ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. БА 60 НАФАР ГРАНТҲОИ РАИСИ ВИЛОЯТ СУПУРДА ШУД

СУҒД. БА 60 НАФАР ГРАНТҲОИ РАИСИ ВИЛОЯТ СУПУРДА ШУД

12 октябр 2023, Панҷшанбе
13
0


11-уми октябр раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 60 нафар бонувони ҳунарманд барои тавсеаи фаъолият грантҳои раиси вилоятро супурд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд.  

Зикр шуд, ки бо дастгириҳои ҳамешагии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа баланд бардошта шуда, имрӯз занону духтарон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ фаъолияти назаррас доранд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкории хурду миёна диққати ҷиддӣ дода мешавад ва занони эҷодкор, ташаббускору созанда пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҷудо гардидани грантҳои президентӣ имкон фароҳам овард, ки занону духтарон дар амалӣ шудани нақшаву иқдоми созанда ба дастовардҳои бештар ноил гарданд.
Соли ҷорӣ 18 занону духтарони вилоят бо пешниҳод намудани лоиҳаҳои худ сазовори грантҳои президентӣ гардиданд. Дар пайравӣ ба сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд гранти раиси вилоят таъсис ёфт ва давоми солҳои 2010-2022 занону духтарони ҳунарманд қариб 4 миллион сомонӣ грант гирифтанд, ки ин иқдом ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону духтарон ба омӯзиши ҳунар ва равнақу ривоҷи соҳаҳои гуногун замина фароҳам овард.
Бо ташаббуси Сарвари давлат Солҳои рушди саноат (2022-2026) эълон гардид ва бонувони ҳунарманд бо ташкили марказҳои ҳунаромӯзӣ, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ ва амсоли инҳо дар амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат саҳми арзанда мегузоранд.
Маврид ба ёдоварист, ки барои дарёфти гранти раиси вилояти Суғд соли равон аз 18 шаҳру ноҳия 125 лоиҳа пешниҳод гашта, дар натиҷа, 60 нафар ғолиб дониста шуд.
Онҳое, ки соҳиби грант гардиданд, нақша доранд, фаъолияти худро тавсеа бахшида, дар баробари ташкили ҷойҳои нави кор, занону духтарони бешуғлро ба омӯзиши касб ҷалб намоянд.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, 
“Ҷумҳурият ”

Санаи нашр: 12.10.2023 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив