ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛОГИСТИКА. АЗ БУҲРОНИ ҶАҲОНӢ ТО ҲАМГИРОИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ЛОГИСТИКА. АЗ БУҲРОНИ ҶАҲОНӢ ТО ҲАМГИРОИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

17 октябр 2023, Сешанбе
37
0

 
Ҷаҳонишавӣ тамоюли асосии савдои байналмилалӣ буда, рушди соҳаҳои гуногун, кишварҳо ва минтақаҳоро муайян мекунад. Аммо дар шароити кунунии нобаробариҳо дар тиҷорати байналмилалӣ, пайомади пандемияи COVID-19, шикастани занҷираҳои истеҳсолӣ, тағйироти сохторӣ дар бозорҳову болоравии нархҳо ва таҳримҳо нисбат ба Россия раванди глобализатсияро хеле тезондаанд. Ҳамин аст ки айни замон тиҷорати ҷаҳонӣ дар давраи ноустувор қарор дорад. Вазъияти геополитикии сайёра боиси болоравии нархи газ ва ашёи хом, норасоии қувваи корӣ қариб дар ҳамаи соҳаҳо гаштааст. Хизматрасонии логистикӣ бошад, дучори буҳрон асту ҳамлу нақли бор бамаротиб мушкилтар. Пас, барои ҳалли ин проблемаҳо чӣ бояд кард?

ТИҶОРАТИ ҶАҲОНӢ ДАР ЧӢ ҲОЛ АСТ? 
Соли гузашта коҳиши якбораи фармоишҳои нақлиётӣ дар бозорҳои Иттиҳоди Аврупо ва Россия ба назар расид. Дар натиҷаи таҳримҳои ҷоринамудаи Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Россия ва аз кор даст кашидани истеҳсолкунандагони бузург ва операторони байналмилалии логистикӣ дар бозори Россия, ҳаҷми ҳамлу нақл коҳиш ёфта, хизматрасониҳои логистикиро ба буҳрон бадал сохт. Истеҳсолкунандагону савдогарон ба мушкилиҳои зиёд мувоҷеҳ гардиданд. Дар ин раванд, танҳо ширкатҳое, ки самти фаъолияти худро ба борзорҳои кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ равона намуданд, устувории худро нигоҳ доштанд. 
Ба андешаи коршиносон, дар кишварҳои Аврупо нархи баланди энергия хароҷоти аҳолиро коҳиш дода, дар айни ҳол хароҷоти итеҳсолиро зиёд мекунад. Мубориза бо COVID-19 ва халалдор шудани занҷираҳои истеҳсолӣ дар Чин низ вазъиятро печидатар месозад. Дар умум, афзоиши нархи сӯзишворӣ, ғизо ва нуриҳои минералӣ метавонад боиси буҳронҳо дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ гардад. 
Тибқи иттилои коршиносони Ширкати байналмилалии логистикии "Телс глобал", агар омилҳои дигари манфӣ ба миён оянд, соли равон тиҷорати ҷаҳонӣ метавонад 2,8 дарсад коҳиш ёбад. Дар акси ҳол, он то 4,6 дарсад афзоиш меёбад. Бо вуҷуди ин, соли ҷорӣ афзоиши фармоишҳои нақлиётӣ дар ҳамаи минтақаҳо (аммо на дар ҳамаи самтҳо) ба назар мерасад. Барои рушди устувори соҳа ширкатҳои логистикиро мебояд тамоюлҳои навро дар пешбурди муносибатҳо бо мизоҷон, ки дар вазъияти кунунӣ барои онҳо вазифаи сари вақт расондан аз масъалаи нарх дида дар ҷойи аввал аст, ба назар гиранд.

ИҚДОМИ НАВИ РОССИЯ, ҚАЗОҚИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН
Охири моҳи апрели соли равон ширкатҳои логистикии Россия, Қазоқистон ва Туркманистон дар бораи таъсиси корхонаи муштараки рушди ҳамлу нақл ёддошти тафоҳум ба имзо расонданд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ширкати миллии "Роҳи оҳани Қазоқистон", ин санад дар доираи Намоишгоҳи 27-уми байналмилалии хадамоти нақлиётӣ ва логистикии “TransRussia 2023” имзо шудааст. Тарафҳо барои ҷорӣ намудани тарифҳои рақобатпазир ва ҳамлу нақли бефосилаи мол аз Қазоқистон, Россия ва Туркманистон ба Эрон, Ҳиндустон, кишварҳои Ховари Миёна, минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ба мувофиқа расидаанд.
Ҳадаф аз ташкили чунин корхонаи муштарак, таъсиси оператори ягонаи логистикӣ дар масири шарқии долони байналмилалии нақлиётии «Шимол – Ҷануб» мебошад. 
Қаблан, кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили ҳамкорӣ дар заминаи тавсеаи долони байналмилалии нақлиётии “Шимол – Ҷануб” ва долони “Чорбаҳор – Осиёи Марказӣ”-ро дар маҷлиси якуми гурӯҳи корӣ баррасӣ карданд, – менависад сомонаи “Sputnik”. 
Дар он намояндагони Тоҷикистон,  Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон ширкат варзиданд.
Иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба иншооти инфрасохтор ва фаъолияти кунунии терминалҳои бандари Чорбаҳори Эрон ва рушди минбаъдаи робитаҳои минтақавӣ ва густариши тиҷоратро баррасӣ карданд. Дар ҷараёни мулоқот иштирокдорон ба хулосае омаданд, ки Ҳиндустон ба тарҳи “Харитаи роҳ” барои рафъи монеаҳо ва рушди иқтидори масири “Шимол – Ҷануб” то соли 2027 ворид шавад.

ТОҶИКИСТОН МЕТАВОНАД ЧОРРОҲАИ САВДОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БОШАД
Мавриди зикр аст, ки 29-30-юми сентябри соли равон  дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе-2023" бо иштироки наздик ба 800 намоянда аз 30 кишвари ҷаҳон  доир гардид. 
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар суханрониаш вобаста ба рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияи нақлиёт иброз дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ, ки ба бандарҳои баҳрӣ дастрасӣ надорад, яке аз ҳадафҳои стратегии худро баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат эълон кардааст. Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти тамоюли афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо, рушди иқтисоди ин ё он мамлакатро бидуни алоқаи нақлиётӣ ва логистикаи боркаш дар иртиботи байналмилалӣ тасаввур кардан душвор аст. Логистикаи нақлиётӣ қувваи пешбарандаи ҳамкориҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад, ки ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқро ҳамчун маҷмуи раванди ташкилӣ, идоракунӣ, истеҳсолӣ ва технологӣ пайваст месозад ва ташкили ҳаракати захираҳои моддӣ ва сойири захираҳоро таъмин менамояд. Ба таъкиди вазир, системаи нақлиётии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофии кишвар метавонад ҳамчун чорроҳа дар ҷараёни савдои байналмилалӣ ва ҳамчун пул миёни Чин, Осиёи Марказӣ бо Аврупо, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Наздик барои транзити молу хизматрасонӣ, истифода шавад. 
Рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бошад, суръатбахшии раванди ҳамгироии системаҳои миллии нақлиётиро бо механизми ҳамлу нақли байналмилалӣ тақозо мекунад. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии ин ҳамгироӣ рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва логистика барои таъмини ҳаракати молу маҳсулот ва хизматрасониҳо мебошад.
– Тавассути Тоҷикистон долонҳои афзалиятноки савдо ва транзитӣ муайян гардидаанд, ки аз шарқ ба ғарб, аз шимол ба ҷануб мегузаранд ва аҳамияти байналмилалӣ доранд. Айни замон бо мақсади пайвастани Ҷумҳурии Мардумии Чин (тавассути хатсайри кӯтоҳтар) бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо истифодаи самараноки долони мултимодалии Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманис-тон – Эрон – Туркия – Аврупо” ба роҳ монда шудааст,– гуфт Азим Иброҳим.  

ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ – САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ 
Кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳими нақлиёт ва логистикаро баҳри пешбурди тиҷорати байналмилалӣ, равнақи иқтисодиёт ва рушди устувор хуб дарк менамоянд. Ин аст, ки чанде қабл дар доираи мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ низ нахустин вохӯрии вазирони нақлиёти ин кишварҳо баргузор гашт ва Эъломияи Душанбе ба имзо расид. 
Дар нишасте, ки таҳти раёсати Азим Иброҳим баргузор гардид, вазирони нақлиёти ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон Марат Карабаев ва Илҳом Маҳкамов, директори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Мамметхон Чакиев иштирок ва суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки робитаҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ташаккули гузаргоҳои транзитӣ яке аз мавзуъҳои мубрам маҳсуб ёфта, иқтисоди ҷаҳони муосирро бе рушди он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум, ҳалли мушкилоти шуғл ва ғайра бевосита аз фаъолияти самараноки системаи нақлиётии ҳар як кишвар ва робитаи он бо ҳамсоягон вобаста аст. Системаи нақлиётии Осиёи Марказӣ бошад, аз ҷониби бисёр муҳаққиқон ҳамчун унсури муҳими системаи байналмилалии нақлиёт қаламдод шудааст. Аз ин рӯ, кишварҳои минтақаро мебояд дар ҳамбастагӣ мушкилоти ҷойдоштаро ҳал намоянд. 

СОЗМОНИ ҲАМГИРОИИ НАҚЛИЁТӢ ТАЪСИС МЕЁБАД
Таҳлилгарон таъсиси созмони минтақавии ҳамкориҳои нақлиётӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказиро амри зарурӣ мешуморанд. Ин ташаббусро созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, дастгирӣ мекунанд. Бо таъсиси он ҳамлу нақл байни кишварҳои Осиёи Марказӣ осонтар шуда, иқтисоди кишварҳои минтақа рушд меёбад. Ҳамчунин, ҳамгироии амиқтари минтақавӣ ба вуҷуд меояд. Яъне, беҳтар шудани хизматрасонии логистикӣ як қадами устуворест сӯи рушди иқтисоди минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон. Умед аст, ки бо амалинамоии тадбирҳои андешидашуда, савдои минтақа ба марҳилаи нав ворид мегардад.

Комрон САФАР, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.10.2023 №: 206
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив