ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНГВОР.  ТАКЯ БА МАРДУМ РОҲИ МОРО БА ҚУЛЛАИ МУРОД НАЗДИК МЕКУНАД

САНГВОР.  ТАКЯ БА МАРДУМ РОҲИ МОРО БА ҚУЛЛАИ МУРОД НАЗДИК МЕКУНАД

17 октябр 2023, Сешанбе
8
0


Бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат, айни ҳол дар саросари ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ бомаром ҷараён доранд. Дар ин радиф, сокинони сарбаланди ноҳияи Сангвор тамоми саъю талоши хешро  баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона,  корҳои ободонӣ равона намуда истодаанд.
          
Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома андешаҳояшро  оид ба дастовардҳо, бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва натиҷаҳои фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ дар нуҳ моҳи соли равон  чунин баён кард:
– Дасту дили гарм ва меҳнати содиқонаи мардум аст, ки ноҳияи Сангвор ба як қатор муваффақиятҳо ноил шуда, сатҳи зиндагии сокинонаш рӯз ба рӯз боло меравад.
Кишоварзӣ дар ноҳия соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад.  Бинобар ин,  70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият мекунад.
Кишоварзони ноҳия тирамоҳи соли 2022 барои ҳосили соли 2023 дар майдони 943 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузаронданд, ки сад дарсади нақшаи кишти тирамоҳиро ташкил медиҳад. Бо мақсади таъмини сокинони пойтахт бо маводи ғизоӣ кишоварзони ноҳия дар 6 ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ иштирок намуданд. Дар ярмакаҳо 7200 кг картошка, 3200 кг сабзӣ, 2500 кг пиёз, 1250 кг гӯшт ва  5000 кг асал бо нархи нисбатан дастрас ба фурӯш гузошта шуд. 
Маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар нуҳ моҳи  соли 2023 ба 265 миллиону 450 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 7 миллиону 439 ҳазор    сомонӣ зиёд аст.
Сохтмон барои ноҳияи Сангвор соҳаи муҳим ба шумор рафта, дар бунёду барқарорсозии ноҳия мавқеи хосаро ишғол менамояд. 
Ба муносибати 35-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  то имрӯз бунёди 80 иншооти соҳаи хоҷагии халқи ноҳия ба нақша гирифта шудааст.  Соли 2023 дар буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ барои сохтмони Нишони давлатӣ ва маҷлисгоҳ барои 400 нафар пешбинӣ гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 109  иҷозатнома барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  47 адад зиёд мебошад.
  Роҳи Нуробод – Сангвор – Дарвоз, ки дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад, дар соҳаи нақлиёти минтақа нақши муҳим дошта, талаботи ҳамлу нақли маҳсулотро байни ноҳияҳо ва пойтахт таъмин менамояд.
Муассисаи роҳсозии ноҳия нигоҳдории 101,4 км роҳро ба уҳда дорад.  Муассиса корҳои таъмириро барои нигоҳдории роҳҳо дар нуҳмоҳаи соли 2023 ба маблағи 295 ҳазору 241 сомонӣ ё ин ки 172 дарсад иҷро намудааст.
Дар тавозуни муассисаи роҳсозии ноҳия 8 техникаи махсус мавҷуд буда, 7-тои он дар ҳолати корӣ қарор дорад. Муассисаи мазкур ҷиҳати таъмиру барқарорсозии роҳҳо фаъолияти доимиро карда, рафтуомади бемамониати нақлиёти ҷамъиятию хусусиро дар роҳҳо бо қадри имкон таъмин месозад. 
Дар ноҳия барои рушди соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Аз ҷониби кабинети методии шуъбаи маориф барои омӯзгорон ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 5 маротиба семинари омӯзишӣ гузаронда, 8 маротиба ёрии методӣ расонда шуд. 
Давраҳои мактабию ноҳиявӣ ва минтақавии озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ”Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҷамъбаст гардида, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Таваҷҷуҳи хонандагон ва падару модарон ба озмуну олимпиадаҳои фаннӣ нисбат ба солҳои қаблӣ афзудааст.
Дар 27 муассисаи таълимӣ кабинетҳои фаннии забони русӣ ва англисӣ, математика, забону адабиёти  тоҷик, физика, химия, технологияи информатсионӣ ташкил шудааст. Гарчанде пояи моддӣ-техникиашон ба таври ҳозиразамон набошад ҳам, ба қадри ҳол бо таҷҳизотҳои зарурӣ, маводҳои таълимӣ, ороиши дохилӣ таъмин гаштаанд. Дар доираи маблағҳои буҷетӣ харидани маводҳои лабораторӣ ва адабиётҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назди шуъбаи маориф маркази таҳсилоти иловагӣ бо ҳашт намуди маҳфил, марказҳои технологияи информатсионӣ ва рушди  истеъдодҳо  фаъолият  мекунанд. Мушкилоти асосии соҳа нарасидани омӯзгорони фанҳои физика, химия, математика ва забони англисӣ мебошад. 

Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.10.2023 №: 206
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив