ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. ТАЪСИСИ БЕШ АЗ ДУ ҲАЗОР ҶОЙИ  КОР ДАР 9 МОҲ

СУҒД. ТАЪСИСИ БЕШ АЗ ДУ ҲАЗОР ҶОЙИ  КОР ДАР 9 МОҲ

17 октябр 2023, Сешанбе
33
0


Фаъолони вилояти Суғд дар  ҷаласа натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар нуҳ моҳи соли равон мавриди баррасиву таҳлил қарор доданд. Оид ба ин масъала дар назди ҳозирин Зариф Мирдадо, муовини раиси вилоят, гузориши муфассал дод.

Мавсуф, аз ҷумла иброз дошт, ки, бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои савдою хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои мардумӣ, боло бурдани маърифати хуқуқии шаҳрвандон, дар маҷмуъ, натиҷаҳои назаррасро ба даст овард.
 Тавре маълум аст, ченаки асосии рушди иқтисодии ҳар минтақа – ин  ривоҷу равнақи соҳаи саноат маҳсуб мешавад, ки аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар арзёбӣ мегардад. Бино ба гузориши муовини раиси вилоят, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  соли 2023 ба 18 миллиарду 158,1 миллион сомонӣ расидааст. Таваҷҷуҳи асосӣ дар раванди мазкур, асосан, ба тавлиди он маҳсулоте равона гашт, ки воридотивазкунанда мебошанд. 
Дар доираи истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат дар вилоят зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ  бо 14 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шавад. Аз ҷумла, тибқи нақша, соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 3000 ҷойи кор пешбинӣ гардида буд. Давоми нуҳ моҳ дар вилоят 217 корхонаву коргоҳи нав ба кор даромад, ки дар онҳо 2 ҳазору 41 ҷойи кор таъсис дода шуд. Бунёди корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол низ аз муҳимтарин дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бинобар ин, дар нуҳ моҳ 8 коргоҳи дӯзандагӣ бо 79 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Дар маҷмуъ, дар ин давра ба маблағи 230,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода аз он изҳори нигаронӣ кард, ки  чанде аз шаҳру навоҳии  вилоят, мутаассифона, то имрӯз ин супориши Сарвари давлатро ба таври бояду шояд ба иҷро намерасонанд. 
Соҳаи кишоварзӣ ҳамоно дар инкишофи муътадили иқтисодиёти вилоят нақши калидӣ мебозад. Ҳамин аст, ки дар ин давра кишоварзон ба дастовардҳои хуб ноил шуданд. Ба ҳолати 1-уми октябри  соли 2023, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 12 миллиарду 686,4 миллион сомонӣ номгӯи зиёди  маҳсулоти соҳа истеҳсол гардид. 
Аммо дар шароити кунунӣ раиси вилоят натиҷаи ғаллакоронро оид ба гирифтани ҳосили фаровону дилхоҳ дар мавсими имсола ғайрикофӣ арзёбӣ кард. 
– Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 9 ҳазору 210 тонна, аз ҷумла гандум 101 тонна, афзуда, дар давраи ҳисоботӣ 343 ҳазору 120 тонна ғалладонагиҳо бо ҷуворимаккаи дон истеҳсол  шуда бошад ҳам, ин ҳанӯз натиҷаи ниҳоӣ нест, – иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода. Ба касе пӯшида нест, ки ҳоло нархи гандум дар бозори ҷаҳонӣ боло меравад. Агар чанде қабл як тонна гандум 240 доллари ИМА арзиш дошта бошад, ҳоло Қазоқистон як тоннаи онро бо нархи 440 доллари ИМА мефурӯшад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки  ба ҳосилнокии баланди гандум таваҷҷуҳ  зоҳир карда, тухмиҳои хушсифатро  ворид созем. 
Дар масъалаи истеҳсоли картошка дар мавсими имсола дастовардҳо хубанд, то ин дам дар  вилоят 417,3 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 21 ҳазор тонна зиёд аст. Ҳамзамон, истеҳсоли он, мутаассифона, дар навоҳии  Бобоҷон Ғафуров ҳазор тонна,  Ҷаббор Расулов ду ҳазор тонна, Зафаробод 1 ҳазору 800 тонна, Исфара 11 ҳазор тонна коҳиш ёфт, ки  боиси нигаронист. 
Бино ба гузориши Зариф Мирдадо, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят моҳҳои январ-сентябри соли 2023 ба 2 миллиарду 43,1 миллион доллари ИМА расида ҳаҷми воридот 1 миллиарду 473,1 миллион доллар ва содирот 570 миллион долларро ташкил додааст. 
Бо мақсади муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва мусоидат ба рушди содирот, инчунин, баҳри ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ бо ҷалби бахши молиявию қарзӣ, ташкилотҳои сайёҳӣ, шарикони рушди Тоҷикистон, бизнес-ассотсиатсияҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои соҳибкории ватанию хориҷӣ ҳамкориҳои судманд роҳандозӣ мегарданд. 
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода оид ба амалишавии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, омодагии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон дар соҳаи маорифу тандурустӣ ва дигар хоҷагии халқи вилоят, ҷамъоварии беталафи ҳосили пахта, меваҷоту картошка, шолӣ ва ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ба раисони шаҳру навоҳии  Конибодом, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва Мастчоҳ дастуру маслиҳатҳо дод.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.10.2023 №: 206
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив