ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КИТОБ ВА ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТ

КИТОБ ВА ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТ

12 октябр 2023, Панҷшанбе
48
0

 
Вазорати маориф ва илм якҷо бо Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷиҳати бознигарӣ кардани барномаву стандартҳо ва мазмуни китобҳои дарсии фанҳои адабиёт ва таърихи халқи тоҷик дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҳои зарурӣ андешида, консепсияи таълифи китобҳои дарсии зикршударо таҳия намоянд.
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, 01. 09. 2023 
Таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала бесабаб нест. Асосҳои ташаккули шахсияти наврасон дар оила ва мактаб гузошта мешавад. Вале маҳз дар муассисаи таълимӣ хонандагони наврас ба дарки моҳияти зиндагӣ тибқи ҷаҳонбинии худ шуруъ мекунанд. Фикр мекунам, ки ҳама инро эътироф мекунанд. Дар нақшаи таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамаи фанҳо муҳиманд, ҳамаи онҳо дар таълиму тарбияи хонандагон мавқеи хоси худро доранд. Аммо, ба ҳар ҳол, адабиёт ва таърих дар ин ҷода мавқеи хосатаре доранд. Маҳз тавассути таълиму омӯзиши адабиёт ва таърих мо заминаҳои ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, сабру тоқат, мубориза бо падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, умуман, асоси инсониятро дар кӯдакон ҷой медиҳем. 
Бо  дарназардошти ин нуктаҳои муҳим ва ояндасоз мо, мутахассисони соҳаро месазад, ки дар мавриди татбиқи ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои мушаххас андешем. 
Масъалаи такмилу таҳрири барномаи таълим аз фанни адабиёти тоҷик бори аввал солҳои 2013-2014 ба миён гузошта шуд. Дар ин замина дар нашрияҳои гуногун фикру мулоҳизаҳои мутахассисон низ  ба табъ расидааст. Роҷеъ ба такмили таълиму омӯзиши фанҳои таърих ва адабиёт мо низ андешаҳои худро ҳанӯз соли 2017 дар китоби худ “Таҳсилоти фарогир: раҳёфти маҷмуӣ ба ҳалли мушкилот дар заминаи таҷрибаи пешқадам” иброз дошта будем, ки он дар шакли мақолаи алоҳида дар нашрияи “Омӯзгор” (№ 17, 25.04.2019) таҳти унвони “Бо сабаб бояд мубориза барем, на бо натиҷа” дарҷ ёфт.  
Ҳоло он андешаҳои худро бо пешниҳодҳои иловагии мушаххас дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш бори дигар манзури хонандагону мутахассисон месозем. 
Дар ҳоли ҳозир таҳсилоти миёна ба ду сатҳ – асосии ҳатмӣ (то синфи 9) ва миёнаи пурраи ғайриҳатмӣ (синфҳои 10-11) ҷудо шудааст. Тибқи маълумоти расмӣ ҳамасола то 30%-и хонандагон таҳсилро пас аз синфи 9 тарк мекунанд. Ҳанӯз аз замони шуравӣ барномаҳои таълим тарзе таҳия шуда буданд, ки таърихи навтарин ва адабиёти муосир дар синфи 11 (пештар – дар синфи 10) таълим дода мешавад. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки ҳамон гурӯҳи бачагоне, ки мактабро пас аз синфи 9 тарк мекунанд, роҷеъ ба таърихи навтарини халқи мо, аз ҷумла, даврони пас аз истиқлол, маълумоти дақиқ надоранд. Мутаносибан онҳо адабиёти муосирро низ намеомӯзанд. Ин гурӯҳи бачагон маълумотро роҷеъ ба ҳодисаҳо (ҷанги шаҳрвандӣ)-и солҳои навадум ва солҳои аввали барқарорсозии ҳаёти осоишта аз забони падарону тағоҳо  ва ё аз ҳамон муллоҳое, ки барояшон тарзи дунявии сиёсату идораи давлатдорӣ маъқул нест, мегиранд. Аз ин ҷо саволи мантиқӣ ба миён меояд: магар беҳтар нест, ки барномаи таълимро тарзе тағйир диҳем, ки таърихи навтарин ва адабиёти муосир на дар синфи 11, балки дар синфи 9 омӯзонида шавад? Ҳам дар таърих ва ҳам дар адабиёт давраи рушду гулгулшукуфоии халқи тоҷик аз ибтидои асри Х (давраи Сомониён) оғоз мегардад. Агар омӯзиши таърих ва адабиётро на аз давраҳои қадим, балки маҳз аз ҳамин давра оғоз намоем, курси пурраи онро дар синфи 9 тамом карда метавонем. Давраҳои қадими таърих ва адабиётро метавонем барои хонандагони синфҳои 10-11 пешниҳод кунем. Барои ворид кардани чунин тағйирот маблағҳои иловагии молиявӣ лозим нест. Вале агар таҳсилоти 11-соларо ҳатмӣ эълон кунем (ки он ҳам яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала аст), маблағҳои иловагии молиявӣ лозим мешаванд. 
Айни замон масъалаи дурустӣ ё оқилона будани тарзи омӯзиши адабиёт дар ҳамон шакле, ки имрӯз ҳаст, таҷдиди назар мехоҳад. Мо на адабиёт, балки таърихи адабиётро таълим медиҳем. Мо бачагонро на ба он хотир дарс медиҳем, ки адабиётро дӯст доранд ва аз он дар зиндагӣ истифода кунанд, балки адабиётшинос шаванд. 
Ба андешаи мо, роҳи бештар оқилона ва самараноки таълими адабиёт дар муассисаҳои таълимӣ омӯзишу таълими он аз рӯи мавзуъ аст, на додани маълумоти хронологӣ доир ба ҳар як давраи таърихӣ. Муҳимтарин мавзуъҳои ташаккули шахсият – донишандӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳифзи Ватан ва ватандӯстӣ, накукорӣ, эҳтироми волидайн ва калонсолон, васфи ишқи пок, аз як тараф ва танқиди падидаҳои номатлуби зиндагӣ ва мубориза бо онҳо, аз тарафи дигар, қариб дар эҷодиёти ҳар як адиби барҷастаи классикӣ ва муосир инъикос ёфтааст. Барои он ки дар зеҳни хонанда, масалан, роҷеъ ба дӯстии ҳақиқӣ тасаввуроти аниқу амиқ пайдо шавад, шарт нест, ки мо васфи дӯстиро дар эҷодиёти ҳар як адиб ба тарзи алоҳида пешниҳод кунем. Агар беҳтарин гуфтаҳои адибонро – чи классикӣ ва чи муосир, дар ин мавзуъ таҳлил намуда, ба хонандагон пешкаш кунем ва онҳоро ба баҳсу андеша дар атрофи ин масъала водор созем, хонанда мавзуъро дар шакли пурра аз худ, андешаи худро баён, бо дигарон вориди баҳс мешавад, беҳтарин гуфтаҳоро тибқи шавқу завқи худ аз ёд мекунад, дар зиндагии ҳамарӯза истифода мекунад. Омӯзиши муҳимтарин мавзуъҳои динӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла, хатароти таассуб (фанатизм), боварҳои беасос, тақлиди кӯр-кӯрона, ташаккули пуртоқатӣ ва ғайра низ набояд аз мадди назар дур монад. Ин масъалаҳо низ дар эҷодиёти адибони машҳур инъикос ёфтаанд ва онҳоро низ ҳамчун мавзуъҳои алоҳида метавонем ба барномаи таълим ворид кунем. 
Вобаста ба ҳалли ин мушкилот як масъалаи дигар низ ба миён меояд: интихоби дурусти матнҳо барои омӯзиши таърих ва адабиёти тоҷик. Ин корро фақат бар дӯши муаллифони китобҳои дарсӣ бор кардан дуруст нест. 
Табиист, ки таърихи ҷаҳон, аз ҷумла таърихи тоҷикон, ба марҳалаҳои гуногун ҷудо мешавад ва ин марҳалаҳо ба тарзи хронологӣ дар китобҳои дарсӣ ҷой дода мешавад. Аммо аҳамияти омӯзиш ва таҳлили ҳар як марҳала барои имрӯз яксон нест. Давраҳое ҳастанд (масалан, давраи давлатдории Сомониён, давраи пас аз истиқлол), ки донистани он барои хонандаи имрӯза, дар ташаккули шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта ва арҷгузор ба арзишҳои миллӣ бештар аҳамият доранд. Ба ин хотир, тақсимоти соатҳои барномаи таълим беҳтар аст, ки бо дарназардошти ин нукта сурат гирад, на аз рӯи тулонияти ҷараёни ҳодисаҳо дар таърих. Гузашта аз ин, зимни шарҳи ҳаводиси таърихие, ки барои рушди халқи тоҷик монеаҳоро эҷод карда буданд, ба саҳлангорӣ роҳ надода, аз матонату муборизаҳои мардуми тоҷик барои дифоъ аз фарҳангу забон ва ҳувияти миллӣ дар ҳамон давраҳои мушкил бо факту далелҳои таърихӣ бештар иттилоъ пешниҳод намоем. Дар омода намудани матнҳо ва тарзи пешниҳоди онҳо ҳамкории ҳамаҷонибаи олимони варзида бо муаллифони китобҳои дарсӣ хеле зарур аст. 
Ҳамзамон бо ин, таҳлили адабиёти тоҷик дар замони истиқлол таваҷҷуҳи бештарро тақозо мекунад. Дуруст аст, ки вобаста ба ҷашнҳои миллӣ мо ба хонандагон аз осори адибони муосир байту порчаҳои шеърӣ пешниҳод мекунем, аммо ин кор ба шакли пароканда ва интихобӣ (вобаста ба табъу завқи омӯзгор) сурат мегирад. Бинобар ин, ба барномаи таълими адабиёти муосир ворид намудани мавзуъҳои дархӯри замон, аз ҷумла, васфи истиқлол дар адабиёт, инъикоси нақши Пешвои миллат дар адабиёт ва монанди инҳо, ҳамчунин, интихоби дурусти матнҳо роҷеъ ба ин мавзуъҳо ба фоидаи кор хоҳад буд.      

Азим БАЙЗОЕВ, 
номзади илми филология

Санаи нашр: 12.10.2023 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив