяншудаи лоиҳавӣ ба анҷом расондани корҳо вазифадор намуданд. 
Зикр кардан зарур аст, ки бо назардошти аҳамияти стратегии НБО «Роғун» ва сарфи назар аз таъсири манфии вазъи ҷаҳони имрӯза ба иқтисодиёти кишвар, Ҳукумати мамлакат барои идома додани сохтмони иншоот тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати суръат бахшидани корҳо маблағгузориро афзоиш дода истодааст. 
Қобили зикр аст, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати аввалини Неругоҳ то имрӯз, аллакай, зиёда аз 6,4 миллиард киловатт/соат неруи барқ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ истеҳсол ва ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.  Бунёди ин Неругоҳ на танҳо мушкилоти нарасидани барқро барои аҳолӣ дар фасли сармо ҳаллу фасл менамояд, балки ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави кор ва беҳтаргардонии вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан маорифу тандурустӣ, заминаи устувор фароҳам меорад. Бунёду мавриди истифодаи пурра қарор гирифтани ин иншооти тақдирсоз   Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ ва мардуми меҳнатқарину шарафманди ин диёрро ба ҳадафҳои стратегиву муваффақиятҳои бештар мерасонад.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 10.10.2023 №: 201
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив