ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТОҶИ СОМОН». ТАНТАНАИ СИНАМОҶАШНВОРАИ ЯКУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ  

«ТОҶИ СОМОН». ТАНТАНАИ СИНАМОҶАШНВОРАИ ЯКУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ  

18 октябр 2023, Чоршанбе
19
0


Ҳар сол 16-уми октябр дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мешавад. Ба ҳамин хотир, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир гардид. 
Бори нахустин аст, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чунин Синамоҷашнвораи сатҳи байналмилалӣ баргузор мешавад. Тибқи иттилои масъулон, дар Ҷашнвора меҳмонони зиёде аз Россия, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Молдова, Озарбойҷон ва ғайра иштирок доранд.
Дар доираи Синамоҷашнвора рӯзҳои кинои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешаванд. Силсилаи чорабиниҳо бо нишасти матбуотӣ оғоз гардид, ки дар он доир ба Ҷашнвора ва ҳадафу мақсадҳои он ба намояндагони ВАО маълумоти муфассал дода шуд. Сипас, Форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии коргардон, ҳунарпеша ва асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов таҳти унвони «Эҳёи синамо» бо иштироки синамогарон, киношиносон ва мутахассисони соҳа доир гашт. Ҳамчунин, меҳмонон ва сокинони пойтахт аз намоиши аксҳои Заур Дахте таҳти унвони «Шаҳри ман – хонаи ман» дидан карданд. Яке аз чорабиниҳои ҷолибтарини Ҷашнвора дарсҳои «Устод ва шогирд» барои омӯзандагони Мактаби синамогарони ҷавони «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ мебошад, ки онҳоро мутахассисони шинохтаи соҳа мегузаронанд. Дар доираи Синамоҷашнвора ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ доир хоҳад гашт.  
Рӯзҳои кинои давлатҳои хориҷӣ ва намоиши филмҳо дар кинотеатрҳои «Наврӯз», «Кайҳон», «Парфенон», «Ватан» ва «Зебуннисо» баргузор гардида, меҳмонони Синамоҷашнвора ба тамошои мавзеъҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, шаҳрҳои Норак, Турсунзода, Ваҳдат, дараи Ромиту Варзоб мераванд.
Ёдрас мешавем, ки Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» то 19-уми октябр идома меёбад.

Меҳрона ЗУВАЙДОВА,  «Ҷумҳурият» 

Санаи нашр: 18.10.2023 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив