ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД.  БАРДОШТ АЗ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ

СУҒД.  БАРДОШТ АЗ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ

17 октябр 2023, Сешанбе
13
0


Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мавзуи “Таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд.
Ба иттилои Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, конфронс бо мақсади баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, дарки муҳимият ва нозукиҳои ин самти фаъолият, баланд бардоштани савияи касбии масъулони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои вилоят, пайдо намудани роҳҳои бартарафсозии камбуду мушкилиҳои ҷойдошта  дар  фаъолияти  онҳо  ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар кишвар, дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлат ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 роҳандозӣ гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба иқдомҳои андешида ва натиҷаҳо дар самти масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ, ҳифзи техникии иттилоот ва ҳифзи иттилооти дастрасиаш маҳдуд маълумот дод. Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани мушкилиҳо суханронӣ намуда, иброз дошт, ки айни замон бо дастгирии Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳа такмил ёфтаанд. 
Бо дарназардошти рушди техника ва технологияи муосир, роҳандозӣ гардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ, инчунин, амалӣ кардани пардохтҳои ғайринақдӣ ва масъалаҳои ҳифзи иттилоот аз ҷониби иштирокчиён мавриди таҳлил ва корбарӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои ҳифзи боэътимоди иттилооти дастрасиаш маҳдуд баррасӣ шуда, доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти техникию инфрасохторӣ ва таъминоти кадрӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.10.2023 №: 205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив