ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕҲРГОН. ФАРХУНДА БОД МАЛИКИ ШАРҚ

МЕҲРГОН. ФАРХУНДА БОД МАЛИКИ ШАРҚ

17 октябр 2023, Сешанбе
4
0


Меҳргон, ба монанди Наврӯз, таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму оини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сарукор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд.     
Эмомалӣ РАҲМОН

Бикшод Меҳргон дари иқбол бар ҷаҳон,
Фархунда бод малики Шарқ Меҳргон.
Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, фаровонӣ, шодию нишот, дӯстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. 
Дар замонҳои қадим Меҳргон ба монанди Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Тавре ки А. Крис-тенсен, М. Баҳор ва дигарон ишорат намудаанд, шоҳон зимни таҷлили ҳар ду ҷашн ба назди мардум баромада, маросими ҳадия додан ва ҳадия гирифтанро анҷом медоданд. Марде чун “пайки хуҷаста” вориди дарбори шоҳ мешуд ва оини хосае баргузор мегашт. Дар ин ҷашнҳо, ки шашрӯзӣ идома меёфтанд, дастархони зебои пурнозу неъмат меоростанд. Меҳргон низ ба мисли Наврӯз аз “Меҳргони омма” ва “Меҳргони хоса” иборат буд. Вожаи “меҳргон” (митракона, рабиаш, меҳрҷон) аз ду ҷузъ иборат буда, онро дар луғатномаҳо чунин шарҳ додаанд: “меҳр” – муҳаббат, самимият, дӯстӣ ва “гон” – далел бар нисбат, яъне ба чизе мансуб будан аст. 
Дар замони Сосониён ва баъдҳо дар байни хони меҳргонӣ, ки ба хони наврӯзӣ монанд буд, чун рамзи рӯшноӣ шамъ мегузоштанд. Дар атроф гулу гиёҳҳои хушбӯй мепошиданд. Бо дуди испанд неруҳои аҳриманиро дур карда, бо пош додани гулоб муҳитро хушбуй менамуданд. Ба мисли Наврӯз дар ҷашни Меҳргон низ шодиву сурур, рақсу бозӣ, созу мусиқӣ танинандоз мегардид. 
Дар  замони   соҳибистиқлолӣ  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Наврӯз, Меҳргон ва Сада, таваҷҷуҳ намуда, барои эҳёи дубораи онҳо шароит муҳайё сохтанд. 
Дар фасли тирамоҳ, чун нишонаи Ҷашни Меҳргон, баргузор намудани идҳои харбуза, асал ва намоиши дигар дастовардҳо барои мардум шодию сурур мебахшанд. 
Ҳоло дар кишварамон Ҷашни Меҳргон ҳар сол моҳи октябр таҷлил мегардад. Дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳо мардум маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш бароварда, гурӯҳҳои ҳунарӣ даста-даста дар фазои озод таронасароӣ менамоянд. Ҳамчунин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо намоишҳои махсуси театрӣ бахшида ба Меҳргон баргузор мекунанд. Бешак,  бо  саъю кӯшиши  Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Меҳргон аз нав бо тамоми шукӯҳу манзалаташ эҳё шуд. 
Бо бовар метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Меҳргонро мисли Наврӯз ҷашн гирифта, бо Сарвари ватандӯсту фарҳангпарварашон ифтихор мекунанд ва баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон боз ҳам бештар саъю талош менамоянд. 

Асомуддин АЗИЗОВ, муҳаррири маркази табъу нашри Донишгоҳи давлатии Данғара

Санаи нашр: 16.10.2023 №: 205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив