ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕҲРГОН ОМАД, АЗИЗОН, МЕҲРУБОНИҲО КУНЕД…

МЕҲРГОН ОМАД, АЗИЗОН, МЕҲРУБОНИҲО КУНЕД…

17 октябр 2023, Сешанбе
28
0

 

Дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ташаббуси  Вазорати кишоварзӣ «Иди Меҳргон, фестивал-намоиш ва фурӯши асал, шолию биринҷ ва техникаи кишоварзӣ» баргузор гардид.
Дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, роҳбарон ва намояндагони вазорату кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, намоядагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, сарраёсат ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, гурӯҳи сафирон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Дар ҷашнгоҳ дастранҷи заҳмати марди деҳқон, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, мева, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳа, пешниҳоди иштирокдорон гардиданд.
Дар ин макон, ҳамчунин, аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода ва манзури сокинону меҳмонони пойтахт шуданд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар кишварамон дарак медод.
Эмомалӣ Насриддинзода иштирокдорони намоишро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Меҳргон шодбош гуфта, барои фаъолияти беҳтарин, дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Иди Меҳргон изҳори сипос намуд.
Дар чорабинӣ аз рӯи номинатсияҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хоҷагиҳои беҳтарин бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, барои иштироки фаъолона як қатор вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо бо сипосномаи Вазорати кишоварзӣ сарфароз гардиданд.
Дар охири чорабинӣ баҳри болидаруҳии иштирокдорон аз ҷониби Вазорати фарҳанг барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаш шуд.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Лоиқ Тӯйчизода иттилоъ дод. 

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 17.10.2023 №: 206
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив