ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ

18 октябр 2023, Чоршанбе
84
0


Таърихнигорон оид ба пайдоиши Иди Меҳргон ақидаҳои зиёде баён доштаанд. Агар ҳамаи онҳоро натиҷагирӣ намоем, маълум мешавад, ки ин Ҷашн дар аҳди бостон, ҳангоми ҳукмронии аввалин сулолаи ориёӣ – Пешдодиён, ба вуҷуд омадааст. Пасон, дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ сарнавишти бисёр сахтро аз сар гузаронд. Дарвоқеъ, селоби таърих борҳо барои нобудшавии фарҳанги қадимаи ориёиҳо, бахусус чунин ҷашнҳои мо, хатар эҷод кардааст. Маълум аст, ки тоҷикон дар дарозои таърих, агарчанде шаҳру марзу бум ва дороиҳои моддии хешро борҳо аз даст додаанд, вале доимо парчами ғолибияту сарфарозӣ дар дасти ин миллати тамаддунофар буд. Тоҷикон тули ҳазорсолаҳо тавонистанд чунин ойинҳои оламгирро аз чанги душмани ғаддор эмин нигаҳ доранд. 
Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, Меҳргон дар давлатҳои Пешдодиёну Каёниён хеле васеъ таҷлил мегардид. Дар замони давлатдории Ҳахоманишиҳо (550 – 330 пм) мақому манзалати ойинҳои ориёӣ хеле баланд буд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ пайдост, ки таҷлили ҷашнҳои миллии мо дар замони ҳукмронии Куруши Кабир (550 – 530 пеш аз милод) ва Дориюши I (522 – 486 пеш аз милод) ҷилои хоса дошт. Дар он замон дар шаҳри Персополис (Тахти Ҷамшед) бозор бо растаҳояш, толорҳои барҳавое барои таҷлили ҷашнҳои ниёгон, ба монанди Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, бунёд ёфта буданд. Тибқи иттилои муаррихони Юнони Қадим, Меҳргон бо номи Митроконо таҷлил мешудааст. Маҳз дар ҳамон давра, ин Иди миллиамон дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла Осиёи Хурд, паҳн мегардад. Аз рӯи ривоятҳо, дар идгоҳҳо шоҳон бештар ба эҳсону корҳои хайр даст мезаданд. 
Аз рӯи матни катибаи Бесутун Дориюши Кабир маҳз дар айёми Меҳргон ба Бардии дурӯғин (Говматаи Муғ) пирӯз мешавад. Аз ин лиҳоз, дар ин давра Меҳргонро ишон азиз медонистанд. Ба навиштаи Ҳеродот, эрониён ин Ҷашнро “муғкушӣ” ҳам меномидаанд. 
Замони ҳукмронии сулолаҳои Ашкониён (247 пеш аз милод – то 223 милодӣ) ва Сосониён (224 – 651) ҷашнҳо хеле густарда таҷлил мешуданд. Абурайҳони Берунӣ менависад, ки дар айёми Меҳргон шоҳони Сосонӣ ба сурати Офтоб тоҷеро ба сар гузошта, шодмонӣ мекарданду ба мардум туҳфаҳо арзонӣ медоштанд. Ба назари имрӯзиён, Ҷашни Наврӯз аз дигар ҷашнҳо, бахусус Меҳргон, мақоми болотаре дорад, аммо дар қадим мардумони ориёинажод ин ду идро дар як поя мегузоштанд. Тавре Берунӣ менависад: «Салмони Форс мегӯяд: «Мо дар аҳди Зардушт будан мегуфтем, Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар».
Ҷашни Меҳргон, махсусан дар замони ҳукмронии Ардашер, Шопури I (241 – 272) ва Хусрави I (Анушервон, 531—579) ривоҷ гирифт. Дар аҳди Сосониён дар шаҳрҳои Тайсафун, Нишопур, Бишопур, Исфаҳон ва Нисо майдонҳои калони идона ороста мешуданд. Ҳамзамон, дар ҳамаи ҳудудҳои тоҷикнишини давлати Кӯшониён ва Ҳайтолиён мардум ин ҷашнҳоро гиромӣ медоштанд. Мутаассифона, то замони мо доир ба ҷузъиёти таҷлили ҷашнҳои мазкур дар давлатҳои зикршуда маълумоти кофӣ боқӣ намондааст. Аммо аз деворнигораҳои димнаҳои Панҷакенти Қадим, Афросиёб, Тали Маранҷон, Саразм, Балаликтеппа ва ғайра маълум мешавад, ки ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат то 6 рӯз таҷлил мешудааст.  
Баъди ба сари қудрат омадани сулолаҳои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён (асрҳои IX – Х) таҷлили ин ҷашнҳои миллӣ васеътар гардид. Ҷашни Меҳргон дар дарбори Сомониён ҳамасола баргузор мешуд  ва яке аз одобҳои он ба ҳамдигар ҳадя додан буд.   Бинобар навиштаи муаррихи асримиёнагӣ Саолибӣ, дар айёми Меҳргон котиб ва шоири дарбори Сомониён Абдураҳмони Диноварӣ ба мардуми яке аз деҳаҳо гулоб, себ, анор ва гули сурх туҳфа карда буд.
Пас аз суқути давлати Сомониён дар муҳити давлатҳои турктабори Ғазнавиён, Қарахониён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён ин ҷашнҳо пойбарҷо буданд. Исботи ин гуфтаҳо, пеш аз ҳама, дар он аст, ки шоирони ҳамин давр, ба монанди Унсурӣ, Асадии Тӯсӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, дар эҷодиёти хеш ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргонро зиёд сутудаанд.  
Дар аҳди манғитҳои муғултабор, ки давраи тирашавии фарҳанги мо буд, Меҳргон бо номҳои дигар ҳамасола таҷлил мешудааст. Эътимодбахштарин далел дар ин самт нигоштаҳои устод Садриддин Айнӣ мебошад. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и худ таҳти унвони «Сайри Дарвешобод» ба таври муфассал яке аз ин гуна идҳоро тасвир намудааст, ки он дар фасли тирамоҳ баргузор мегашт ва Ҷашни Меҳргонро ба ёд меорад. Устод Айнӣ бидуни ишорат ба Меҳргон раванди баргузории ин Ҷашнро, ки худ дар он иштирок кардааст, тасвир намуда, аз шодиҳо, бозиҳо, сурудхониҳо, шӯхиҳои мардум бо самимият ёд карда, онҳоро ҳунармандона ба қалам овардааст. 
Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ аз Меҳргон ёд намешуд, вале онро бо номи иди «Ҳосилот» ҷашн мегирифтанд. Албатта, ин амал то андозае таъмини адолати таърихӣ нисбат ба Меҳргон буд, зеро яке аз хусусиятҳои асосии ин Ҷашн заҳмат ва натиҷаи он ҳосил буд. Фолклоршиноси тоҷик Рӯзӣ Аҳмад дар мақолаи “Меҳргон” барои «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» дар ин маврид чунин менависад: «Дар давраи советӣ ба ҷои Меҳргон иди «Ҳосилот» пойдор гардид. Меҳнаткашон ҳар сол баъди ҷамъоварии зироатҳои хоҷагии қишлоқ иди ҳосил мегузаронданд, ки он қисме аз унсурҳои бостонии Ҷашни Меҳргонро фаро мегирад. Рӯзҳои Ҷашн дар шаҳру деҳот бозиҳои варзишӣ: бузкашӣ, гӯштигирӣ, камонварӣ ва ғайра барпо мегарданд». Иди «Ҳосилот»-и замони Иттиҳоди Шуравӣ, аслан, аз солҳои 70-уми асри ХХ дар Тоҷикистон ҷорӣ гашт. То ин муддат шабеҳи иди «Ҳосилот» иде бо номи иди «Пахта» ҷорӣ буд. Баъдтар, ин ду ид ба ҳам муттаҳид мешаванд. 
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон (соли 1991), марҳалаи асосии эҳёи суннатҳои аҷдодӣ фаро расид. Маҳз дар ҳамин давра бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну ойинҳои қадими миллӣ зинда шуданд.   Аз ҷумла, доир ба Ҷашни Меҳргон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баргузории ҷашни 80-солагии таъсиси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон 8-уми октябри соли 2011 гуфта буданд: «Меҳргон, ба монанди Наврӯз, таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».
Ин таъкиди Сарвари давлат асос гузошт, ки ба ин ойини мардумӣ таваҷҷуҳ бештар гардад. Ва, хушбахтона, тайи солҳои охир аз ҷониби олимони мо баъзе корҳои омӯзишӣ доир ба ҷашнҳои бостонӣ анҷом ёфтанд, аммо ҳанӯз ҳам ин басанда нест. Моро мебояд дар оянда низ барои беҳтар омӯхтану муаррифӣ намудани чунин суннатҳои ниёгони хеш ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем.

Давлатшо МАҲМУДОВ, 
омӯзгори кафедраи халқи тоҷики 
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  

Санаи нашр: 18.10.2023 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив