ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАКТАБ ВА НАҚШИ ЛИБОСИ ЯГОНА ДАР КАМОЛОТИ МАЪНАВИИ НАСЛИ НАВРАС

МАКТАБ ВА НАҚШИ ЛИБОСИ ЯГОНА ДАР КАМОЛОТИ МАЪНАВИИ НАСЛИ НАВРАС

17 октябр 2023, Сешанбе
152
0

 
Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дар муассисаҳои таълимии он низоми либосҳои ягонаи мактабӣ амал менамояд. Пӯшидани либоси ягонаи мактабӣ тибқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар муассисаҳои таълимӣ сурат мегирад. Низомномаи мазкур бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 22-юми феврали соли 2017 тасдиқ шудааст. 
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», зодмандон уҳдадоранд, ки риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд”. Аммо аз таҳлилҳои коршиносон бармеояд, ки дар баъзе ҳолатҳо ин уҳдадорӣ ҳам аз тарафи омӯзгорон ва ҳам аз ҷониби падару модарон иҷро намешавад.
 Вобаста ба ин мавзуъ мо тасмим гирифтем, ки андешаҳои падарону модаронро бифаҳмем. Аз ҷумла, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Меликой Боева гуфт, ки духтаронаш либосҳои мактабиро мепӯшанд, вале писаронаш дар ин амр якравӣ мекунанд. Мегӯянд, ки ҳар рӯз бо як костум гаштан, ба дилашон мезанад. 
Имрӯз чунин ҳолатҳо бисёр рух медиҳанд. Ба ҳамин хотир, барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ба равоншиносон муроҷиат кардем.
Маҳмадулло Давлатов, муаллими калони кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, равоншиноси Литсейи "Роҳнамо" оид ба либоси ягонаи мактабӣ чунин ибрози андеша кард:
– Моҳияти Низомномаи мазкур, ки тибқи он пӯшидани либоси ягонаи мактабӣ тавсия дода мешавад, хеле муҳим аст. Мактаб маконест, ки, пеш аз ҳама, насли наврасро таълиму тарбия медиҳад, онро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Дар раванди тарбия бояд духӯрагӣ вуҷуд надошта бошад. Либоси ягона низомест, ки ахлоқи мактаббачаро ба як сатҳи муайян боло мебардорад. Кӯдак аз хурдӣ ба озодагӣ одат менамояд. Яъне, вай бо як либос ҳам дар хона, ҳам дар кӯча, ҳам дар меҳмониву ҷойҳои ҷамъиятӣ намегардад. Озода буданро ёд медиҳад ва ин амал дар мағзи наврас абадан маъво мегирад, ки хуб аст. Агар либоси ягона набошад, байни хонандагон тақлидкорӣ дар либоспӯшӣ ба вуҷуд меояд. Дар ин замина, байни ҳамсинфон гурӯҳҳо ташкил шуда, яке худро аз дигаре боло мегирад, чун нисбат ба ӯ либоси гаронбаҳотар дорад. Рақобат бояд дар омӯзиш шавад, на дар либоспӯшӣ. 
Дар баробари ин, ӯ зикр кард, ки низоми пӯшидани либоси мактабӣ аз ҷиҳати равонӣ ба кӯдак таъсири манфӣ намерасонад, баръакс барои ташаккулу такомули сабақомӯзиаш мусоидат мекунад. Онҳое, ки дар пӯшидани либоси мактабӣ гарданшахӣ мекунанд, аз волидайн тарбияи дуруст нагирифтаанд ва хатои онҳост, ки ба фарзандон имкон медиҳанд бе либоси ягонаи мактабӣ ё галстук ба муассисаи давлатӣ раванд. Падару модар вазифадоранд, ки меҳрубонона, бо суханони хуб, на бо дӯғу даранг, манфиати либоси мактабиро дар шуури наврас ҷой созанд. Фаҳмонанд, ки дар оянда ҷойи либоси мактабиро либоси расмии хизматчии давлатӣ ва ё мақомоти қудратӣ хоҳанд гирифт. 
Ба андешаи устод Давлатов, ҳар шахс бояд байни либосҳои хонагӣ, расмӣ, хизматӣ, меҳмонравӣ, бозорравӣ, варзишӣ ё мактабӣ фарқ гузошта тавонад. Аз нигоҳи психологӣ, вақте кӯдак либоси мактабӣ, яъне тозаву озодаву шинамро ба бар мегирад, худро аз ҷаҳидану паридан, ба дарахт баромадан нигоҳ медорад. Худро масъул ҳисобида, чун шахси баодоб рафтор мекунад.
Аниаҳмад Ёрмаҳмадов, психолог, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гуфт, ки роҳандозии низоми либоси ягонаи мактаббачагон дар тарбия ва таълими насли наврас манфиати зиёд дорад. 
– Либоси тавсиявӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ ва маънавии хонандагон, болоравии худшиносӣ ва ҳамчун шахси маданӣ тарбия ёфтанашон нақши бузург мебозад. Пӯшидани либоси ягона барои мактаббачагон мисли чорчӯба аст ва табиист, ки баъзеҳо чорчӯбаро намеписандад. Аммо моҳияти ҷорӣ кардани либоси ягонаи мактабӣ хеле волост ва он баҳри дуруст тарбия ёфтани кӯдак нақши арзанда мебозад,– тазаккур дод устод Ёрмаҳмадов.
Тавсияи психологон далолат аз он медиҳад, ки низоми ба бар кардани либоси ягона, галстук, тоқӣ ягон хел таъсири манфӣ ба психикаи мактаббачагон надошта, баръакс онҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Инчунин, волидайн низ бояд бо муомилаи хуб ба кӯдак моҳияти иҷрои низоми муассисаҳои таълимиро фаҳмонанд. Ҳамзамон, равоншиносон қайд карданд, ки дар баъзе муассисаҳои кишвар миёни либосҳои ҳатмӣ ва тавсиявӣ фарқ намегузоранд. Ба мисоли тоқӣ ё руймол, ки тибқи Дастурамали намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба қатори либосҳои тавсиявӣ дохил шуда, хонанда мувофиқи фасли сол ва ё тибқи хоҳиши худ бояд онро ба бар кунад.

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
"Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 16.10.2023 №: 205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив