ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. ИҶРОИ СУПОРИШҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР МЕХОҲАД!

МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. ИҶРОИ СУПОРИШҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР МЕХОҲАД!

18 октябр 2023, Чоршанбе
45
0

 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара аз вазъи иҷрои қисматҳои асосии Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд: «Зарур аст, ки доир ба ҷалби ҳарчи бештари сармояи хусусӣ ҷиҳати сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси шаклҳои алтернативии фарогирӣ ба зинаи томактабӣ чораҷӯӣ намоем. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ вобаста ба таъсис ва фаъолияти марказҳои рушди кӯдак такмил дода шаванд ва то соли 2030 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба 50 фоиз расонда шавад». 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нигаронии Сарвари давлат асосҳои воқеӣ дорад. Ба ин далел, ки айни ҳол аз 1 миллиону 71 ҳазор кӯдакони синни томактабӣ 171 ҳазору 416 нафари онҳо  ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шуданд, ки 16 дарсадро ташкил медиҳаду халос. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки Президент ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода буданд, ки то соли 2021 фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилот ба 30 фоиз расонанд.
   
ЧАРО ИҶРОИ БАРНОМА НИГАРОНКУНАНДА АСТ? 
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 707 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 103 ҳазор, 2111 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 69 ҳазор, инчунин, 139 муассисаи томактабии хусусӣ ва 16 маркази хусусии инкишофи кӯдак фаъолият мебаранд. 
Мувофиқи Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ҳар сол аз ҳисоби буҷети шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ бояд 100 муассисаи томактабӣ ба истифода дода мешуд. Вале аз оғози амалишавии барнома, яъне тайи сею ним соли сипаришуда, аз 68 шаҳру ноҳияи мамлакат танҳо дар 32 шаҳру ноҳия ҳамагӣ 63 муассисаи томактабӣ сохта шудааст. 
Котиби матбуоти Вазорати маориф ва илм Наврӯз Мирзо гуфт, ки тибқи Барномаи мазкур маблағгузории сохтмони муассисаҳои томактабӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дахл дорад. Дар иртибот ба ин, ӯ иброз дошт, ки барнома дар пойтахти мамлакат ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон хуб амалӣ гардида, мутаассифона, татбиқи он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ суст ҷараён дорад. 
Дар ҳамин ҳол муовини сардори раёсати ВМКБ Фазилат Нурхонова гуфт, ки яке аз сабабҳои суст иҷро гардидани барнома аз буҷети шаҳру ноҳияҳо кам ҷудо шудани маблағ мебошад.  Ҳамзамон, ӯ аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки  солҳои охир аз ҷониби соҳибкорон муассисаҳои томактабии хусусӣ сохта шуда истодаанд ва бо ин роҳ метавон фарогирии кӯдаконро зиёд намуд.     

КӮДАКИСТОНҲОЕ, КИ  ФУРӮХТА ШУДАНД
Ҳамчунин, бояд таъкид сохт, ки дар баробари кам будани муассисаҳои томактабӣ,  қисме аз онҳо фурӯхта шуда, қисми дигар ғайримақсаднок истифода мешаванд. Дар Барнома омадааст, ки дар ҷумҳурӣ 140 ҳолати ғайримақсаднок истифода гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ ба назар мерасад. Қисмате аз муассисаҳои томактабӣ фурӯхта шуда, қисмате ба навъи дигари муассиса табдил ёфтаанд. Шумораи муассисаҳои томактабии фурӯхташуда, ба муассисаҳои дигар табдил додану ғайримақсаднок истифода бурдани онҳо дар вилояти Суғд 73-торо ташкил медиҳад. Аз ин миқдор, 41 кӯдакистон ғайримақсаднок истифода гардида, 15-тояш хусусӣ гардонда шудааст. 17 кӯдакистон бошад, бо сабабҳои гуногун фаъолият надорад. Дар вилояти Хатлон аз 32 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 11 кӯдакистонро дигар сохторҳо гирифтаанду 11-то қисман ё пурра фурӯхта шуда, 10-тои дигараш ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил ёфтааст. Дар шаҳри Душанбе аз 22 муассисаи таълимии томактабӣ 17-торо ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил додаанду 5 муассиса дар ихтиёри дигар ташкилотҳо қарор дорад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 13 муассисаи томактабӣ 11-тои он хусусӣ гардонда шуда, яктояш аз рӯи таъинот истифода намешавад ва танҳо як муассисаи томактабӣ фаъолият дорад. 
Вобаста ба ин масъала, мо ба сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина муроҷиат намудем, ки ӯ дар посух чунин гуфт:  
– Бале, айни замон чунин мушкилот вуҷуд дорад ва масъулони раёсат доир ба ин масъала бо намояндагони мақомоти марбута суҳбату мулоқот гузаронданд. Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир қисмати зиёди муассисаҳо баргардонда шудаанд. Дар ояндаи наздик қисмати дигар низ барқарор ё ба ҷойи онҳо дар дигар мавзеъҳо чунин муассисаҳо сохта мешаванд.
 
ТАДБИРҲО БАҲРИ РАФЪИ МУШКИЛОТИ СОҲА
Чуноне аз гуфтаҳои болоӣ бармеояд, яке аз сабабҳои асосии суст будани ҷараёни сохтмони   муассисаҳои томактабӣ норасоии маблағ мебошад. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро мебояд дар ин самт тамоми тадбирҳои заруриро андешанд, то ин мушкилот ҳарчи зудтар ҳалли худро  пайдо намояд. Зеро ҳоло дар ҷумҳурӣ 900 ҳазор кӯдак аз тарбия дар кӯдакистонҳо маҳруманд. Ҳол он ки, таълиму тадрис аз ин даргоҳ маншаъ мегирад. 
Дар ин ҷода ҷиҳати бартараф намудани норасоии кӯдакистонҳо бояд ба ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ кард. Зеро Пешвои миллат зимни суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ба ин паҳлуи масъала низ дахл намуда, чунин баён доштанд: «Чунин марказҳо метавонанд барои омода намудани кӯдакон ба мактаб нақши муҳим гузошта, ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ мусоидат намоянд». 
Пас, тақозои замон нест, ки то фароҳам омадани имконияти сохтмони кӯдакистонҳо дар қадами аввал дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ марказҳои инкишофи кӯдаконро афзунтар намоем? 

Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.10.2023 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив