ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУКОЛАМАИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ОБ

МУКОЛАМАИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ОБ

17 октябр 2023, Сешанбе
13
0


Фиристодаи махсуси Президенти Тоҷикистон дар Эътилофи роҳбарикунанда оид ба об ва иқлим Султон Раҳимзода дар Муколамаи сатҳи баланди ҷонибҳои манфиатдори Форуми 10-уми ҷаҳонии об дар Бали (Индонезия) иштирок намуд. 
Котиботи тоҷикистонии Конфронси СММ оид ба захираҳои об хабар додааст, ки иштирокдорони ҷаласа, ҳамчунин,  чорабиниҳои минбаъдаро, ки уҳдадориҳои сиёсӣ ва нақшаҳои амалро дар асоси барномаҳо ва мавзуъҳои навшуда пайваст менамоянд, баррасӣ карданд.


ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО МИЁНИ БОНКҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ШВЕЙТСАРИЯ
Тибқи нақша, соли 2024 мутахассисони Бонки миллии Швейтсария ба Тоҷикистон омада, барои кормандони Бонки миллӣ машғулияти омӯзишӣ мегузаронанд. 
Масъалаи мазкур дар мулоқоти раисони бонкҳои миллии Тоҷикистон ва Швейтсария Ҳоким Холиқзода ва Томас Йордан дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид. 


«ЗАХИРАҲОИ ОБ, ИННОВАТСИЯ, ЗАХИРА ВА САРФАИ ЭНЕРГИЯ» 
Таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи асосии он саҳмгузорӣ дар ҳалли масоили марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои он, таъмини рушди устувори бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад.


ПЕШГИРИИ ҲОЛАТҲОИ ИФШОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАО
Дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026  дар мавзуи «Пешгирии ҳолатҳои ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар ВАО»  машварати омӯзишӣ доир  шуд. 
Аз Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки машварат бо мақсади пешгирии ифшои сирри давлатӣ ва дигар иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар матбуот баргузор гашт. Ба иштирокчиён санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин самти фаъолият ва дигар маводи зарурӣ дастрас гардид.

Муҳаммадулло ТАБАРОВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 17.10.2023 №: 206
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив