ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СИРОНШОҲИ ДИЛОВАР. АЗ “ДАРВОЗИ СОВЕТӢ” ТО “ҶУМҲУРИЯТ”

СИРОНШОҲИ ДИЛОВАР. АЗ “ДАРВОЗИ СОВЕТӢ” ТО “ҶУМҲУРИЯТ”

12 октябр 2023, Панҷшанбе
13
0


Бо рӯзноманигори варзида, устоди даҳҳо қаламкашони ҷавон Сироншоҳи Диловар аз соли 1970 шиносам. Ӯ дар курси панҷуми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мехонду мо дар курси як.  Дар нашрияи донишгоҳии “Ба қуллаҳои дониш”, ҳатто дар  “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”)  - и номдор мақолаҳои зиёдаш ба нашр мерасиданд. Ӯ, аллакай, солҳои донишҷӯӣ худро ҳамчун журналисти фаъол ва сермаҳсул муаррифӣ намуда, барои мо – ҷавонон, намунаи ибрат буд. Пас аз хатми Донишгоҳ, ба зодгоҳаш – ноҳияи Дарвоз баргашт.  Бо ин робитаи мо гусаста шуд, вале мақолаҳояшро ҳамоно аз нашрияҳои даврӣ мехондему гузоришҳояшро аз радио мешунидем. 
Хушбахтона, дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо ҳам вохӯрдем. Вай баъди ба нафақа баромадани хабарнигори махсуси “Ҷумҳурият” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон устод Ширин Бунёд, Шоири халқии Тоҷикистон, ба ин вазифаи басо муҳиму масъулиятнок таъин шуд. 
Устод Сироншоҳи Диловар чордаҳ сол бо аҳли  “Ҷумҳурият” – Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя заҳмат кашид. Аз килки сермаҳсулаш хабар, гузориш, лавҳа, очерку матлабҳои танқидиву таҳлилӣ эҷод шудаву пешниҳоди хонандагони нуктасанҷ шудаанд. Вай дар ин муддат бо супориши роҳбарияти рӯзномаи “Ҷумҳурият” сартосари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тай зад, бо коргарон, сохтмончиён, чорвопарварон, бунёдгарони неругоҳҳо, махсусан роҳсозон, вохӯрда, аз комёбиҳои меҳнатӣ, мушкилоти кориву рӯзгорашон воқиф гашт ва  дар ҳалли проблемаҳояшон тавассути нашрия ёрӣ расонд. 
Мақолаҳои устод Сироншоҳи Диловар ҳама дар тавсифи марди кор мебошанд. Якчанд матлабаш дар хусуси нахустин соҳибкорбонуи вилоят апаи Васила ҳикоят мекунанд, ки имрӯз шумораи ҳамсафони ӯ дар Бадахшон беш аз пеш меафзояд. Фаъолияти дӯзандаҳо, тоҷирон, соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, боғпарварон, омӯзгоронро васф менамояд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба пешрафту комёбиҳо ноил гаштаанд. 
Як риштаи фаъолияти эҷодии устод Сироншоҳи Диловарро мавзуи нигаҳдории пиряху лозурҳои Помир ташкил медиҳад. Вай дӯстдори табиати нотакрори Ватан аст. Аз сарнавишти ҳар буттаву дарахтони чормағз, ангат, себу анҷир, анору лимӯ, ки файзбахши дастархони мардуманд, бо ҳарорат сухан меронад. Менависад, ки солҳои нооромии кишвар табарбадастон даҳҳо гектар ҷангалзорро хароб карданд. Имрӯз дар бешазорон ҷойи холӣ кам мондааст ва бо ташаббуси ватандӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо бех гулу буттаҳои рангорангу ниҳолҳои сояафкану боровари бисёрсола нигоҳубин мешаванд, ҷангалзорон аз нав нумӯ доранду доман мезананд. Шикори ҳайвонот ба низом даромад. Беш аз ҳама пешравиҳо дар соҳаи сайёҳӣ ба назар мерасад. Дар ҳамаи фаслҳои сол ҷаҳонгардонро дар кӯҳҳои сарбаафлоки Бадахшон дидан метавон. Онҳо ба ороиш, нақшу нигори хонаҳои помирӣ бо шавқ менигаранд, аз таомҳои миллии тоҷикон нӯши ҷон мекунанд, ба рақсу таронаҳои бадахшӣ таваҷҷуҳ зоҳир месозанд. Сайёҳони дунёро ба Боми ҷаҳон роҳи байналмилалии Душанбе – Кулма, ки мисли кафи даст ҳамвор аст, меорад. Оре, тараннуми ҳамаи комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар эҷодиёти Сироншоҳи Диловар метавон мутолиа кард.   
Устод дидгоҳи басо фарох дорад, ҳамабин аст. Заҳмати эҷодиро чун истироҳати бофароғат мепиндорад. Ҳамин аст, ки чанде пеш хирвори навиштаҳояшро аз ғалбери худтанқидӣ гузаронда, китоберо мураттаб сохт бо номи «Ёдгори умр». Маҷмуи мақолаҳо дар бораи одамони сарбаланду хоксор, заҳматкашони асили Дарвозу Ванҷ ҳикоят мекунанд. 
Ҳамкори пурмаҳсули мо Сироншоҳи Диловар ба мисли устодони зиндаёд Муъмин Қаноат, Басир Расо нахуст шеър гуфт, вале чун мақолаи аввалинаш дар рӯзномаи «Бадахшони советӣ» чоп шуд, ҳукми сарнавишт ӯро ба пешаи журналистӣ раҳнамун сохт. Он вақт дар синфи ҳафтум мехонд. 
Журналистӣ пешаи якумрааш қарор гирифт, дигар натавонист аз он канор равад.  Аз он айём 60 сол сипарӣ гашт, вале қаламаш ҳамоно тавоносту бо газетаҳои “Ҷумҳурият”, «Нақлиёт», маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, Радиои Тоҷикистон, рӯзномаҳои  ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ҳамкорӣ дорад, яъне ӯ корманди ҷамоатии бисёр нашрияҳост, онҳоро бедареғ бо матлабҳои зарурӣ аз саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмин менамояд. Хушо барои устод чунин зиндагии зиндагисоз. 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.10.2023 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив