ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМКОРӢ БО ОЛИМОН ҲОСИЛНОКИРО БАЛАНД НАМУД

ҲАМКОРӢ БО ОЛИМОН ҲОСИЛНОКИРО БАЛАНД НАМУД

12 октябр 2023, Панҷшанбе
11
0

Хоҷагии деҳқонии “Мулло Умар”-и ноҳияи Зафаробод аз оғози мавсим зиёда аз 26 тонна пахта ҷамъ овардааст.

Он яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳия буда, соли ҷорӣ дар майдони 9 гектар пунба кишт намуд. Ҳосилнокии навъҳои маҳаллӣ дар чинаки якум 40 сентнер, ҳосилнокии умумӣ бошад, 29 сентнерро дар гектар ташкил дод. 
Ба гуфтаи сардори Хоҷагии деҳқонии «Мулло Умар» Муртазо Умаров, як омили ҳосили баланд, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад.
    
Инъом ҚОБИЛБЕКОВ, ноҳияи Зафаробод  

Санаи нашр: 12.10.2023 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив