ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОМИЛ ЁРМАТОВ. ГИРОМИДОШТИ БУНЁДГУЗОРИ КИНОИ ТОҶИК ДАР ПОЙТАХТ

КОМИЛ ЁРМАТОВ. ГИРОМИДОШТИ БУНЁДГУЗОРИ КИНОИ ТОҶИК ДАР ПОЙТАХТ

18 октябр 2023, Чоршанбе
6
0


Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба гиромидошти 120-солагии бунёдгузори синамои тоҷик Комил Ёрматов таҳти унвони «Мероси фарҳангии Комил Ёрматов ҳамчун масири ягонагӣ ва рушди кинематографияи миллӣ» бо иштироки доираи васеи коршиносону меҳмонони дохиливу хориҷӣ Форуми байналмилалӣ доир гашт. 

КОМИЛ ЁРМАТОВ – БУНЁДГУЗОРИ КИНОИ ТОҶИК
Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки Комил Ёрматов аз бунёдгузорони синамои тоҷик ба ҳисоб рафта, саҳми ӯ барои рушди кинои ватанӣ хеле бузург аст. Ҳамзамон, ӯ дар пешрафи кинои ӯзбек низ нақши босазое гузоштааст. «Оғози таърихи кинои тоҷик ба фаъолияти Комил Ёрматов сахт пайванд асту ӯ нахустин коргардони кинои тоҷик дониста мешавад. Аввалин филми таҳиякардааш бо номи «Ҳуқуқи бошараф» соли 1932 дар «Тоҷиккино» рӯи пардаи синамо омад. Филми «Муҳоҷир»-аш бошад (1934), яке аз аввалин филмҳои ҳунарии беовоз аст. Аввалин филми ҳунарии овоздорро низ бо номи «Дӯстон боз вомехӯранд» соли 1939 дар «Тоҷиккино» Комил Ёрматов офарид. Фаъолияти минбаъдааш дар киностудияи «Ӯзбекфилм» сурат гирифта, номбурда ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Бо филмҳои бадеии «Абуалӣ ибни Сино», «Алишер Навоӣ», «Тани танҳо дар байни мардум» ӯро метавон устоди жанри кинои таърихиву ҳолномасозии ашхоси барҷаста дар кинои шуравӣ, бахусус синамои Осиёи Марказӣ, ном бурд», – гуфт М. Шоҳиён. 
Коршиноси соҳа Саноат Азизова аз саҳми Комил Ёрматов дар мустаҳкам гаштани робитаҳои эҷодии синамогарони тоҷику ӯзбек сухан гуфт. Мавсуф таъкид дошт: «Дар филмҳои бадеие, ки номбурда дар «Ӯзбекфилм» ба навор гарифтааст, ҳунармандони тоҷик иштироки фаъол доштанд. Ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик  Марат Орифов, Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов ва Туҳфа Фозилова дар филмҳои бадеии «Абуалӣ ибни Сино», Сталина Азаматова ва Маҳмуд Тоҳирӣ дар «Вақте ки гулҳо мешукуфанд», Гурминҷ Завқибекор дар «Тӯфон дар Осиё» ва Сайрам Исоева дар филми «Тани танҳо дар байни мардум» нақш офаридаанд». 

НАМОЯНДАИ СЕ ФАРҲАНГ
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева аз зумраи ҳунармандонест, ки бо Комил Ёрматов кор кардааст ва нисбат ба ӯ ҳамчун ҳунарманди беҳамтою инсони беназир эҳтироми хос дорад. 
– Бешубҳа, метавон Комил Ёрматовро намояндаи се фарҳанг ном бурд. Барои ӯ ҳамаи осори бузургон арзишманд буд: чи аз Тоҷикистон, чи аз Ӯзбекистон ва аз Россия. Режисёри итолиёвӣ Атониони Микеланҷело аз шиносоӣ бо чунин ҳунарманди оқил худро хушбахт меҳисобид ва гуфта буд, ки «Бале, бале, шумо оқил ҳастед ва сарчашмаи ин заковат инқилоби бузургест, ки шумо шоҳид ва иштирокдори он будед». Ман ҳам хеле хушбахтам, ки бо ин нобиғаи ҳунар шинос будам ва дар филми ӯ нақш бозидаам. Ӯ инсоне буд комил ва бо қалби бузург. Чунин инсонҳо зиндагиро шукӯҳ мебахшанд. Ӯ афсонаи кинои тоҷик буду мемонад, – гуфт Сайрам Исоева. 
– Устодро ман хуб мешинохтам ва ифтихори шогирдиашонро дорам, – мегӯяд Алӣ Ҳамроев,  коргардони кинои ӯзбек. – Дар кор хеле ҷиддӣ ва дар инсонгарӣ беҳамто буданд. Дасти мададашонро ба сӯи мо – шигирдон – Шуҳрат Аббосов, Равил Батиров, Элёр Ишмуҳаммадов, Тамара Камолова, ки синамои ӯзбекро баъдан муаррифгар гаштем, дареғ намедоштанд. Он қадар фарҳанги воло доштанд ва нисбат ба ҳар ҳамкасб эҳтироми хосро қоил буданд. Ин сифатҳоро дар кам касон мебинем. Бояд гӯям, ки дар рушди кинои ӯзбек нақше доранд мондагор. Соли 1940, ки ба Ӯзбекистон кӯчиданд, роҳбари бадеии «Ӯзбекфилм» буданд ва дар давраи фаъолияташон филмҳои хубу диданиро ба навор гирифтанд.  

ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ ВА НОМИ ЗИНДАИ КОМИЛ ЁРМАТОВ
Ба таъкиди киношинос Тиллои Некқадам, Комил Ёрматов яке аз таҳиягарони бузурги кинои тоҷику ӯзбек ба ҳисоб меравад. «То замони соҳибистиқлолӣ дар бораи ӯ аҳёнан мавод ба назар мерасид. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва дастгирии Пешвои муаззами миллат, мо имконият пайдо кардем, ки аввалин Киноҷашнвораи байналмилалии Душанбе – «Тоҷи сомон»-ро баргузор намоем. Дар доираи он бо дастгирии Ҳукумати мамлакат зодрӯзи ин ҳунарманди бузург дар зодгоҳаш, яъне Тоҷикистон, ботантана қайд шуд, ки фоли нек аст. Ин Форум қадами аввал дар роҳи гиромидошти Комил Ёрматов аст. Ҳамзамон, басо хушоянд аст, ки китоби шодравон бо номи «Бозгашт» бори нахуст дар Тоҷикистон нашр шуд. Акнун хонандагони тоҷик ва муҳаққиқони соҳа метавонанд бо роҳи тайнамудаи ӯ аз наздик шинос шаванд», –  ибрози андеша намуд Т. Некқадам. 
Комил Ёрматов аз аввалин мутахассисони соҳа аст, ки соли 1931 баъд аз хатми Институти давлатии умумироссиягии кино ба Ватан баргашта, киноро зинда кард. Ба шарофати ӯ кинои тоҷик то замони ба Ӯзбекистон рафтанаш, дар Иттиҳоди Шуравӣ маълуму машҳур буд. 
Дар Форум зикр гашт, ки Комил Ёрматов Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, соҳиби унвонҳои баланди Арстисти халқии СССР, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, барандаи ҷоизаҳои давлатии СССР ва РСС Ӯзбекистон мебошад. Ҳамчунин, хизматҳояш дар роҳи рушди синамо бо се ордени Ленин, ду «Нишони фахрӣ», «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва медалу ҷоизаҳои байналмилалӣ қадр шудааст.  

Комрон САФАР,  «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 18.10.2023 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив